Сохтмони "Роғун". Мавқеъ ҳамон аст, ки буд

Ҳукумати Тоҷикистон бо нашри як изҳороти вижа гуфтааст, расонаҳои хабарии бархе кишварҳои минтақа барқасдона роҷеъ ба "Роғун" иттилооти ғалат нашр мекунанд.
Бо пахши ин баёния Тоҷикистон нигаронии худро аз нашри матолиби зидди сохтмони нерӯгоҳи Роғун баён намуда, вале ҳамзамон таъкид кардааст, ки мавқеи давлати Тоҷикистон дар робита ба зарурати анҷоми ин барнома бетағйир хоҳад монд.

"БАРНОМАИ СОХМОНИ "РОҒУН"-РО ҚАТЪ НАХОҲАД ШУД"

Баёния бидуни зикри номи нашрияи мушаххас, расонаҳои хориҷиро ба пахши «маълумоти таҳрифомез» дар бораи нерӯгоҳи “Роғун” муттаҳам мекунад. Тоҷикистон ҳамеша гуфтааст, ки тарҳи Роғун як барномаи ошкор аст ва ин далел, ки коршиносони байналмилалӣ ба омӯзиши он ҷалб шудаанд, бояд ҷойеро барои шубҳаву гумон боқӣ нагузорад ва ин тарҳро ҳамчун далели боз будани мақомот дар ин самт пешниҳод мекунад.

Суҳроб Шарифов

Сӯҳроб Шарифов, мудири Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки бо нашри ин изҳорот давлати Тоҷикистон бори дигар таъкид кардааст, ки барномаи сохтмони Роғунро ба ҳеҷ ваҷҳ қатъ нахоҳад кард. Ба гуфтаи оқои Шарифов, нашри ахбори ҳангомаомез ва пурвоҳима дар атрофи нерӯгоҳ тасмими давлатро дар заминаи то ба охир расонидани ин тарҳ дигар намекунад.

ҲАНГОМАИ РАСОНАҲОИ УЗБАКИСТОН

Ахиран дар бархе аз сайтҳо ва расонаҳои хориҷӣ матолиби интиқодӣ дар иртибот ба сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» зиёд ба нашр расиданд. Барои мисол сайти интернетии Centrasia.ru бо нашри як мақола давлати Тоҷикистонро дар ситонидани маблағ аз аҳолӣ барои сохтмони “Роғун” муттаҳам кардааст.

Ва ё нашрияи « Правда Востока» -и чопи Тошканд низ дар яке аз мақолаҳои ахири худ Тоҷикистонро ба сарпечӣ аз тавсияҳои коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дар робита ба “Роғун” муттаҳам кард ва идомаи пажӯҳиши коршиносони ин бонкро таҳти шубҳа қарор додааст. Дар як моҳи ахир танҳо дар сайти вазорати хориҷаи Ӯзбакистон 8 матлаб дар робита ба хатаровар ва зиёнбор будани Роғун мунташир шудааст. Аммо Тоҷикистон ин ҳама иттиҳомотро рад мекунад ва мегӯяд, «қоидаҳои амалкунандаи Бонки ҷаҳониро риоят» хоҳад кард.

НАРМИШ ДАР МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН?

Бо ин ҳол коршиносон ва таҳлилгарони мустақил мегӯянд, ки баёнияи давлати Тоҷикистон то ҳадде аз нармиши мавқеи ҳукумат дар мавриди таблиғоти барномаи сохтмони “Роғун” гувоҳӣ медиҳад. Тоҷикистон бо он, ки мавқеи худро иваз кардан намехоҳад, аммо мехоҳад масъаларо тавре матраҳ кунад, ки ҷонибҳои зидахл онро бипазиранд.

Саймиддин Дӯстов- масъули созмони иҷтимоии « Индем»

Саймиддин Дӯстов- масъули созмони иҷтимоии « Индем» мегӯяд, ки маъракаи алайҳи “Роғун” ва ё ҷанги иттилоотӣ дар берун ба ҳадде густариш пайдо кард, ки ҳукумат ночор шуд, ҳамин гуна изҳороти сиёсиеро мунташир кунад. Ва ба пиндори оқои Дӯстов, изҳороти мазкури ҳукумат асосан ба кишварҳо ва шариконаш нигаронида шудааст

Дар баёнияи давлати Тоҷикистон ин нукта низ ишора шудааст, ки то ҳол дар ин сохтмон танҳо корҳои тармим ва таҷдиди ончи аз замони Шӯравӣ боқӣ монда буд, ҷараён доранд ва корҳои умда ҳанӯз шурӯъ нашудаанд. Кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон, ки аз ҳама бештар нигарони татбиқи тарҳи Роғун шудааст, мегӯяд, ки ин тарҳ хисороти ҷиддӣ ба думбол дорад ва набояд сохта шавад.

НЕРӮГОҲҲОИ ХУРД НИЁЗИ ТОҶИКИСТОНРО БАРОВАРДА МЕКУНАД?

Ҳукумати Узбакистон борҳо ба ҳамсояи сероби худ машварат додааст, аз пайи сохтани нерӯгоҳҳои хурд шавад ва аз “Роғун” даст бикашад.

Аз ин ҷост, ки Сӯҳроб Шарифов- мудири Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд, ҳеҷ гуна пешниҳодҳои сохтмони нерӯгоҳҳои хурд ва ё ҷустани роҳҳои алтернативии дарёфти манбаи энергетика аз ҷумла бодӣ ва ё офтобӣ ҷои нерӯгоҳҳои миёна ва бузургро гирифта наметавонад.

Агар тарҳ дар ниҳояти амр бунёд шавад, Тоҷикистон истиқлолияти энержӣ ба даст меорад ва ба кишвари содиркунандаи нирӯи энержӣ табдил мешавад, ки дар бозорҳои минтақаи Осиё харидори бешумор дорад. Бо назардошти ин имконот, аксари коршиносон пофишории Узбакистонро ба сабқати пештозӣ дар бозорҳои энержии Афғонистону Покистон ва Ҳиндустон маънидод мекунанд.