Путин гуфт, “Тоҷикистон бояд интизор шавад”

Владимир Путин, сарвазири Русия

Владимир Путин гуфт, Тоҷикистон танҳо баъд аз Қирғизистон метавонад узви Иттиҳоди гумрукӣ бишавад.
Сарвазири Русия дар нишасти ҳамтоёнаш аз кишварҳои Шӯравии собиқ дар Санкт-Петербург гуфт, дарҳои Иттиҳоди гумрукӣ барои кишварҳои дигар низ боз аст, вале Тоҷикистон ба маҳзи надоштани марзи мустақим бо аъзои кунунии ин ду иттиҳод танҳо баъд аз Қирғизистон метавонад ба онҳо бипайвандад.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ду рӯз пеш дар Петербург дар радифи 8 кишвари пасошӯравӣ ба созишномаи таъсиси минтақаи озоди тиҷоратӣ имзо гузошт. Ҳадафи Душанбе ба даст овардани шароити боимтиёз дар тиҷорат бо кишварҳои Шӯравии собиқ аст. Ба хусус бо Русия, ки аз соли 2010 рӯи содироти маҳсулоти нафтиаш ба Тоҷикистон боҷи гумрукӣ андохт ва ин боиси афзоиши башиддати нархи бензин дар Тоҷикистон шуд.

Иттиҳоди гумрукии кишварҳои Ҷомеаи Муштаракулманофеъ дар ҳоли ҳозир аз се кишвар - Русия, Белорус ва Қазоқистон иборат аст.
Пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукии кишварҳои Муштаркулманофеъ имкон хоҳад дод, ки иқтисоди ин ҷумҳурӣ ба пешравиҳои назаррас ва қобили мулоҳиза даст ёбад.

Масъулони Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон мегӯянд, узвият дар ин Иттиҳодия аз он ҷиҳат барои Тоҷикистон муҳим аст, ки монеаҳои мавҷуди сарҳадӣ барои гардиши мол ва доду ситад аз байн меравад. Афзун бар ин, мизони болои молиёт ва боҷҳои гумрукӣ дар марзҳо коҳиш ёфта, имкон фароҳам хоҳад овард, то ба бозорҳои Тоҷикистон маҳсулот арзонтар ворид шавад.

Аммо бархе аз иқтисоддонҳои тоҷик бо ин ки узвияти Тоҷикистон ба ин Иттиҳодияро як амри зарурӣ ва ногузир меҳисобанд, ба ин нукта низ таъкид мекунанд, ки Тоҷикистон бояд бо шартҳои худ вориди ин созмон шавад. Ҳоҷимуҳаммад Умаров, донишманди тоҷик, мегӯяд, пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳодияи гумрукии кишварҳои ИДМ дар дарозмуддат барои Тоҷикистон муфид хоҳад буд. Зеро бар пояи шароити ин Иттиҳодия кишварҳои пешрафтаи он муваззафанд, ки кишварҳои ақибуфтодаро барои таъмин бо фанновариҳои муосир кӯмак кунанд.