Шикваи сокинони канораҳои пойтахт аз бебарқӣ дар ҳолест, ки мақомот маҳдудияти барқро рад мекунанд.
Дар ҳоле ки қариб дар тамоми маҳаллаҳои атрофи шаҳр ҳамарӯза то 3-4 соат барқ хомӯш мешавад, масъулини ширкати "Барқи тоҷик" мегӯянд, ҳеҷ гуна лимити барқ дар пойтахти кишвар ҷорӣ нашудааст.
Ба хотири ошноӣ пайдо кардан бо вазъи ҷойдошта, мо аз чанд маҳаллаи канори пойтахт, аз ҷумла маҳаллаҳоли 102, 112, Испечаки 1, 2, Зарафшон, маҳаллаи Горбания, Қазоқон, Навобод, шаҳраки Калинин дидан кардем.
Соати 12 то 1-и рӯз дар аксари ин маҳаллаҳо барқ набуд ва ҷо-ҷо занҳо дар берун зери дег оташ монда, ғизо омода мекарданд. Зимни суҳбат ин занҳо гуфтанд, баробар бо оғози сардиҳо, яъне тайи як ҳафтаи ахир, ҳамарӯза барқ дар хонаҳояшон дар як вақти муайян, яъне аз соати 10 то соати 3-и рӯз ва баъзан шабона аз соати 10 то 5-и субҳ хомӯш мешавад.
Сокинони хонаҳои баландошёна мегӯянд, рӯзона вақте барқ нест, маъмулан дар берун зери дег оташ монда ғизо дуруст мекунанд, вале ин имкониятро на ҳамаи хонаводаҳои манзилҳои баландошёна доштаанд.
Гулбаҳор Одинаева, сокини маҳаллаи Зарафшони пойтахт мегӯяд, манзили бетониаш баробари хомӯш шудани барқ хеле сард мешавад ва кӯдаконашро, ки ҳамагӣ то се сол син доранд, намедонад чӣ гуна гарм кунад ва чӣ хел барояшон ғизо омода намояд.
"Дирӯз ҳам соати 10 барқро хомӯш карданд. Баъд соати 3-и баъд аз зуҳр доданд. Имрӯз ҳам ҳамин хел. Дар маҳаллаи мо газ нест. Фақат бо барқ ҳамаи корамонро мекунем. Ҳаминро агар пешакӣ пинҳон накарда гӯянд, ки имсол ҳам лимит мешавад, мо ягон таёриамонро медидем. Масалан, ҳезум ҷамъ карда, дар ягон анбор мемондем. Дар ин рӯзҳои бебарқӣ дар берун хӯрок мепазем ё чой меҷӯшонем. Ҳавлӣ бошад, ягон кор мекунӣ, дар биноҳои баландошёна бисёр душвор аст. Намедонӣ дар ин бебарқӣ чӣ кор кунӣ. Мепурсем, ки лимит ҷорӣ кардаед барои барқ, мегӯянд, ки не. Набошад барои чӣ дар як вақт барқҳоро хомӯш мекунанд?"
Аммо Гулмоҳ Шокирова, сокини маҳаллаи Испечак-2 дар ҳавлӣ зиндагӣ мекунад. Вақте мо ба хонаи Гулмоҳ омадем, соат 12-и рӯз ва дар маҳаллаи онҳо низ барқ набуд ва Гулмоҳ дар ошпазхона зери дег алов мемонд. Дар рӯи ҳавлӣ кӯдакони хурдсолаш бозӣ мекарданд ва ҳамзамон интизори омода шудани ғизои модар буданд.
-Агар барқ бошад, шумо чӣ кор мекунед дар ин соатҳо?
-Телвизор мебинем, дарс омода мекунем. Ҳоло барқ нест, хона хунук ва торик аст...
ТАППАК -- ҶОЙГУЗИНИ БАРҚ
Гулмоҳ ва чанде ҳамсояҳояш гуфтанд, дар маҳаллаи онҳо нерӯи барқро танҳо маводе, ки метавонад ҷойгузин бошад, таппак аст ва баъзан ҳезуме, ки аз ҳисоби дарахтони хушкудаи ҳавлиҳояшон тайёр мекунанд. Бо таппак ҳам хонаҳоро гарм мекунанд, ҳам нон мепазанд ва ҳам чою хӯрок омода мекунанд: "Қариб ҳар рӯз барқи моро хомӯш мекунанд. Сӯзишвории асосии мо таппак аст. Хонаводаи мо бисёрианд. Мо се арӯсу хушдоману хусурам ҳамроҳ дар як ҳавлӣ зиндагӣ мекунем. Ҳамаамон 20 кӯдак дорем. Худоро шукр, ки ду гов дорем, таппак мекунем. Барои харидории ангишт маблағи кофӣ надорем. Бигузор моро дар тобистон барқ надиҳанду дар зимистон диҳанд. Чунки дар зимистон бе барқ бисёр душвор аст. Кӯдакҳо сармо мехӯранд, бемор мешаванд. Ҳар моҳ омада 150-200 сомонӣ ҳар мегиранд, пас, барои чӣ барқро хомӯш мекунанд?"
Дар ҳоле сокинони маҳаллаҳои канораи шаҳр аз камбуди барқ ва ҷорӣ шудани маҳдудияти беэълони он шиква мекунанд, ки масъулини "Барқи тоҷик" расман ҷорӣ шудани ин маҳдудиятро дар шаҳри Душанбе рад мекунанд ва дар посух ба муроҷиати шаҳрвандон аз набуди барқ маъмулан чунин посух медиҳанд, ки дар ин ё он истгоҳи барқрасонӣ садама рух додааст. Вале сокинони пойтахт мегӯянд, ки дигар ба чунин баҳонаҳои беасоси "Барқи тоҷик" бовар надоранд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти расмӣ ба такрор эълом дошта ва ваъда супурда буданд, ки имсол дар фасли сармо дар додани барқ маҳдудият нахоҳад шуд ва мардуми кишвар, хусусан пойтахт аз камбуди нерӯи барқ танқисӣ нахоҳанд кашид.
Ба хотири ошноӣ пайдо кардан бо вазъи ҷойдошта, мо аз чанд маҳаллаи канори пойтахт, аз ҷумла маҳаллаҳоли 102, 112, Испечаки 1, 2, Зарафшон, маҳаллаи Горбания, Қазоқон, Навобод, шаҳраки Калинин дидан кардем.
Соати 12 то 1-и рӯз дар аксари ин маҳаллаҳо барқ набуд ва ҷо-ҷо занҳо дар берун зери дег оташ монда, ғизо омода мекарданд. Зимни суҳбат ин занҳо гуфтанд, баробар бо оғози сардиҳо, яъне тайи як ҳафтаи ахир, ҳамарӯза барқ дар хонаҳояшон дар як вақти муайян, яъне аз соати 10 то соати 3-и рӯз ва баъзан шабона аз соати 10 то 5-и субҳ хомӯш мешавад.
Сокинони хонаҳои баландошёна мегӯянд, рӯзона вақте барқ нест, маъмулан дар берун зери дег оташ монда ғизо дуруст мекунанд, вале ин имкониятро на ҳамаи хонаводаҳои манзилҳои баландошёна доштаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад