Орзу Исоев аз ҷумлаи ҷавонони камшумори тоҷик аст, ки дар майдони Теле-шоу мақоми худро пайдо кардааст.
Барои аксарият Орзу ҳамчун хабарнигори телевизион ошност аст, аммо бархе ӯро чун оҳангсоз мешиносанд. Аммо худи Орзу дар бораи худ чӣ мегӯяд:
Озодӣ: Имрӯз Шумо дар байни ҷавонон номдор ҳастед. Дар телевизион мебинанд, бисёр рекламаҳо бо садои шумо пахш мешавад, худро шуҳратёр ҳис мекунед?
Орзу Исоев: Рости не, зеро шӯҳрату шӯҳратпарастӣ ба сатҳи маърифат ҳам вобастагӣ дорад. Агар гӯям, ки аз ҳанӯз аз овони наврасӣ дарк мекардам, ки шӯҳрат чизи хуб нест, хато намекунам. Аз ҳамон вақт мегуфтанд, ки бемории ситораҳо ҳамин шӯҳрат аст ва ин бемори дар ман набуд ва намешавад. Вақте як нафар мегӯяд, ки ту барномаҳои хуб дорӣ кас хушҳол мешавад, аммо на ба он дараҷае, ки аз худ равам.
Озодӣ: Шумо аз шӯҳратёр шудани худ ва «бемории шӯҳрат» дар ҳаросед, вале ҷавонони мо дар қадамҳои начандон ҷиддӣ ва каме муваффақ мағрур мешаванд. Чаро?
Орзу Исоев: Дуруст аст, ман ҷонибдорӣ андешаи шумоям. Вақте инсон каме пешрафт дар кори худ мекунад, ӯро ҳатман «шӯҳрат» ва «ғурур» ёр мешавад. Мағрурӣ баъд аз мағлубсозӣ раҳояш мекунад. Ин ҳолати душвор аст ва онро бо мушкилиҳои зиёди равонӣ паси сар мекунед. Ҳамаи баландиҳо боз пастӣ дорад.
Озодӣ: Чӣ тавр шумо ба телевизион омадед, касе тақдирҷунбон буд ё ба истилоҳи тоҷикӣ "тағо" доштед?
Орзу Исоев: Ростӣ дар бозор савдо мекардам, ба фурӯши молҳои майда машғул будам. Як рӯз аз шабакаи вилоятии Хатлон озмунро шунидам ва рафтам суроғи ин озмун. Баъд аз модарам маслиҳат пурсидам ва ба ман хеле кӯмак кард. Чун ман бештар ошкор гуй будам, модарам мегуфт, ки забони худро нигоҳ дор. Баъди як моҳ рафтам маро ба ҳайси рассом қабул карданд.
Озодӣ: Яъне аз ҳунари рассомӣ аввалин қадамҳоро гузоштед?
Орзу Исоев: Бале ҳам рассомӣ, шеър ва хабари навиштаамро пешниҳод кардам ва ҳамин тавр роҳи мо кушода шуд ва дар телевизиони Хатлон корро шуруъ кардам.
Озодӣ: Ое имрӯз пушаймон нестед, ки ягон касби дигарро интихоб мекардед аз қабили муфаттиш, табиб, додгустар?
Орзу Исоев: Не, пушаймон нестам, аммо бобову бибии мо, яъне гузаштаҳои мо анъанаи савдогарӣ ва омӯзиши фарҳанги бозоршиниро то ҳанӯз нигоҳ медоранд. Тақрибан 95 дарсади хешу табори мо ба бозор рӯ овардаанд, яъне савдогаранд. Ба қавли хешу табор «саркаш» ман ҳастам, ки ба гапи онҳо намекунам. Мегӯянд, ки рав дар кунҷи бозор шин. Онҳо ба ман мегӯянд, ки «кай артистиро тамом мекунӣ» рав аз бозор ризқатро ёб. Чун дар телевизион барномаҳои тафреҳӣ мекунам, онҳо фикр мекунанд, ки ман артист ҳастам. Дар хона чаҳор духтар ва як писар ман ҳастам. Ҳоло ду духтар ва як писар дорам.
РОҲБАРОН БА ХАБАРНИГОРОН МОНЕА ЭҶОМ МЕКУНАНД...
Озодӣ: Шумо дар барномаҳои пажӯҳишӣ дар телевизион муваффақ будед, аммо баъдан аз ин барномаҳо даст кашидед. Чаро?
Орзу Исоев: Даст кашидани ман чанд сабаб дошт. Аввалан роҳбарияти телевизионҳо дар аксари маворид ба хабарнигорон монеа эҷод мекунанд. Охир барнома дар бораи корҳои созанда ва арзандаи Низорамоҳ Зарифова, ходими давлатӣ, барнома таҳия кардем. Дар он барнома аз Пленуми апрели асри бист, ки барои Тоҷикистон як зарбаи сахт буд, чандин коммунистҳо бо сабабҳои изофанависӣ дар пахта, худро овехтанд, равшанӣ андохта шуда буд ва атрофи фаъолияти Низорамоҳ Зарифова буд, пахш нашуд. Инак ду моҳ мегузарад, аммо то ҳол намедонам чаро? Роҷеъ ба марги Маҳмудҷон Воҳидов, Сайф Раҳим ва чанд барномаҳои пажӯҳишии дигар ҳам кардем, ки нашр нашуд.
Озодӣ: Дар бораи фазои пур аз сабқати телевизион ҳарфҳо бисёр шунида мешавад. Мегӯянд, танҳо бо ҳунари худ шӯҳрат ба даст овардан осон нест. Шумо дар ин бора чӣ мегӯед?
Орзу Исоев: Шояд савол то ҷое нисбӣ бошад , зеро ҳар як инсон агар эҷодкор бошад бо таври инфиродӣ атвори худро дорад. Шояд ба худи инсон вобаста бошад, ки то куҷо дар рӯ ба рӯи монеаҳо истодагарӣ мекунанд. Зеро ман тасодуфан ба телевизион омадам ҳарчанд, ки дар дил ин ниятро ҳам доштам. Ба телевизиони «Сафина» ҳам бе ягон дастгирӣ омадам. Чун нияти ба муҳоҷират ба Русия рафтан доштам. Вақте кушодашавии «Сафина»-ро шунидам, инҷо ҳам тасодуфан бо як даста бастаи дискҳо ва барномаҳо омадам ва пешниҳод кардам, қабул карданд.
Ифтихор мекунам, ки дар инҷо бо беҳтарин инсонҳо, коргардонҳо Носир Саидов, Зевар Давлатова ва онҳое, ки ҳунари хуб доранд, аммо кори онҳо аз паси парда аст, яъне коргардонҳо, равшаидиҳандагони саҳнаву техникӣ шинос шудам.
АГАР РАҲБАР МЕБУДАМ...
Озодӣ: Гуфтед, ки барномаҳои пажӯҳишӣ пахш нашуд ва сарнавишти заҳматҳо, чӣ шуд барномаҳоро дар даст доред?
Орзу Исоев: Не, ман ҳаққи муаллифии ин барномаҳоро надорам. Зеро ҳамчун шахси индувидуалӣ ҳуқуқ надорам, ки худро соҳиби ин барномаҳо ҳисоб кунам. Ҳуқуқи муалифиашон ҳам ба телевизиони «Сафина» аст. Онҳо дар бойгонии телевизион супорида шуданд..
Озодӣ: Агар раҳбари шабакаҳои телевизион мебудед, кори телевизионро чӣ гуна ба роҳ мемондед, киро ба кор ҷалб мекардед.?
Орзу Исоев: Ислоҳот, куллан ислоҳот мекардам, зеро пешниҳоди барномаҳои телевизионии имрӯзаи ҷаҳонӣ тамоман фарқ дорад. Бо пешниҳоди барномаҳои тафреҳӣ, сабку услуб, ҷудосозии жанрҳо тафреҳ ё чизе набошад, дар кори телевизион ислоҳот ворид мекардам.
Озодӣ: Шумо ҳайрон намешавед, ки чаро телевизионҳо бисёр ба мақомот тамаллуқ мекунанд ва аз дард ва мушкилоти рӯзи мардум кам мегӯянд? Албатта спесификаи кори Шумо дигар аст, аммо ҳамчун шаҳрванди чӣ назар доред?
Орзу Исоев: Ҳукумати мо роҷеъ ба мушкилот гап заданро дӯст намедорад. Ва намехоҳанд, ки хабарнигорон дар ин бора гӯянд. Гузашта аз ин дӯст намедоранд, ки дар сатҳи ҷомеа аз тарафи хабарнигорон масъалае бардошта шавад. Ба қариби як саҳифаи интернетро кушода, хондам, ки гурӯҳи «ПАРЕМ»-и мо ба радиои «Маяк»-и Москав рафтааст ва аз тарафи ровӣ нисбати гурӯҳи «ПАРЕМ» ҳарфи нораво
гуфта шудааст. Онҳо аз ин ранҷиданд. Гурӯҳи «Парем» ба Вазорати корҳои хориҷӣ муроҷиат карданд ва вазорат бе ягон истиҳола ва таъхирандозӣ ба сафорати Русия дар Тоҷикистон нота фиристодааст .
Ин нота ҳам ба дасти ровии «Маяк» афтидааст, бори дуввум ровӣ дар нашри мустақим онро хонд бо ишораҳои нозебу нораво. Ии барнома дар Youtube ҳам аст ва хулоса кардам, ки дар қиболи як баҳси нодаркор мақомоти мо вокуниш нишон медиҳанд. Аммо, чун ҳар сол ҳудудуди 500-600 корвони ҷасади шаҳрвандон меоянд, мақомот хомӯш аст. Ин хандовар аст. Аммо, мақомотро хуш намеяод, ки дар бораи мушкилот гӯем ва вокуниш нишон диҳем. Яъне ҳамин аст, дар ҳоле, ки мегӯянд ҳарчанд аз масъала гурезӣ ҳамон қадар жарф мешавад. Ба ҷои он, ки масъаларо ҳал кунанд аз масъала мегурезанд.
Озодӣ: Имрӯз иддае аз сарояндаҳои ҷавон, сурудҳо ва оҳангҳоии Шуморо мехонанд, аз ин хушатон меояд?
Орзу Исоев: Албатта, ин ҳамкорӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ барои ман хуб аст.
Нозияи Кароматулло суруди «Нагу, Нагу», «Зара ашки марҷон», «Танҳоӣ», Муҳамадрафии Кароматулло, «Дер боз ноошноем», Нигина Амонқулова «Ку бигу ошиқамӣ» «Дар раҳи ишқи ту ҷигар сӯхатам аз ту хабар нест» мехонанд, барои гурӯҳ «Авесто», Шабнами Тоҷиддин, Фирӯза Ҳафизова, Баҳодури Ғаффурзод, навиштаам, хулоса зиёданд. Нав барои Шабнами Сурайё навиштанро сар кардам.
Озодӣ: Суруд ҳам мехонед?
Орзу Исоев: Не, суруд хонда наметавонам, аммо суруд менависам.
Озодӣ: Дар кадом ҳолат суруд ва шеър менависед?
Орзу Исоев: Вақте маро ба барандагӣ ба туйҳо ё маъракаҳои дигар мебаранд ва минбар ба сарояндаҳо дода мешавад ва рақсу оҳанг ҷаз мегирад, ман дар як кунҷ то фаро расидани фурсатам дар блоги телефонам суруд ва шеър менависам. Дар ҳамон авҷи оҳангу шурӯи шодии базм.
ФАҚРИ ИҶТИМОӢ МАРО БА ТЕЛЕ-ШОУ ОВАРД...
Озодӣ: Чаро Шумо ба Шоу-бизнес рӯ овардед, эҳтимолан хонаводаи Шумо мехост, ки прокурор бошед ё ҷарроҳ. Не?
Орзу Исоев: Аз фақри иҷтимоӢ. Умуман он шароити иҷтимоӣ, ки дар пойтахт доштам. Аввал аз он шурӯъ шуд, ки ба барномаҳои консертӣ ба ҳайси баранда мерафтам ва то ҷое ба вазъи иҷтимоӣ мусоидат кард.
Озодӣ: Чанд сол пеш дар роҳ вохӯрдем шаб буд, ҳаво боронӣ буд, шитоб доштӣ, ки то ба хонаи иҷораат ба «Саховат» бирасӣ, чун дар кисса пайса надоштӣ, ҳоло чӣ? Вазъи иҷтимоӣ беҳ шудааст?
Орзу Исоев: Имрӯз аз он рӯзҳо дида хуб аст. Он рӯзҳоро ба ёд меорам бовар намекунам, гуё, ки афсонае буд. Борҳо пиёда мерафтам ва боз пиёда ба кор меомадам. Ҳамааш паси сар шуд. Ҳоло соҳиби хона ҳам нашудам, вале имкони иҷора гирифтан аст ва нақлиёти шахсӣ дорам. Ду моҳ дар як вагон дар пойтахт иҷора будам.......
Озодӣ: Дар Теле-Шоу, эҷоди оҳангу сурудҳо то куҷо ба шароити иқтисодии Шумо таъсири мусбат расонидааст?
Орзу Исоев: Хуб аст, барои як шеър аз 100 то 200 доллар мегирам аз сарояндаҳо. Клипҳоро таҳия мекунам, ки ба ивази ин 100 доллар мегирам дар баробари ин дар дубляжи филмҳо ва барномаҳои консертӣ иштирок мекунам.
Озодӣ: Шумо издивоҷ кардаед? Шояд дӯстдухтар доред ва оё мухлисони ҷавон шабу рӯз ба мобил занг мезананд ва Шумо аз онҳо дар фирор ҳастед ё не?
Орзу Исоев: Не, ман оиладорам, дӯстдухтар буду бо вай издивоҷ накардам. Мо дар шаҳри Қурғонтеппа зиндагӣ мекардем. Онҳо аз шаҳр кӯч бастанд. Ва баъди се соли кӯчбастани онҳо хонадор шудам. Тамоми рӯзро ба иқрои нақшаи кор сарф мекунам. Вақте занг мезананд, мегӯям, ки сари чанбари мошинам. Боз занг мезананд, мегӯянд, ки дар ҷое таваққуф намекунед, доим сари чанбаред. Ҳама вақт марзро риоя мекунам.
Озодӣ: Боре шудааст духтарон изҳори муҳаббат кунанд?
Орзу Исоев: Бале, бисёр, аммо мегӯям, ки ман издивоҷ кардаам. Ва кӯшиш, мекунам, ки бо нармиву хубӣ фаҳмонам, ки дер кардед.
Озодӣ: Дар телевизион ояндаи ҳунарманд ва умуман бунёди карераи ҳунарманд ба чӣ вобаста аст?
Орзу Исоев: Аслан вобаста аст ба ҳадафи худи инсонҳо. Ман намепазирам шахсеро, ки телевизионро ҳамчун пули гузариш барои мансабе истифода мекунад. Телевизион омӯзиши ҳаррӯзаро талаб мекунад. Нафаре, ки ба телевизион садоқат дорад, ҳеҷ гоҳ аз он намеравад. Кори телевизион душор аст, аммо нафаре, ки меҳр дорад, ин ҳамаро кабул мекунад.
«ВАКИЛ ШУДАНӢ НЕСТАМ»
Озодӣ: Шумо ояндаи худро чи гуна тасаввур мекунед. Мумкин мехоҳед дар оянда узви парлумон бошед. Ё опера нависед ё хайр?. ....
Орзу Исоев: Не, даъвои парлумон ҳам надорам. Дар ҳамин коре, ки ҳоло мекунам мемонам. Ман дар донишкадаи ҳунарҳои зебоӣ ба номи Турсунзода дар курси чоруми коргардонӣ таҳсил мекунам.
Озодӣ: Он барномаҳое, ки дар телевизон пахш нашуд меҳри Шуморо ба кор дар телевизон кам накард ва дур нашудед?
Орзу Исоев: Хело дур шудам, аввалан ҳамчун коргари расмӣ кор мекардам, ҳоло тавассути шартнома. Дар сурати зарурат дар кор ҳозир мешавам, дар дигар рӯзҳо ба корҳои худам машғулам агар ҳамин хел рафтан гирад маро дур мекунад. Аммо, шогирдони бисёр дорам, ки ба онҳо кори коргардонии таҳияи барномаҳо, навиштани мавод дар матбуотро меомӯзонам.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад