Сипас оғози фестивали мазкурро вазирони фарҳанг ва маорифи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ва Абдуҷаббор Раҳмонов ба ҳозирин шодбош ва меҳмонони фестивалро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Дар ин ҷашнвора Максим, Юлия Савичева аз Русия, Айк Каспаров аз Арманистон, Серан Исмоилхонов аз Озарбойҷон, Алена Ланская аз Беларус, гурӯҳи “Роҳат Луқум” аз Қазоқистон, Ҷанета Бобкова аз Қирғизистон ва гурӯҳи “Real О” аз Украина иштирок ва ҳунарнамоӣ карданд. Тоҷикистонро имсол дар дуввумин ҷашнвораи мусиқии «Осмони Иттиҳод» се ҳунарманди ҷавону умедбаш - Меҳрнигор Рустамова, Нозияи Кароматулло ва Зикриоллоҳ Ҳакимов намояндагӣ карданд.
Нозия Кароматулло бо таронаи тозае бо номи «Ту танҳо, ту» сазовори истиқболи гарми ҳозирин гардид. Зикриоллоҳ бошад бо таронаи «Ватан» бар матни шоири саршиноси тоҷик Гулрухсор қалби мизбонон ва меҳмонони фестивали байналмилалии «Осмони Иттиҳод»-ро тасхир намуд.
Тамошобинон ҳунарнамоии меҳмонони фестивали «Небо Содружества»-ро хеле гарм истиқбол намуданд. Сурудҳои Серан Исмоилхонови озарӣ ва Айк Каспарови арманӣ ва гурӯҳи овозхонони қазоқро сокинони пойтахт, хусусан ҷавон бо кафкӯбиҳо ва дастафшониҳои тӯлонӣ истиқбол намуданд.
Пазироии бесобиқа аз "Небо Содружества" дар Душанбе
Ҷавонтарин меҳмони ин фестивали дӯстиву ҳамгироӣ, Алена Ланскаяи 18-сола аз Белорус буд, ки сурудҳояш бо садои форам ва ҳаракатҳои зебову саҳназебаш ҳамовозии пуршӯри ҳозирини толорро дарёфт намуд.
Ҳунармандони дигаре, ки саҳнаи толории консертиро бо таронаҳои шӯх ва рақсиашон гулборон ва ҷавондухтарону писарони зиёдаро ба рақс дароварданду ба барнома ҳусни анҷом бахшиданд, ҳунармандони кишвари Русия, Максим ва Юлия Савич буданд.