Дар интихоботи миёндаврии ҳавзаи Шоҳмансур-3 чаҳор номзад бо ҳам рақобат хоҳанд кард.
Ин чаҳор тан Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, Абдулҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Сӯҳроб Оймаҳмадов аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва довталаби мустақил Абдуқаҳҳор Турсунов, проректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мебошанд.
Гуфтанист, интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи Шоҳмансур-3 ба далели даргузашти вакили пешини ин ҳавза Сафаралӣ Раҷабов рӯзи 18-уми декабри соли ҷорӣ баргузор мешавад. Акнун ҳар касе дар интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи якмандатии Шоҳмансур 3 пирӯз мешавад, Сафаралӣ Раҷабовро дар Маҷлиси намояндагон иваз хоҳад кард.
КМИР мегӯяд, интихобкунандагон дар ҳавзаю кумиссюни интихоботӣ рӯзи 18 декабри соли 2011 аз соати 6-и субҳ то ҳашти шом раъй медиҳанд. Натиҷаҳои ибтидоии интихобот рӯзи 19 декабри соли 2011 эълон хоҳанд шуд.
Дар як соли ахир ин дуввумин интихоботи миёндаврии парлумонӣ аст. Моҳи майи соли ҷорӣ дар ҳавзаи Синои пойтахт низ интихоботи миёндаврӣ баргузор шуд, ки дар он дабири пешини Шӯрои амният, Амирқул Азимов, пирӯзӣ ба даст овард.
Номзадии Амирқул Азимов, дабири пешини Шӯрои амнияти Тоҷикистон, дар интихоботи миёндаврии ҳавзаи Сино аз тарафи Ҳизби халқӣ-демократӣ пешниҳод шуда буд. Азимови 63-сола дар Маҷлиси намояндагон Шермуҳаммади Шоҳиёнро, ки қаблан вакили Маҷлиси намояндагон буду баъдан раиси Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон таъйин шуд, иваз кард.
Рақиби аслии ҷаноби Азимов – муҳаррири ҳафтаномаи мустақили "Миллат" Толибшоҳи Сайидзода буд, ки ин интихоботро олуда бо тақаллуб хонд ва гуфт, ки натоиҷи онро намепазирад.