Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо, ки рӯзи панҷшанбе барои ширкат дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои гурӯҳи 20 кишвари пешрафтаи олам маъруф бо номи G20 ҷамъ шуда буданд, аз минтақаи гардиши евро берун шудани Юнонро аз эҳтимол дур намедонанд.
Шоми чоршанбе дар поёни мулоқоти президенти Фаронса Николя Саркозӣ, канслери Олмон хонум Ангела Меркел ва сарвазири Юнон Ҷорҷ Папандреу эълон шуд, ки то замони ташхис ёфтани муносибати Юнон бо минтақаи гардиши пули аврупоӣ ин кишвар аз муассисаҳои байнулмилалии молӣ кӯмаке дар ихтиёр нахоҳад дошт.
Юнон мебоист моҳи равон 8 миллиард евро қарз дарёфт намояд. Ҳамзамон Иттиҳодияи Аврупо иброз дошт, ки ҳозир аст 50 дар сади қарзҳои Юнонро бубахшад. Дар муқобил Юнон бояд касри буҷеташро то меъёрҳои қабулшудаи минтақаи гардиши евро коҳиш диҳад.
Президенти Фаронса дар ин бора мегӯяд: “Воқеан, суол ин аст, ки сарнавишти ояндаи Юнон дар Аврупо чӣ хоҳад шуд. Оё Юнон мехоҳад дар минтақаи гардиши пули евро боқӣ монад ё не? Мо умедворем, ки мехоҳад, мо самимона умедворем, мехоҳад ва мо баҳри татбиқи ин амал ҳар кори имконпазирро иҷро мекунем.”
Канслери Олмон хонум Ангела Меркел ҳам таъкид кард, ки ягона роҳи дастрасии Юнон ба қарз аз созмонҳои байнулмилалӣ ин қабули тақозои коҳиши касри буҷети ин кишвар аст.
Сарвазири Люксембург Жан Клод Юнкер - раиси Шӯрои вазирони молияи минтақаи евро мегӯяд, масъулон имконоти мухталифро мавриди баррасӣ қарор додаанд, то ҳатто дар ҳоли даст кашидани Юнон аз истифодаи пули умумиаврупоӣ фоҷиае рӯй надиҳад. Вазири умури аврупоии Фаронса Жан Леонеттӣ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, евро бе Юнон ҳам вуҷуд дошта метавонад.
Ҳамин тариқ, яке аз мавзӯъҳои асосии нишасти дурӯзаи раҳбарони гурӯҳи G20 дар шаҳри Канни Фаронса бӯҳрони қарз ва сарнавишти Юнон хоҳад буд.Рӯзи панҷшанбе президенти ИМА Барак Обама вориди Кан шуда, дар пайи суҳбат бо президент Саркозӣ гуфт: “Муҳимтарин вазифаи мо дар давоми ду рӯзи оянда, ҳалли буҳрони молии Аврупо хоҳад буд.”
Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида изҳори нигаронӣ кард, ки баргузории назархоҳии умумимардумии Юнон, ки бояд сарнавишти 130 миллиард доллар қарзи ин кишварро муайян кунад, метавонад кӯшишҳои рафъи буҳрони минтақаи евроро беасар намояд.