Ду кӯдаки тоҷик, Суҳробу Рисолат, баъд аз нӯҳ соли ғурбат аз Молдова ба манзили падар баргаштанд.
Сарнавишти Сӯҳроб, ки дар шаҳодатнома номаш чун Владислав сабт шудааст, ва Рисолат воқеан ҳам риққатбор ва дардолуда аст. Онҳо чанд соли ахир дар як хонаи кӯдакон дар минтақаи соҳили Днестри Молдова мезистанд ва ҳатто намедонистанд, ки хоҳару бародаранд.
Бозгашти Владиславу Рисолат ба хонаи падарӣ баъд аз дахолати Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон Зариф Ализода мумкин гардид.
Суҳайлӣ Қодиров, сухангӯи Омбудсмени Тоҷикистон мегӯяд, онҳо аз сарнавишти печидаи ду кӯдаки тоҷик баъд аз як муроҷиати ваколатдори ҳуқуқи башари Приднестровие огаҳ шудаанд. “Дар ин бора мо чизе намедонестем. Омбудсмени Приднестровие аз Зариф Ализода хоҳиш кард, ки дар таҳияи ҳуҷҷатҳои як кӯдаки зодаи Тоҷикистон кӯмак кунад”,- мегӯяд ӯ.
Ба дунболи ин, ба гуфтаи Суҳайлӣ Қодиров, Омбудсмени Тоҷикистон бо ҳамтои молдавияш дар тамос шуд ва бо ӯ дар мавриди бозгардони ду кӯдаки тоҷик вориди музокирот шуд.
Қазияи сарсониву саргардонии Владиславу Рисолат нуҳ сол пеш, баъди он шурӯъ шуд, ки волидайнашон аз ҳам ҷудо шуданд ва Снежана Гулпар кӯдаконро бо худ ба Молдова бурд. Бо ин робитаи ӯ бо шавҳараш Абдуҷалил Сартиқов канда шуд ва тайи ин солҳо падар, ки барои кор ба вилояти Иркутски Русия рафта буд, аз ҳоли фарзандонаш ҳеҷ хабар надошт. Аммо ба назар мерасад, ки вазъи кӯдакон чандон хуб набуд, зеро баъд аз чанд муддат мақомоти Приднестровие Снежанаро аз ҳаққи модарӣ маҳрум сохта ва кӯдаконро ба хонаи бачаҳо интиқол доданд.
Абдуҷалил Сартиқов, ки худаш ҳам солҳои ахир дар ҷустуҷӯи фарзандонаш буд, пас аз шунидани хабари пайдо шудани нишоне аз ҷигарбандонаш ба Душанбе баргашт ва дар раванди бозгардони кӯдаконаш ширкат кард. Вале ба гуфтаи наздиконаш, Абдуҷалил Сартиқов алҳол аз суҳбат бо хабарнигорон парҳез мекунад.
Суҳайлӣ Қодиров мегӯяд, кормандони дафтари Омбудсмен аз ҳоли Владиславу Рисолат пайваста хабар мегиранд ва барои дар як мактаби русии пойтахт ба идомаи таҳсил пардохтани онҳо аз Вазорати маориф дархости кӯмак намуданд.
Вижагуфтори “Садои ҳамватан” тасмим гирифтааст, ки баъд аз муддате бо худи Суҳробу Рисолат сӯҳбате биорояд ва ҷузъиёти бештари зиндагии онҳо дар ғурбатро дар ихтиёри шунавандагон гузорад.