Кӯлоб: Бебарқӣ ва нерӯгоҳе, ки 15 сол боз сохта мешавад

Ёдгорбӣ Ятимова, нафақахӯри якаву танҳо, ки солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои мухталиф дар ҳукумати Кӯлоб кор кардааст, аз қатъ шудани барқ дар манзили зисташ дар соатҳои номуайн шикоят мекунад.
Ӯ мегӯяд, ним моҳи ахир рӯзона дар соатҳои гуногун ва аз соати 12-и шаб то 6-и субҳ интиқоли барқ ба хонааш қатъ мегардад. Ин занро тайи чанд рӯзи охир назди бинои ҳукумати Кӯлоб мушоҳида кардем, ки мегӯяд, аз масъулини ҳукумати маҳаллӣ талаб дорад, то аз бебарқӣ наҷоташ бидиҳанд.

Ёдгорбӣ Ятимова

Ӯ мегӯяд: «Вақт ҳам хунук шудааст. Барқ мемураду гирён мешавад, ки аз он истифода бурда намешавад. Ман як кампири танҳоям, дигар дар ин бебарқӣ коре карда наметавонам. Бо зами бебарқӣ, боз ҳар моҳ омада пули барқ мегиранд. Дигар ба бебарқӣ сабр карда наметавонам. Чанд ҳафта шуд, ки назди ҳукумат омадаам, ки ақалан ҳезумам диҳанд, ки аз хунукӣ намурам, вале касе арзамро намешунавад ва ҳатто ба даруни бинои ҳукумат ҳам роҳам намедиҳанд. Дар ҳавлиам ҳамагӣ як тут доштам, ки кӯдакони ҳамсоя барои гарм шуданам буридан, вале ҳоло ҳезуми ин тут ҳам тамом шудааст.»

НЕРӮГОҲЕ, КИ 15 СОЛ БОЗ «СОХТА» МЕШАВАД


Хомӯш кардани барқ дар ҳар вақту соати муайян дар ҳама шаҳру навоҳии Кӯлоб тайи як моҳи ахир маъмулӣ шудааст. Ва Ёдгорбӣ Ятимова, ягона зане нест, ки аз қатъ шудани интиқоли барқ дар соатҳои номуайн шикоят мекунад. Зикамоҳ, як сокини маҳалли Чармгари Поён мегӯяд, бебарқии бардавом барояшон дилбазан шудааст. Ӯ мегӯяд, кор то ҳадест, ки дигар мардум аз доимӣ шудани барқ умедашонро кандаанд.

Вай афзуд: «Дар ҳамин маҳаллаи мо 15 сол шуд, ки як нерӯгоҳи хӯрди обӣ месозанд. Аз рӯзи сар шудани сохтмон ваъда карданд, ки дар маҳаллаи шумо барқ доимӣ мешавад. Ҳар сол ин нерӯгоҳро расман мекушоянд, вале ҳеҷ нест, ки он ба кор дарояд. Аз ин ҳисоб мардум фикр мекунанд, ки дар ҳоле дар Кӯлоб як нерӯгоҳи хӯрдро дар 15 сол сохта наметавонанд, дигар аз куҷо нерӯгоҳи калон сохта, мардумро бо барқ таъмин мекунанд.»

Нерӯгоҳи барқӣ-обии Кӯлоб аз даҳ соли пеш бад ин сӯ «сохта» мешавад. Дар ду соли пеш масъулини ҳукумати маҳаллӣ эълон доштанд, ки барои фаъол гаштани ин нерӯгоҳ аз Ҷумҳурии мардумии Чин таҷҳизот меоваранд. Соли гузашта, барои бори чандум Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон расман фаъолияти ин нерӯгоҳро боз кард, вале аз он замон то кунун нерӯгоҳ ягон киловатт\соат нерӯи барқ истеҳсол накардааст.

Нерӯгоҳи хурди барқии нимсохта

Барои сохтмони ин нерӯгоҳ ба қавли масъулин беш аз 1 миллион сомонӣ сарф шудааст. Соли гузашта гуфта мешуд, ки бо дастрасии таҷҳизот аз Чин ин нерӯгоҳ комилан ба истифода дода мешавад, вале ҳоло масъулин мегӯянд, бо хатои сохтмончиён, ки барои ин нерӯгоҳ обанбор дар назар нагирифта буданд, он аз истифода бозмондааст. Қаблан гуфта мешуд, ки бо сохтмони ин нерӯгоҳ сокинони як маҳаллаи шаҳри Кӯлоб бо барқӣ доимӣ таъмин мегарданд.

АГАР САТҲИ ОБИ ВАХШ ЗИЁД ШАВАД…

Ҳоло бебарқӣ дар шаҳри Кӯлоб, саввумин калонтарин шаҳри Тоҷикистон дар ҳолест, ки соле пеш Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар гуфт, дигар дар шаҳрҳои Тоҷикистон барқ хомӯш намешавад. Аммо Абдуҳалим Самиев, муовини сармуҳандиси шабакаҳои барқӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, аз ҷониби ширкати "Барқи тоҷик" барои истифода ба онҳо 1 миллион киловатт\соат нерӯи барқ дар як шабонарӯз ҷудо шудааст, ки ин сарфакорона ба ноҳияҳои минтақа дода мешавад. Бар асоси тақсимот, сокинони навоҳии Кӯлоб ҳоло дар як шабонарӯз 11 соат бо барқ таъмин ҳастанд.

Ҷаноби Самиев афзуд: «Ин реҷа барои захираи оби обанбори Норак ҳаст ва шояд дар зимистон ин реҷа тағйир ёбад. Тағйирёбии он ба каму зиёдшавии оби дарёи Вахш вобаста ҳаст. Агар оби сатҳи Вахш зиёд гардад, мумкин аст, ки барқ зиёд шавад. Бад он хотир ҳоло реҷа шудааст, ки фасл гармтар аст.»

Солҳои қаблӣ дар тирамоҳ сокинон аз камбуди нерӯи барқ шикоят надоштанд. Аз таҷрибаи солҳои гузашта ва ҷорӣ шудани реҷаи интиқоли барқ дар тирамоҳ сокинон зимистони торику бебарқро пешгӯӣ мекунанд.