Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ба манзури такмили ихтисос, иддае аз ҷавонони ин кишварро барои таҳсил ба давлатҳои исломӣ бифиристад.
Мавлон Мухторов, муовини раиси кумитаи дини Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин амрро ба хотири танзими таҳсили шаҳрвандони ин кишвар дар хориҷа ва ба манзури ҷилавгирӣ аз бесарусомонӣ дар ин раванд гирифтанд.
ТАҲСИЛ ДАР ХОРИҶА ТАНЗИМ МЕШАВАД
Ба ин тартиб он гуна, ки Мавлон Мухторов, мегӯяд ҳамакнун дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои корҳои хориҷа ва маорифи Тоҷикистон музокирот бо чаҳор кишвари исломӣ, ба хусус Мисри Араб, Эрон, Арабистони Саъудӣ ва Афғонистон рӯи даст гирифта шуда ва интизор меравад, ки донишҷӯёни мо дар донишкадаву донишгоҳҳои расмии ин кишварҳо ба таҳсил фаро гирифта шаванд.
Ҷаноби Мухторов ҳадафи ин иқдомро чунин шарҳ дод: «Барои ба танзим даровардани таҳсили шаҳрвандон дар хориҷи кишвар ин иқдом сурат гирифт. Зеро ҳукумат, Кумитаи дин, вазорати маорифи Тоҷикистон бояд бидонад, ки ҷавони ин кишвар дар кадом донишкадаву донишгоҳҳои кишварҳои исломӣ таҳсил доранд. Чун вазъияте шуд, ҷавонон бо таҳсили ғайриқонунӣ дар донишкадаҳои кишварҳои исломӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастанд.»
Ин дар ҳолест, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз моҳи августи соли 2010 иқдом ба бозпас овардани донишҷӯёне, ки дар мадориси кишварҳои исломӣ ба таври ғайриқонунӣ таҳсил менамуданд, кард ва дар натиҷа 1126 нафари онҳо ба Тоҷикистон оварда шуданд. Аммо тибқи иттилои расмӣ, ҳудуди 2417 ҷавони тоҷик дар мадориси кишварҳои исломӣ таҳсил мекардааст.
ДОНИШҶӮЁНИ БОЗГАШТА ЧӢ КОР МЕКУНАНД?
Мақомоти кумитаи дини Тоҷикистон мегӯянд, ки аз ҷумлаи ҷавононе, ки ба ватан оварда шудаанд, танҳо 184 нафари онҳо ба таҳсил дар мактабҳои миёна ва донишкадаву донишгоҳҳои ин кишвар фаро гирифта шудаанд. Ба гуфтаи ин мақомот, бақияи афрод дар дигар корҳо, аз ҷумла истеҳсолот ва бозор машғул ҳастанд.
Ҳоло суоли матраҳ низ ин аст, ки оё тасмими ахири Кумитаи дин дар мавриди таҳсили шаҳрвандони ин кишвар дар кишварҳои исломӣ ба он идда донишҷӯёне, ки аз хориҷи кишвар оварда шудаанд, рабт мегирад ё хайр?
Мавлон Мухторов дар посухи ин суол гуфт, ки ин тасмим танҳо ба хотири такмили ихтисоси ҷавонон пас аз хатми донишкадаву донишгоҳҳои Тоҷикистон сурат мегирад. Яъне ба таъкиди ҷаноби Мухторов, нахуст ҷавонони тоҷик бояд дониши лозимиро дар дохили кишвар гирифта ва пас аз фориғуттаҳсил шудани донишгоҳ ба хориҷа барои такмили донишу таҷриба фиристода мешаванд.
Коршиноси тоҷик, Баҳриддини Пӯлодӣ ибрози умедворӣ мекунад, ки шояд ба ин иқдоми кумитаи дини Тоҷикистон низ баъзе аз он ҷавононе, ки ахиран аз хориҷи кишвар оварда шудаанд, ҷалб шаванд: «Худи мақомот низ мегӯянд, ки беш аз 180 нафари он ҷавонон ба донишкадаву донишгоҳҳо дар Тоҷикистон фаро гирифта шуданд. Бубинед, баъзе аз ин ҷавонон курси 3, 4 ва ё 5 ҳастанд ва ҳатман, ки пас аз хатми донишгоҳ мумкин аст, онҳо ба такмили ихтисос равон карда шаванд.»
ДОНИШГОҲИ ИСЛОМӢ БА ТАЛАБОТ ҶАВОБГӮ НЕСТ?
Ин дар ҳолест, ки бархе аз донишҷӯёни Донишгоҳи исломии Тоҷикистон мегӯянд, ки на ҳама устодонашон мутахассиси соҳаанд ва онҳо мехоҳанд, то дар донишгоҳҳои кишварҳои исломӣ таҳсил кунанд. Як донишҷӯи Донишкадаи исломии Тоҷикистон, ки нахост номаш номаш ифшо шавад, дар ин бора мегӯяд: «Аслан дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба талаботи донишҷӯён ҷавобгӯ нестанд. Устодони дар хориҷа мехондагӣ меомадагӣ фаҳмишу фаҳмондадиҳиашон хубтар аст. Агар ҳамин қонун тасдиқ шавад, беҳтар аст, ки мо ба таври қонунӣ дар хориҷи кишвар, ки муҳиту шароити таҳсили исломӣ доранд, хонем ва омада дар Тоҷикистон барои кишвар хизмат кунем.»
Зимнан, Донишкадаи исломии Тоҷикистон танҳо муассисаи олии таълими исломӣ дар ин кишвар аст, ки аз чанд сол бад-ин сӯ фаъолият дорад. Бештари устодони ин донишкада хатмкардаҳои донишгоҳҳои худи Тоҷикистон аст, ба ҷуз чанд нафари онҳо, ки дар хориҷи кишвар, ба хусус донишгоҳҳои исломии Покистону Эрон таҳсил кардаанд. Дар назди ин донишкада, як мадраса низ фаъол ҳаст, ки хонандагони синҳои 6 то 10-ро дар бар мегирад.