Матбуот: Аз либоси Оғохон то "бозгашт"-и Атовуллоев

Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Қирғизистон, сафари Оғохони чорум ва ифтитоҳи меҳмонхонаҳои паҷситораӣ дар Душанбе аз мавзӯъҳое ҳастанд, ки ҳафтаномаҳо ба баррасии он пардохтаанд.
“ФАРАЖ”

Бо инъиксои интихоботи Қирғизистон суол гузоштааст, ки "Тоҷикистон аз интихоботи президенти Қирғизистон чӣ сабақ мегирад?" Дар посух ба ин суол аз қавли коршиносон навиштааст, "Тоҷикистон аз интихоботи Қирғизистон бояд аз он ҷиҳат сабақ бигирад, ки дар як вақт дар он ҷо 16 нафар барои президентӣ сабқат намуданд. Гузашта аз ин, президенти кунунӣ Роза Отунбоева, ки демократи барҷаста дар минтақа аст, имконоти зиёди мондан дар ин курисро дошт. Аммо ин корро накард, ба он хотир ки хост дар Қирғизистон равандҳои демократии ташаккулёфтаро нишон диҳад."

“НИГОҲ”

Ин ҳафтанома низ ба ҳамин мавзӯъ пардохта ва навиштааст, ки "барои нахустин бор дар Осиёи марказӣ раисиҷумҳуре интихоб шуд, ки курсияш ба ӯ танҳо як давраи шашсола вафо хоҳад кард." "Нигоҳ"
дар матлаби дигаре ба сохтмони меҳмонхонаҳои паҷситораӣ дар Душанбе пардохта ва аз мусоҳибони худ пурсидааст, ки оё ин теъдод меҳмонхонаҳои паҷситораӣ лозиманд? Ин нашрия менависад: "Дар Душанбе як меҳмонхонаи паҷситорадори мутаалиқ ба шабакаи Оғохон ба истифода дода шуд, ки ҳусни шаҳрро зебо менамояд. Аммо на ҳама сокинони шаҳр, аз ҷумла соҳибназарон аз сохтмони меҳмонхонаҳои боҳашамат истиқбол мекунанд. Гурӯҳе ин равандро пулшӯӣ медонанду гурӯҳи дигар онро харҷпулии худиву бегона медонанд."

“ОЗОДАГОН”

Аз оғози сохтмони пули шашум дар фарози рӯдхонаи Ому хабар дода ва аз қавли профессоре бо номи Худоназар Асозода менависад, "агар дар умум бигирем, ин пулҳо дар оянда барои Тоҷикистон хатари ҷиддӣ доранд. Албатта, аз нигоҳи иқтисодӣ Кобул барои Душанбе лозим аст, аммо хеле хатарнок. Агар Амрико аз Қандаҳор берун биравад, Толибон он вилоятро забт мекунанд. Ба сари қудрат омадани Толибон на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои ҳамаи минтақа хатар дорад."

“СССР”

Сафари Шоҳзода Карим Оғохони чорумро мунъакис намуда ва навиштааст, "Ҳар гоҳе, ки Оғохон ба Душанбе меояду чеҳраи нуронӣ ва либоси шикашро мебинем, як суол медиҳем, ки кай муллову қозиву муфтии мо сабки либоспӯшии Шоҳзодаро ёд мегиранд?"

“АЗИЯ-ПЛЮС”

Додоҷони Атовулло, сардабири "Чароғи рӯз" ва мухолифи сарсахти ҳукумати Тоҷикистон, ки муқими Маскав мебошад, дар мусоҳибаи худ гуфтааст, намояндагони ҳукумати Тоҷикистон бо ӯ мулоқот карда ва аз ӯ хостаанд, ки ба ватан баргардад. Оқои Атовулло гуфтааст, намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ба гуфтаанд, ки дар сурати бозгашташ дар рӯзи ҷаши истиқлол раисиҷумҳур дар минбар ба ӯ ҷома хоҳад пӯшонд. Аммо гуфтааст Додоҷони Атовулло, ӯ ин пешниҳодро напазируфт, зеро ба ҳукумати феълӣ итминон надорад. Оқои Атовуллоев афзудааст, созмони "Ватандор" ба як ташаккули қавӣ табдил шуда ва шахсиятҳои муҳимро дар атрофи ин созмон гирд овардаанд. Аммо ӯ аз ифшои номи ба қавли худаш аъзои "бюрои сиёсӣ"-и "Ватандор" худдорӣ кардааст.