Зайино дар куҷост? Рабуда шудани тифли тоҷик дар Туркия

Кумаш Зайинои хурдсол, ки аз сӯи падараш Кумаш Мурод дар Анқара рабуда шудааст. Вай дар пайи издивоҷи шаҳрванди Тоҷикистон - Таҳмина Толибова ва шаҳрванди Туркия Кумаш Мурод ба дунё омадааст.

Таҳмина Толибова, шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон, даъво дорад, ки духтарчаи яксолаву думоҳаи ӯро шавҳари хориҷиаш бо роҳи фиреб ба Туркия бурда, аз ӯ пинҳон кардааст.
Таҳмина бо шавҳараш, шаҳрванди Туркия, ки дар як ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия кор мекард, соли 2008 ошно шуда, никоҳи шаръӣ бастааст. Аз издивоҷи онҳо духтарчае ба дунё омадааст, ки Кумаш Зайино ном дошта, ҳоло як солу думоҳа аст.

Ба гуфтаи Таҳмина, ҳамсари ӯ Кумаш Мурод авоили моҳи октябри соли ҷорӣ духтари муштараки онҳо Зайиноро бо худ ба Туркия бурдааст, то падари маризаш пеш аз марг набераи худро бубинад. Вале Таҳмина ба ин сафар, ки бояд бе ширкати ӯ сурат мегирифт, розӣ нашуд. Ҳамсараш билохира ӯро низ бо худ ба Анқара бурд, аммо баъди ду рӯз духтарчаро рабудааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Баҳси рабуда шудани як тифли тоҷик дар Туркия



Таҳмина Толибова дар бораи ғайб задани кӯдакаш нахуст ба консулгарии Тоҷикистон дар Анқара шикоят бурд, вале ходимони консулгарӣ ба ӯ амр карданд, ки барои сафорат мушкил эҷод накунад ва ҳарчи зуд аз қаламрави Туркия хориҷ шавад.

Таҳмина Толибова, модари Кумаш Зайино. Ин шаҳрванди Тоҷикистон мегӯяд, ба зудӣ ба Анқара рафта ва ҷустуҷӯи фарзанди хурдсолашро идома хоҳад дод...


Ӯ мегӯяд: “Дар сафорат ду нафар маро пешвоз гирифтанд. Яке аз онҳо, ки фамилияшро махфӣ медошт, ба ман гуфт, ки консул аст ва ман дар ду нусха аризаи шикоятӣ навишта ба ӯ додам. Як нусхаашро гирифта гуфт, ки як нусхаи дигарашро зуд ба прокуратураи ҳамон ноҳияе, ки шавҳарам дар он ҷо зиндагӣ мекунад, бурда супорам, то ҷустуҷӯи духтари маро оғоз кунанд. Вале боз аз фикраш гашту гуфт, ки номаро ба ман деҳ, мо худамон мефиристем. Ҳамин хел номаи ман гум шуд. Вай гуфт, ки чӣ проблема мекунӣ ин ҷо. Магар дар ин ҷо ту танҳоӣ. Барои як кӯдаки думоҳа чӣ ин қадар проблема карда истодаӣ. Ман, ки на пул ва на ҷои истиқомат доштам, маҷбур шудам, ки ба Тоҷикистон баргардам. Бештар аз он метарсам, ки шавҳарам Мурод нӯшокиҳои спиртиро бисёр истифода мебарад ва ҳолати худро контрол карда наметавонад. Маро бисёр мезад ва як бор ҳатто рагҳои худро ҳам бурида буд.”

Кумаш Мурод, шаҳрванди Туркия, ки дар рабудани духтари хурдсоли тоҷик Зайино муттаҳам дониста мешавад...

Таҳмина Толибова афзуд, дар ҳоле ки ӯ аз кӯмаки намояндагии Тоҷикистон дар Анқара умедашро канда буд, бо роҳнамоии чанде кормандони меҳмонхона ба Додситонии шаҳри Анқара дар бораи ғайб задани кӯдакаш аризаи шикоятӣ навиштааст.

Вай меафзояд: “Дар прокуратура зуд аризаи маро ба қайд гирифтанд ва хоҳиш карданд, ки ба Тоҷикистон барнагардам ва рафти корро контрол кунам. Вале кормандони сафорати худамон маро намонданд. Маҷбурам карданд, ки баргардам. Худам ҳам ягон пул барои дар онҷо истодан надоштам. Дар консулгарӣ ба ман гуфтанд, ки ба падару модарат занг зан ба ту пул фиристанд, билет харида баргард. Ман 24 октябр баргаштаму 26 ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва Додситонии кул ариза навиштам. Ҳоло ҷавобашро нагирифтаам. Аз рӯзномаи “Нигоҳ” кӯмак карданд ва ба ман вакили мудофеъ гирифта доданд.”

Зарина Носирова, вакили мудофеъи Таҳмина, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин амалкарди ҳамсари Таҳмина хилофи қонунҳои Тоҷикистон ва қавонини байнулмилалӣ буда, кӯдак бояд ба модараш баргардонида шавад. Ба гуфтаи вакил, Зайино шаҳрванди Тоҷикистон ва асноди ҳамин кишварро дорад. Шавҳари хориҷии Таҳмина бо ӯ никоҳи расмӣ надорад ва аз ин рӯ падари расмии кӯдак эътироф намешавад. Зарина Носирова мегӯяд, талош хоҳад кард, ки рафтори Кумаш Мурод ҳам аз ҷониби Тоҷикистон ва ҳам аз тарафи мақомоти ҳифзи тартиботи Туркия ба унвони ҷиноят эътироф гардад.

Сафорати Тоҷикистон дар Туркия


Ин вакили дифоъ афзуд: “Мо ба Вазорати корҳои хориҷӣ, Додситонии кул ва ҳам ба номи раисиҷумҳури Тоҷикистон нома навиштем ва ҳоло ҷавобашро нагирифтем. Инчунин мо ба созмони байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакон шикоят бурдем. Онҳо зуд номаи моро қабул кардаву аз пайи ёрӣ шуданд. Ман бовар дорам, ки бо кӯмаки Вазорати корҳои хориҷӣ ва ниҳодҳои зидахл ва сафорати Тоҷикистон дар Туркия ин қазия ҳалли мусбати худро хоҳад ёфт ва ба зудӣ фарзанди зерҳимояи ман ба наздаш бармегардад.”

Давлат Назрӣ, масъули дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон

Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар посух ба ин суол, ки оё то куҷо вазорат аз ин қазияи ба гуфтаи коршиносон барои Тоҷикистон нодир ва трансмиллӣ огаҳ аст ва чӣ тадбиреро дар роҳи ҳалли он рӯи даст дорад, чунин посух дод: “Шикояти шаҳрванд Толибова Таҳмина ба вазорат расидааст ва дар ҳоли таҳқиқ қарор дорад. Ҳамаи далелҳои дар нома овардашуда, аз ҷумла он ки чанде одамони тасодуфӣ худро намояндаи консулгарии мо гуфтаву ин занро маҷбур кардаанд, ки ба ватан баргардад, санҷида мешаванд, албатта. Ва як номае ҳам барои консулгарии Тоҷикистон дар Анқара омода мешавад.”

Зимнан, оё қонугузории Тоҷикистон дар заминаи ҳифзи шаҳрвандони худ дар чунин ҳолатҳо чиро пешбинӣ мекунанд? Дар посух ба ин суол Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони шинохта ва раиси созмони “Перспектива плюс” гуфт, ки ин кори шаҳванди Туркия ҷиноят, яъне рабудани кӯдак аст.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони шинохтаи тоҷик

“Вай аввалаш, ки никоҳи қонунӣ надорад. Тибқи қонунҳои мо никоҳи шариатӣ асоси қонунӣ надорад. Баъдан, бояд он мард то як сол дар ин ҷо зиндагӣ мекард, бо зани тоҷики худ шартномаи никоҳ мебаст ва барои ӯ хона мехарид. Ӯ, ки ин корҳоро накардааст, ҳаққи ҳатто ба кӯдак наздикшавӣ надорад. Тибқи қонунҳои байнулмилалӣ ҳам вай ягон хел ҳақ надорад. Чунки бе иҷозати як ҷониб кӯдакро ба ҳеҷ куҷо бурдан мумкин нест”,-афзуд хонум Бобоназарова.

Таҳмина Толибова, модари духтаре, ки ҳамакнун аз сӯи падари турки худ рабуда шудааст, мегӯяд, дар тӯли қариб ним моҳи ҷудоӣ аз фарзанди хурсолаш, азияти шадиди равонӣ мекашад. Вале мегӯяд ӯ, бо вуҷуди ин талош хоҳад кард, ки таваҷҷуҳи мақомоти Тоҷикистону Туркия ва ҷомеаи байнулмилалиро ба ин қазия ҷалб кунад.

Дар ҳоле ки гузориши мо таҳия мешуд, Таҳмина бо мо тамос гирифта ва гуфт, барои харҷи роҳ ва вакили мудофеъ маблағ дарёфт кардааст ва рӯзи якшанбе озими Анқара хоҳад шуд.