Оғози роҳи дарози наҷоти евро

Раҳбарони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, ки буҳрони евро хобро аз чашми онҳо рабуда буд, шаби гузашта низ ба хотири ҳалли буҳрон бедорнишин буданд.
Онҳодар ниҳояти амр ба созиш расиданд, ки барои наҷоти Юнони дармонда дар буҳрони молӣ, нимиғи қарзҳои давлатии онро ботил кунанад.

Дигар бахши тарҳи эмин нигаҳ доштани кишварҳое ба мисли Итолиё ва Испониё аз буҳрони молӣ, қарор шудааст, ки Сандуқи кӯмакҳои молӣ ба Аврпуо то 1 триллион евро афзоиш ёбад.

Хозе Мануэл Баррозо, раиси Кумиссёни Аврупо пас аз музокирати даҳсоатаи шаби чаҳоршанбе дар ин бора гуфт: "Барномаи фарогире, ки имшаб ҳосил шуд, баёнгари он аст, ки Аврупо барои таъмини эътидоли молии худ ҳар кори мумкинро мекунад. Ман қаблан гуфта будам ва боз ҳам мегӯям, ки ин дави босуръат дар масофаи кӯтоҳ нест, ин як марафон аст.”


Ба гуфтаи Николя Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса, ин натиҷа мӯҷиби осудагии хотири кулли дунё шуд, ки аз ҳавзаи евро тасмими қавиеро интизор дошт. Буҳрон дар ҳавзаи евро нахуст аз Юнон сарчашма гирифт, ки қарзи давлатиаш беш аз ҳад афзуд ва барои наҷоти он аз варшикастагӣ Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байнулмилалии Пул шитофтанд.

Ҳоло бо ботил кардани тақрибан 100 миллиард евро қарзҳои ин кишвар, бонкҳои Аврупо бояд дарди ин қарорро бикашанд. Аммо раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо гуфтанд, 90 бонки бузурги минтақа бояд бо дарёфти 106 миллиард евро пули нақд, сармояи худро афзоиш диҳанд ва агар ба дарёфти ин пул аз бозорҳои молӣ ноил нашуданд, ҳукуматҳои Иттиҳодияи Аврупо ҳамёни худро боз мекунанд.

Хозе Мануэл Баррозо

Иттиҳодияи Аврупо метарсид, ки буҳрони молии Юнон ба Испониё ва Итолиё сироят намуда ва евроро дар арсаи ҷаҳонӣ беэътибор мекард. Ҳоло барои эмин нигаҳ доштани ҳарду кишвар аз бӯҳрон, раҳбари Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифтанд, ки ҳаҷми Сандуқи кӯмакҳои молии Аврупо аз 440 миллиард ба як триллион евро афзуда шавад, то дар сурати зарурат кишварҳои муҳтоҷ тавонанд, аз ин хазина бе дарди сари зиёд кӯмак бигиранд.

Ҳерман Ван Ромпуӣ, раиси Иттиҳодияи Аврупо дар ин бора гуфт: "Ҳаҷми хазина бо назардошти вазъи бозорҳо ва вокуниши сармоягузорон ба сиёсатҳои иқтисодӣ метавонад, то як миллиард евро бирасад."

Тавофуқ бар сари барномаи наҷоти ҳавзаи евро аз буҳрони молӣ бояд хабари хушҳолкунандае низ барои Тоҷикистон бошад, зеро дар сурати амиқрафти буҳрон, иқтисоди кишвар низ ранҷи онро мекашид.

Константин Бондаренко, иқтисоддон ва раиси Маркази бозори озод дар Тоҷикистон мегӯяд: "Дар маҷмӯъ, ҳар рӯйдоди бузурги васеъмиқёс ба мисли буҳрон дар Иттиҳодияи Аврупо метавонад ғайримустақим ба Тоҷикистон таъсир гузорад. Таъсир занҷираӣ мешавад, яъне ин буҳрон ба кишварҳои дигар сироят мекунад ва аз он кишварҳо ба Тоҷикистон. Дигар ин ки Тоҷикистон аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо кӯмакҳои муаяйне ба мисли кӯмакҳои молии бебозгашт ва қарз мегирад. Аз ҷумла, Олмон ва дигар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо фаъолона ба Тоҷикистон кӯмак мекунанд. Агар ин кӯмакҳо камтар шавад ва барои иҷрои барномаҳои оддии иқтисодии Тоҷикистон нарасад, ин низ дар иқтисоди кишвар эҳсос мешавад."

Дигар аз таъсири бӯҳрони евро метавонист, ба захираҳои арзии Тоҷикистон бошад, ки як бахши умдаи он бе евро нигаҳ дошта мешавад ва дар сурати поён омадани арзиши евро, тавонмандии молии Бонки Миллии Тоҷикистон низ заиф мешуд.