Шӯрои уламои Маркази исломӣ рӯзи баргузории Иди Қурбонро шашуми ноябр муқаррар кардааст.
Эшони Абдулбасир Саидов, муовини раиси Шӯрои уламо дар суҳбат ба Радиои Озодӣ ин хабарро таъйид кард ва гуфт, ин тасмим дар нишасти рӯзи сешанбеи аъзои ин шӯро гирифта шудааст.
Қабл аз ин, мақомоти расмии Тоҷикистон эълон карда буданд, ки таҷлили Иди Қурбон мусодиф ба рӯзи душанбеи 7-уми ноябр хоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба гуфтаи масъулони Шӯрои уламои Маркази исломӣ, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, намози Иди Қурбон дар тамоми масоҷиди ҷомеи кишвар соати 7:45 дақиқаи субҳи рӯзи 6-уми ноябр баргузор хонда хоҳад шуд.
Ҳамин тавр, мардуми Тоҷикистон рӯзи якшанбеи шашуми ноябр ду ид - Иди Қурбон ва Рӯзи Қонуни асосиро таҷлил хоҳанд кард.
Иди Қурбон яке аз ду иди мусулмонҳост ва онро ҳар сол мусулмонони ҷаҳон дар рӯзи 10-уми зулҳиҷҷа, яъне баъд аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр таҷлил мекунанд. Иди Қурбон дар Тоҷикистон аз соли 1991 ба ин сӯ расман таҷлил мешавад ва ин рӯз рӯзи таътил эълом шудааст.
Ҳамасола раисиҷумҳур низ расман аз тариқи радио ва телевизионҳои давлатӣ мардуми мусулмонро ба рӯзи ид табрик ва аз сокинон дархости кӯмак ба бенавоён мекунад.
Дар навори зер: Иди Қурбони соли 2010. Аз намозгузории мардум то "идгардак"-и наврасон ва қурбонии сокинон...

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад