Модари Баҳромиддин Шодиев дар марги фарзандаш маъмурони пулиси Шоҳмансурро муқассир медонад.
Баҳромиддин Шодиеви 28-сола, ки дар дуздӣ муттаҳам мешуд, рӯзи 19-уми октябр аз сӯи маъмурони пулиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе боздошт гардида, танҳо пас аз як рӯз ба бемористон интиқол меёбад. Вай баъди даҳ рӯзи дар бемористон буданаш аз дунё даргузаштааст.
Хабаргузории “Азия-Плюс” аз қавли мақомоти умури дохилии Тоҷикистон менависад, Баҳромиддин Шодиев худро аз ошёнаи дуввуми шӯъбаи пулиси ноҳияи Шоҳмансур ба зер афканда ва захмӣ шудааст.
Муҳаммадулло Асадуллоев, масъули дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ низ гуфтааст: “Баҳромидин Шодиевро барои силсилаи дуздӣ боздошт карданд. Тамоми фактҳо дар ин замина исботи худро ёфтааст. Худи ӯ низ ин ҳамаро таъйид кардааст. Вале ҳангоми бозпурсӣ ӯ хостааст, ки аз ҷавобгарӣ раҳо шавад ва ҳамин тавр худро аз ошёнаи дуввум ба зер афкандааст. Ӯро ба бемористон мебаранд ва пас аз чанд рӯз ӯ хуб мешавад. Вале баъдан ба иллати бемории сил мефавтад.”
Аммо пайвандони Баҳромиддин Шодиев ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтаанд, ӯ аз сӯи маъмурони пулис мавриди лату кӯб қарор гирифта ва захмҳои шадид бардоштааст. "Дар назди манзиламон ӯро кормандони пулис боздошт карда ва бо худ бурданд. Пас аз як рӯз ӯро ба бемористон интиқол додаанд. Барои ҷарроҳии Баҳромиддин ризоияти ман лозим буд ва аз ин рӯ маъмурони пулис дар ин бора ба ман хабар дода ва гуфтанд, ки писарам дар бемористон аст”,-гуфтааст Ниёзбибӣ Бӯриева, модари Баҳромиддин.
Ба қавли модари Баҳромиддин Шодиев, пас аз ду рӯзи ҷарроҳӣ фарзандаш ба ҳуш омада ва гуфтааст, ки ӯро дар Идораи пулис мавриди лату кӯб қарор додаанд ва ӯ маҷбур шудааст, гуноҳеро бар дӯш бигирад, ки содир накардааст. Вай афзудааст, ҳангоми шиканҷа ҳатто даҳони ӯро бо скоч низ печониданд, то садояшро касе нашунавад.
Ҳамон тавре хабаргузории "Азия-Плюс" менависад, дар Маркази миллии табобатӣ низ таъйид кардаанд, ки воқеан рӯзи 20-уми октябр Баҳромиддин Шодиев дар бо захмҳои шадид ба беморхона оварда шудааст.
Ин дуввумин ҳодисаи марги афрод дар пайи боздошташон аз сӯи маъмурони пулис дар Душанбе аст. Қабл аз ин, наздикони Сафаралӣ Сангов, як сокини шаҳри Душанбе, даъво карда буданд, ки ӯ низ дар натиҷаи зарбу шатми кормандони пулиси ноҳияи Сино фавтидааст. Ҳоло баҳси додгоҳии хонаводаи Сафаралӣ Сангов бо маъмурони пулиси ноҳияи Сино идома дорад.
Гуфта мешавад, агар қазияи Сафаралӣ Сангов ба таври одилона баррасӣ шавад ва гумонбаршудаҳо тибқи қонун ҷазо бигиранд, ин далеле хоҳад буд, ки мақомоти кишвар бо шиканҷаву зӯроварӣ дар боздоштгоҳҳо хотима медиҳанд. Вале агар қарори додгоҳ мунсифона набошад, ин ҳол ҷабрдидаҳои дигарро, ки қазияи Санговро ҷиддан пайгирӣ мекунанд, ноумед хоҳад кард.
Бо ин вуҷуд, ҳангоми муаррифии гузориши ҷониби Тоҷикистон дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал дар рӯзи севуми октябр, Шерхон Салимзода гуфт, дар тӯли соли 2010 ва ҳашт моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 70 аризаи шикоятӣ дар бораи шиканҷа, лату кӯб ва бадрафтории сокинон ба унвонии додситонӣ ворид шудааст, ки аз ин теъдод 16 мавриди он исботи худро ёфтааст. Додситони кулли Тоҷикистон афзуд, нисбат ба ин 16 мавриди шиканҷа ва бадрафтории сокинон парвандаҳои ҷиноӣ боз ва 12 парванда ба додгоҳ ирсол шуд, ки гуноҳкорон ҷазо гирифтанд.