Федератсиюни байнулмилалии ҳуқуқи башар якҷоя бо Маркази ҳуқуқи башар мавсум ба “Мемориал” гузориши худро зери номи “Тоҷикистон нерӯи корӣ содир мекунад, вале ба чӣ баҳое?” мунташир сохтанд.
Дар ин гузориш омадааст, дар ҳоле ки аз нерӯи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба таври ҳамаҷониба сӯистифода мешавад, ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия бояд барои дифоъ аз ҳуқуқи аслии онҳо тадбирҳои бештар
биандешанд.
Бо назардошти гузориши дигари ин ду созмони ҳуқуқи башар, ки моҳи майи соли ҷорӣ ба нашр расида буд, дар гузориши кунунӣ тадбирҳои ҳукумати Тоҷикистон барои дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирони кориаш, ба вижа дар Русия, ба чолиш кашида шудааст.
Дар гузориш омадааст, ҳоло Тоҷикистон дар вазъи хеле душвори иҷтимоиву иқтисодӣ қарор дорад. Ин аст, ки ҳар сол ҳазорон шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи кор ба хориҷ мераванд. Пулҳои интиқолдодаи онҳо ба Тоҷикистон 40-50 дарсади даромади нохолиси миллии ин кишварро ташкил медиҳад. Бино ба гузориши мазкур, 90 дарсади муҳоҷирони корӣ дар Русия дар бахшҳои сохтмону кишоварзӣ ва дар бахшҳои таъмиру нигаҳдории шаҳрҳои Русия кор мекунанд.
Ҷавоне аз вилояти Хатлон, ки ҳоло дар шаҳри Санкт-Петербург муҳоҷири корист, гузаштаи начандон дури худро ин гуна ба ёд меорад: "Замоне дар мактаб мехондам ва бо дӯстонам дар ҳавлӣ ба суҳбат менишастем. Рӯзе ҷавоне, ки аз мо бузургтар буд, ба назди мо омад. Вай гуфт, ки онҳо низ ҳамин тавр бо ҳамсолонашон менишастанд ва бо ҳам сӯҳбат мекарданд. Вале ҳоло ҳамаашон ба Русия рафтаанд... Вай дуруст мегуфт. Ҳоло аз ҳамсинфони ман ҳам касе дар Тоҷикистон нест. Онҳо ҳама барои кор ба Русия рафтаанд. Бисёре аз онҳо розианд, ки бо чаҳоряки музди корашон дар Русия дар Тоҷикистон машғулияте пайдо ва кор кунанд. Вале ҳамон миқдор пулро ҳам дар Тоҷикистон кор карда наметавонӣ."
Дар Русия бисёриҳо аз нерӯи муҳоҷирони корӣ сӯистифода мекунанд. Ҳам оҷонсиҳои сафарбаркунанда, ҳам миёнравҳо ва ҳам кордиҳандагон. Маъмулан кордиҳандагон шиносномаи муҳоҷиронро бо баҳонаи таҳияи аснод мегиранд ва сипас аз додани дастмузд сар мепечанд ё бахше аз пули корашонро пардохт намекунанд. Набуди қарордодҳои хаттии корӣ барои ба ҷавобгарӣ кашондани кордиҳандагон маъмулан мушкил пеш меорад. Гузашта аз ин, муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ҳамвора мавриди ҳамлаи бегонаситезон қарор мегиранд. Пайдо кардани ҷои зист низ барояшон хеле душвор аст.
Дар гузориши муштараки Федератсиюни байнулмилалии ҳуқуқи башар ва Маркази ҳуқуқи башари “Мемориал” таъсири муҳоҷирати густарда ба вазъи Тоҷикистон низ таҳлил шудааст. Ҳоло ҳукумати Тоҷикистон ба ин масъала рӯ ба рӯст, ки чӣ иқдомотеро бояд рӯи даст бигирад, то ба оқибатҳои манфии чунин муҳоҷират дучор нашавад.
Тоҷикистон соли 2002 Аҳдномаи байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони корӣ ва аъзои хонаводаи онҳоро ба тасвиб расонд. Соли ҷорӣ Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон низ ташкил шуд. Бо назардошти муқаррароти асноди байнулмилалӣ ва қонунҳои дохилии Тоҷикистон Федератсиюни байнулмилалии ҳуқуқи башар ва Маркази ҳуқуқи башар мавсум ба “Мемориал” ба ҳукумати Тоҷикистон як силсила пешниҳодҳо кардаанд.
Ин пешниҳодҳо ба ҳимояти муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия, машваратҳои ҳуқуқӣ, мубориза бо сӯистифода аз нерӯи онҳо, доир кардани омӯзишҳои вижа, ташкили марказҳои иттилоотӣ дар фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳани Тоҷикистон, расидагӣ ба кирдори кордиҳандагон ва афроде, ки муҳоҷирони кориро фиреб медиҳанд, ташкили телефонҳои боварӣ дар минтақаҳои аслии кори муҳоҷирон дар Русия ва амсоли он иртибот дорад.
Чун дар Русия барои таҳияи асноди ҳуқуқуии муҳоҷирони корӣ мавориди ришваситонӣ хеле зиёд аст ва ҳатто нархи таҳияи расмии асноди онҳо хеле гарон мебошад, дар гузориш пешниҳод шудааст, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳалли ин мушкилотро низ бояд дар назар бигирад. Гузашта аз ин, тибқи муқаррароти байнулмилалӣ муҳоҷирони корӣ бояд бима (суғурта)-и тиббӣ дошта бошанд ва аз ҳуқуқу имтиёзҳои дигари маъмулии коргар бархӯрдор бошанд.
Бино ба маълумоти ғайрирасмӣ, ҳоло дар Русия беш аз як миллион муҳоҷир аз Тоҷикистон кор мекунад ва солона ҷасади садҳо нафари онҳо, ки аз беморӣ ҷон медиҳанд ва ё кушта мешаванд, ба Ватан интиқол меёбад.
биандешанд.
Ҳоло аз ҳамсинфони ман ҳам касе дар Тоҷикистон нест. Онҳо ҳама барои кор ба Русия рафтаанд...