Ҷавонони тоҷик, ки то замони истиқлолият артишро мактаби мардонагӣ ва обутоби ҷисму руҳ арзёбӣ мекарданд, дар 20 соли ахир артишгурез шуданд.
Кор то ҷое расидааст, акнун мақомот онҳоро ба зӯр аз кӯчаву бозор дастгир карда, ба артиш мебаранд. Мо дар ин мизи мудаввар масъалаи дилсардии ҷавонон аз артишро баррасӣ намудем.
Аммо дар ин барнома аз даъвати мақомоти ҳарбӣ худдорӣ варзидем, танҳо ба он далел, ки ҷавонҳо озоду ошкор дар робита ба ин масъала суҳбат бикунанд. Саволи аслии нишасти мизи гирд ин буд, ки чаро ҷавонҳо аз артиш мегурезанд, сабаб дар чист?
Муҳсиддин, як ҷавоне, ки иҷборан ба аскарӣ бурда шудааст, мегӯяд: “Ин сабабаш ҳамон тарсест, ки гӯиё дар хидмати ҳарбӣ лату кӯб мекунанд, мисли ин. Вале ин ҳамон равише ҳаст, ки дар хидмат дар ҳама давру замон роиҷ мебошад. Аммо чизи дигар ин аст, ки дар бисёре аз қисмҳои низомӣ аскарбачагон гурусна мемонанд ва онҳо маҷбур мешаванд, ки барои нон шуда, ба ҳама кор даст зананд, ки ин ҳам сабаб мешавад.”
Фарзонаи Азиззода, як ҷавондухтари фаъоли тоҷик ба ин назар аст: “Бархе хонаводаҳо як ё ду фарзанд доранд ва дар оила дигар нафаре нест, ки он оиларо хӯронаду пӯшонад. Масалан, дар ҳамсоягии мо як писар аст, ки падараш аз олам гузаштааст. Агар вай рафта, дар Русия кор накунаду барои рӯзгузаронии хонаводааш маблағ равон накунад, намешавад. Ҳамин сабаб мешавад, ки онҳо дигар ба хидмати ҳарбӣ нараванд ё чсарпечӣ бикунанд.”
Ёқубҷон, ҷавоне, ки хизмат кардан намехоҳад: “Сарпечии ҷавонони тоҷик омилҳои зиёде дорад. Якеаш ҳамон аст, ки кешсолорӣ, ҳамон "дедовшина" ва ё худ меҳтарсолорӣ аст, ки ҷавононро аз хидмати аскарӣ дур намудааст.”
Маҳкамбой Гулов, сармутахассиси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе гуфт: “Аслан, вақте хидмати ҳарбӣ мегӯем, ҳамон ҷавонмардон ва аскарбачагони нерӯманде пеши назар меоянд, ки Ватанро дифоъ карда метавононд. Бояд дар чи шароите набошад, мо рафта хидмати Ватанро бо сари баланд иҷро намоем. Он камбудҳое, ки гуфтанд, ҳозир он қадар ба чашм намехӯрад. Барои ҳамин, ин тафаккури носолими бархе ҷавонон аст, ки хидмат кардан намехоҳанд.”
Қадриддин Тоҷиддинзода, як ҷавони тоҷик афзуд: “Ҷавононе, ки аз сафи неруҳои мусаллаҳ меоянд, корҳои дар хидмати ҳарбӣ кардагиро ба дигар ҷавонон нақл мекунанд, ҳамин сабаб мегардад. Ба ҷуз ин лату кӯби наваскарон дар хидмати ҳарбӣ ва корҳои ношоиста. Масалан, як ҷавонро аз деҳаи мо дар хидмати ҳарбӣ пушташро сӯзониданд. Ин, албатта, боиси он мегардад, дигар ҷавонҳо дар вақти ба хидмати ҳарбӣ рафтан, онро ба хотир оварда, сарпечӣ намоянд.”
Посухи саволҳои дигарро бо ангушт задан рӯи хати зер бишнавед:
Аммо дар ин барнома аз даъвати мақомоти ҳарбӣ худдорӣ варзидем, танҳо ба он далел, ки ҷавонҳо озоду ошкор дар робита ба ин масъала суҳбат бикунанд. Саволи аслии нишасти мизи гирд ин буд, ки чаро ҷавонҳо аз артиш мегурезанд, сабаб дар чист?
Фарзонаи Азиззода, як ҷавондухтари фаъоли тоҷик ба ин назар аст: “Бархе хонаводаҳо як ё ду фарзанд доранд ва дар оила дигар нафаре нест, ки он оиларо хӯронаду пӯшонад. Масалан, дар ҳамсоягии мо як писар аст, ки падараш аз олам гузаштааст. Агар вай рафта, дар Русия кор накунаду барои рӯзгузаронии хонаводааш маблағ равон накунад, намешавад. Ҳамин сабаб мешавад, ки онҳо дигар ба хидмати ҳарбӣ нараванд ё чсарпечӣ бикунанд.”
Ёқубҷон, ҷавоне, ки хизмат кардан намехоҳад: “Сарпечии ҷавонони тоҷик омилҳои зиёде дорад. Якеаш ҳамон аст, ки кешсолорӣ, ҳамон "дедовшина" ва ё худ меҳтарсолорӣ аст, ки ҷавононро аз хидмати аскарӣ дур намудааст.”
Қадриддин Тоҷиддинзода, як ҷавони тоҷик афзуд: “Ҷавононе, ки аз сафи неруҳои мусаллаҳ меоянд, корҳои дар хидмати ҳарбӣ кардагиро ба дигар ҷавонон нақл мекунанд, ҳамин сабаб мегардад. Ба ҷуз ин лату кӯби наваскарон дар хидмати ҳарбӣ ва корҳои ношоиста. Масалан, як ҷавонро аз деҳаи мо дар хидмати ҳарбӣ пушташро сӯзониданд. Ин, албатта, боиси он мегардад, дигар ҷавонҳо дар вақти ба хидмати ҳарбӣ рафтан, онро ба хотир оварда, сарпечӣ намоянд.”
Посухи саволҳои дигарро бо ангушт задан рӯи хати зер бишнавед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад