Хонаводаҳои суннатии тоҷик серфарзандиро давлати бузург медонанд ва то агар мушкиле пеш наояд, аз ҳамлу таваллуди фарзанд худдорӣ намекунанд.
Замони шуравӣ серфарзандӣ як навъ обрӯ ва даромад дошт. Баъзан модарон то синни нафақа кор намекарданд ва таваллуду тарбияи аз 6 то 10 фарзанд барои онҳо як навъ даромад буд.
Аммо дар солҳои ахир ин қолаб тақрибан шикаста шуд ва зиндагии мушкили Тоҷикистон теъдоди таваллудҳоро худ ба худ танзим кард. Ин раванд бештар дар шаҳрҳо рушд кардааст, вале аксар занҳои рустоӣ ҳамоно сол дар миён бача таваллуд мекунанд.
Ҳукумати Тоҷикистон низ бо барномаи танзими хонаводаҳо ба шаҳрвандон пайғом додааст, ки оилаҳои худро мувафиқи тавони молиашон бунёд кунанд. Ин ба маъное буд, ки дар сурати серфарзандӣ, хонаводаҳо наметавонанд ба ҷайби ҳукумат чашм бидӯзанд.
Ҷомеашиносон бар ин назаранд, ки танзими таваллуди бачаҳо дар Тоҷикистони камзамин ҳанӯз ҳам ниёз ба ташвиқ дорад ва ба гуфтаи мардум, бояд аз мақоли “кам бошаду хуб бошад” кор бигиранд. Дар як гузориши сари роҳӣ, аз насли нави тоҷикон, аз онҳое, ки бо шиори танзими оила бузург шудаанд пурсидем, ки оё дар таваллуд барномарезӣ зарур аст ва онҳо чанд фарзанд доштан мехоҳанд?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад