Зоирони эронӣ бозпас фиристода шуданд

Садҳо зоирони эронӣ, ки барои маросими адои Ҳаҷ вориди Арабистон Саудӣ шуда буданд, ба ватанашон бозпас фиристода шуданд.
Дар ҳоле, ки мақомоти Саудӣ ин иқдомро бо мушкилоти асноди ин зоирин марбут мекунанд, коршиносон мегӯянд, ки аз адои ҳаҷ маҳрум сохтани зиёратгарони эронӣ бо сару садоҳои ахир дар мавриди даст доштани Теҳрон дар кӯшиши сӯиқасд ба ҷони сафири Арабистони Саудӣ дар Амрико бастагӣ дорад.

Расонаҳои эронӣ таъйид карданд, ки ин ҳафта беш аз 520 тан аз зоирини эронӣ аз Арабистон Саудӣ берун карда шудаанд. Як тан аз ин зоирин ба хабаргузории "Форс" гуфтааст, ки онҳо дар фурудгоҳи шаҳри Мадина бо далелӣ тақаллубӣ будани виза ё раводидашон боздошт шуданд. “Мо ин раводидҳоро дар консулгарии Саудӣ дар Машҳад дастрас кардаем ва худи мансабдорон мегӯянд, ки онҳо аслианд”, изҳор намудааст ин зиёратгар.

Ҳасан Қашқовӣ

Ҳасани Қашқовӣ, муовини вазири умури хориҷии Эрон, аз ин пеш таъйид карда буд, ки консулгарӣ дар Машҳад дар додани раводид ба зоирони эронӣ ба мушкил мувоҷеҳ шудааст. Ба навиштаи хабаргузориҳо, Қашқовӣ бо мақомоти Арабистони Саудӣ дар мавриди сафари бидуни раводиди зоирони эронӣ дар маросими ҳаҷ вориди музокирот шудааст.

Бар пояи хабарҳои ахир, ҳанӯз ҳам 370 тан аз зоирони эронӣ натавонистанд, ки ба Макка сафар кунанд. Аз ин пеш мақомоти Эрон изҳори итминон карда буданд, ки бо вуҷуди сард шудани равобити кишвар бо Арабистони Саудӣ бар асари сару садоҳо дар бораи талоши сӯиқасд ба ҷони сафири Саудӣ дар Вошингтон, маросими ҳаҷ барои зоирини эронӣ бидуни мушкил хоҳад гузашт.

Шоҳзодаи Саудӣ Ноиф бини Абдулазиз ду рӯз пеш дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Макка гуфт, ки эрониҳо ҳамеша ба Ҳаҷ эҳтиром мегузоранд. Ҳамзамон шоҳзода, ки садри вазорати умури дохилаи кишвар низ ҳаст, таъкид кард, Арабистони Саудӣ барои муҳофизат аз осоиш ва амнияти зиёраткунандагони хонаи Худо аз ҳама чораҳо кор мегирад. Ӯ гуфт, ки "мо ба ҳама гуна ҳаводис омодаем, албатта чораҳои амниятии мо осоиштаанд ва аммо алайҳи онҳое, ки мехоҳад ҳамлае анҷом диҳанд, аз ҳама чораҳои зарурӣ кор хоҳем гирифт."

Маросимӣ ҳаҷ бо ривояти тасвир



Мақомоти Арабистони Саудӣ аз ин пеш ҳам аз эҷоди ҳар гуна ошӯб дар ҷараёни ҳаҷи имсол ҳушдор дода буданд.

Ба гузориши шабакаи Ал-Арабия, шоҳзода Холид Ал-Файсал, амири минтақаи Макка, рӯзи шанбе дар нишасти хабарӣ эълом кард, ки хадамоти амниятии Арабистони Саудӣ монеъ аз вуруди зоирони “хилофкор” ба Макка хоҳад шуд.

Соли 1987 дар як бархӯрд миёни зоирини эронӣ ва маъмурони амниятии Арабистони Саудӣ садҳо нафар кушта шуда буданд.

Маросими ҳаҷи имсол нахустин маросими ҳаҷ аз замони оғози эътирозҳо дар кишварҳои арабӣ аст, ки ҳамчун «баҳори араб» маъруф аст.

Дар маросими ҳаҷи имсол беш аз яку ним миллион мусалмонҳо ширкат доранд. Онҳо аз Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара дидан мекунанд, ҳафт бор гирди Каъба чарх мезананд, дар кӯҳи Арафот ниёиш мекунанд ва ба тимсоли шайтон санг меандозанд. Маросими ҳаҷ бо Иди Қурбон поён меёбад, ки се рӯз идома хоҳад кард.

Имсол ба хотири анҷоми ҳаҷ 5500 тан аз мусалмонони Тоҷикистон вориди Маккаву Мадина шуданд. Зимнан, имсол барои нахустин бор зоирон бо либосҳои хоси Тоҷикистон маросими ҳаҷро адо мекунанд.