Дмитрий Рогозин, намояндаи хоси Русия дар Паймони Атлантики Шимолӣ ё НАТО
Дмитрий Рогозин, намояндаи вижаи Русия дар НАТО гуфтааст, мақомоти Тоҷикистон аз гароиши ҷавонони муҳоҷир ба гурӯҳҳои тундрав дар Русия нигарон шудаанд.
Оқои Рогозин гуфтааст, ки нигаронии ҷониби Тоҷикистон дар сӯҳбати ӯ бо вазири хориҷии Тоҷикистон дар Брюссел матраҳ шудааст: “Ӯ (манзур вазири умури хориҷии Тоҷикистон) мегӯяд, онҳо бо камоли майл шаҳрвандонашонро ба Русия ба мардикорӣ мефиристанд, то ин ки онҳо зери таъсири толибони иртиҷоӣ ва исломиҳо қарор нагиранд ва дар Руссия бо фарҳанг ва тамаддун ошноӣ пайдо кунанд. Вале, баръакс, муҳоҷирони мо аз Русия муҷоҳид ва иртиҷоӣ шуда бармегарданд.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Вокунишҳо ба гуфтаҳои Рогозин, намояндаи хоси Русия дар НАТО
Ҳамзамон Дмитрий Рогозин таҷаммӯъи муҳоҷирон дар масҷидҳои кишварашро на ҳамчун адои фароизи динӣ, балки намоиши қудрат ва сарҷамъии муҳоҷирон арзёбӣ кардааст. Бисёре аз коршиносон ин изҳороти Рогозинро як барномаи пеш аз интихоботии Владимир Путин ва тарс додани мардуми маҳаллӣ аз муҳоҷирони корӣ маънидод мекунанд.