Матбуот: Аз қатли Қаззофӣ то пахтаҳои Тӯраҷонзода

Сӯхтор дар корхонаи пахтаи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, марги зиллатбори Муаммар Қаззофӣ ва сафари Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико ба Тоҷикистон аз мавзӯъҳои аслии нашрияҳои чопи Душанбе мебошад.
"ФАРАЖ"

Ин нашрия менависад, "Нимашаби 24 октябр корхонаи пахтаи шаҳри Ваҳдат, ки мутааллиқ ба Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мебошад, оташ гирифт. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ин оташсӯзиро як амали тарҳрезишуда ва ҳадафмандона хондааст. Аммо ҳанӯз касе гуфта наметавонад, ки «кӣ қасди Тӯраҷонзода кардаву корхонаи пахтаи ӯро оташ задааст." Ин нашрия навиштааст, Ҳ.А.Тӯраҷонзода барои ошкоркунандагони омилони ин ҷиноят ҷоиза ваъда кардааст.

"ОЗОДАГОН"

Аз қасди таъсиси як ҳизби нави сиёсӣ хабар дода ва аз қавли Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Маскав навиштааст, "Мо - ҷавонони кишвар низ ҳадафи таъсиси як ҳизби сиёсиро дорем, ки салоҳияти ҳалли на танҳо мушкили муҳоҷирон, балки тамоми мушкилоти дигари ҷомеаро дошта бошад." Ҷаноби Амон роҷеъ ба изҳороти Каромат Шарифов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик, ки қасди таъсиси ҳизби муҳоҷиронро дорад, гуфтааст, «ҳизбе ба ин гуна мавқеъгирӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон муваффақ нахоҳад шуд». Аммо бештар аз ин, "Озодагон" дар марвиди ҳадафи таъсиси ҳизби нав ва афроди дастандаркори он иттилоъ надодааст.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Хулосаи матолиби нашрияҳои чопи Душанбе, 27 октябр



"АЗИЯ-ПЛЮС"

Ин суханони Ҳилларӣ Клинтон, вазири хориҷаи Амрикоро нақли қавл кардааст, ки роҷеъ ба Роғун гуфтааст, "Биёед, хулосаи коршиносони Бонки Ҷаҳониро интизор шавем. Фикр мекунам, онҳо мӯшикофона ин масъаларо меомӯзанд. Ман ҷонибдори ин нестам, ки қароре фақат ба хотири он қабул шавад, ки ба касе маъқул нест. Бояд аз зовияи дигар ба масъала нигоҳ кард, аз он зовия, ки кадом роҳи ҳал ба суди Тоҷикистон аст. Ин гузинаи беҳтар аст."

"СССР"

Дар матлабе зери унвони "Қаззофӣ ва мулллоҳои (ғайри) миллӣ» навиштааст, "Вакханалия ё ҷашну шодие, ки араб рӯи мурдаи Қаззофӣ кард, ба истилоҳ "тӯи саг рӯзи мурдаи харро мемонд". Ва беҳтарин ҳушдор ба тоҷик буд, ки аз муллоҳои провокатори арабпараст ҳарчӣ зудтар фосила бигиранд." Аммо "Озодагон" бо ишора ба қазияи куштори зиллатбори Қаззофӣ менависад, «Хатар мисли шабаҳе дар фазои Осиёи Марказӣ мечархад. Шояд ин суол матраҳ шавад, ки роҳи бурунрафт аз ин вазъият кадом аст? Бозгашти ҳама ба сӯи Худост, аммо муҳим он аст, ки бозгашт чӣ гуна ва бо кадом шева сурат мегирад.»

"НАҶОТ"

Нашрияи Ҳизби наҳзати исломӣ хушҳолии худро аз куштани Қаззофӣ пинҳон накарда бо титри дурушт навиштааст, ки "Золиме золимона кушта шуд". Ин нашрия менависад, "ба ҳар ҳол умед мекунем, ки аз ин таҷриба дигарон ибрат бигиранд."

"ИМРӮЗ-НЮС"

Аз қавли қавли Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар бораи сӯхтор дар корхонаи пахтаи ӯ навиштааст, "Сӯхтани заводам сиёсӣ нест. Бале, қарздорҳое ҳастанд, ки гоҳ-гоҳ аз тариқи суд аз онҳо қарзҳоямро талаб мекунам, аммо онҳо ҳам инсонҳои бомаънӣ ҳастанд ва набояд ба ин кор даст зананд. Иҷрочии ин кор ягон нашъаманд аст ва ё ягон инсони қарздор ва муҳтоҷ аст. Албатта, вай супоришдиҳанда ҳам дорад, ки бовар дорем, мақомот ошкор мекунанд."

"НИГОҲ"

Аз изҳори назари як мақоми Афғонистон дар мавриди бознигарии хатти марз бо Тоҷикистон хабар додааст. Раиси Хадамоти геодезӣ ва харитасозии Афғонистон гуфтааст, хатти марзи Афғонистон бо Тоҷикистон ва Узбакистону Қазоқистон бояд аз нав дида баромада шавад. Ин нашрия суол кардааст, ки бознигарии хатти марз бо Афғонистон чӣ хатар дорад? Ва аз қавли коршиносон навиштааст, ки "Хатари асосӣ ин пайдо шудани низоъи нав аст, зеро тақсимот боиси нофаҳмӣ ва ҳатто задухӯрди шадид ҳам шуда метавонад."

"МИЛЛАТ"

Таърихеро аз ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар соли 1992 ба қалам дода ва аз қавли шоҳидони ҳодиса навиштааст, ки дар рӯзи 30 декабри соли 1992 гуруҳи гурезаҳои тоҷик дар пушти симхор дар ноҳияи Панҷ ба дасти гуруҳҳои силоҳбадаст кушта шуданд. Ин нашрия менависад, "сарбозони рус иҷоза доданд, ки силоҳбадастон ба назди гурезаҳо бирасанд ва онҳоро қатл кунанд."