Маршал Фаҳим ба Тоҷикистон меояд

Интизор меравад, рӯзи чаҳоршанбе Муҳаммадқасим Фаҳим, муовини аввали раисиҷумҳури Афғонистон вориди Душанбе шавад.
Ин хабарро як манбаъ дар вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ таъйид кард.

Бино ба гузориши манобеи афғонӣ маршал Фаҳим дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани хатти баландшиддати интиқоли барқи Сангтӯда-Пули Хумрӣ иштирок бикунад.

Қарор аст дар ҷараёни сафари худ ба Тоҷикистон, муовини аввали раисиҷумҳури Афғонистон бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидору гуфтугӯ намояд.

Амният дар Афғонистон, масоили ҳамкорӣ дар бахши мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ва ҳифзи марзи ду кишвар аз ҷумлаи масоили мавриди гуфтӯгуи Муҳаммадқасим Фаҳим бо мақомоти Тоҷикистон хонда мешавад.

Фаъол шудани гурӯҳҳои тундрав дар шимоли Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз ҳастанд, як мояи нигаронии ҷониби Тоҷикистон аст.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон зарфи як соли ахир борҳо изҳор намудаанд, ки роҷеъ ба пойгоҳҳои гурӯҳҳои тундраве, ки ҳадафашон фаросӯи Ому ҳаст, иттилоъ доранд. Аз сӯи дигар ҳузури гурӯҳҳое аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон низ дар сафи Толибон борҳо таъйид шудааст.

Як мояи нигаронии дигар афзоиши қочоқи маводи мухаддир аст, ки ба эътиқоди мақомот яке аз манбаъҳои таъмини молии гурӯҳҳои ифротӣ аст.

Коршиносон мегӯянд, дар ҳоле, ки замони хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон эълон шудааст ва нерӯҳои амниятии афғон худро барои пазируфтани масъулияти таъмини амният омода мекунанд, ба пуштибонӣ ва мусоидати кишварҳои ҳамсояи худ аз ҷумла Тоҷикистон, ки 1400 километр марзи муштарак доранд, ниёзманд аст. Ва сафари муовини раисиҷумҳури Афғонистон дар ин росто низ қобили арзёбист.

Муҳаммадқасими Фаҳим, муовини Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати Шимол буд, ки дар соли 2001 баъди шаҳодати ӯ раҳбарии ин ҷабҳаро бар ӯҳда гирифт ва дар конфронси Бонн ба симмати вазири дифои Афғонистон интисоб шуд. Маршал Фаҳим дар охирин интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон, муовини аввали Ҳомид Карзай интихоб шуд.