Гузаргоҳи «Кокул» воқеъ дар ноҳияи Фархор, ягона гузаргоҳи расмӣ, ки навоҳии минтақаи Кӯлобро бо Афғонистон мепайвандад, аз фаъолият бозмондааст.
Ин наздиктарин гузаргоҳ барои кишоварзони минтақаи Кӯлоб буд, ки барои интиқоли маҳсулоти кишоварзии худ аз он истифода мекарданд.
ГУЗАРГОҲИ "КОКУЛ" БАСТА ШУД
Аммо Рустам Латипов, сардори дидбонгоҳи гумрукии «Кокул» мегӯяд, ҳоло кишоварзон наметавонанд, аз ин гузаргоҳ истифода баранд. Ба гуфтаи ӯ, дастгоҳе, ки мошинҳои боркашро аз ин тарафи соҳили рӯдхонаи Панҷ ба он тараф мебурд, комилан хароб шудааст ва ҳоло кишоварзон барои интиқоли маҳсулоти худ маҷбуранд роҳи дуртареро интихоб кунанд.
Ҷаноби Латипов дар ин робита афзуд: «Ҳоло мушкили дар ҳамин аст, ки ҳамон дастгоҳ пурра фарсуда шудааст. Дигар он борро бо ҳамон нақлиёт бурда наметавонад. Дар ҳақиқат ҳоло одамони зиёде муроҷиат мекунанд, ки борҳоямонро интиқол диҳем, аммо бо дарназардошти ин мушкил ба онҳо ҷавоби рад медиҳем. Ҳоло аз ин ҷо бо мушкил ягон-ягон сокинон рафтуомад карда метавонанду тамом. Дигар ҳоло мо наметавонем, ин таҷҳизотро таъмир кунем ва то сохтани кӯпрук ҳеҷ коре карда наметавонем.»
Солҳои пеш аз ин гузаргоҳ садҳо тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пиёзу картошка ва себу зардолуи деҳқонон ба бозори Афғонистон ворид мегардид. Аммо ҳоло кишоварзони минтақаи Кӯлоб барои интиқоли маҳсулоти худ ба Афғонистон ба дигар гузаргоҳҳое, ки роҳи дуртаре доранд, мераванд.
"МАҲСУЛОТИ ТОҶИКИСТОН ДАР АФҒОНИСТОН ХАРИДОР ДОРАД"
Масъулини ҷамъиятҳои матлубот дар минтақаи Кӯлоб, ки маҳсулоти кишоварзиро ҷамъоварӣ ва ба Афғонистон интиқол медиҳанд, баста шудани гузаргоҳи «Кокул»-ро ба манфиати кор намедонанд.
Амиралӣ Раҳимов, собиқадори Ҷамъияти матлубот дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар Афғонистон харидорӣ зиёд дорад, аз ин рӯ, фаъол будани гузаргоҳҳо аз манфиат холӣ нест.
Ӯ мегӯяд: «Содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Афғонистон нишон дод, ки мо дар он ҷо харидорӣ худро пайдо кардаем. Аз оне, ки то Русия мебарем, Афғонистон ба мо наздиктару хубтар аст. Барои ҳамин фаъол будани гузаргоҳҳо ба он оварда мерасонад, ки деҳқонон тезтару хабтар маҳсулоти ҷамъовардаи худро ба фурӯш гузоранд.»
Дар ҳамин ҳол, Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигори маҳаллӣ мегӯяд, бо вуҷуди марзи тӯлонӣ доштани минтақаи Кӯлоб ба Афғонистон, ягон пули иртиботи миёни сокинони ду ҷониб вуҷуд надорад. Ба гуфтаи ӯ, дар сурати бунёди пул дар навоҳии минтақаи Кӯлоб, ки дар марз бо Афғонистон ҷойгиранд, марзшиканӣ коҳиш хоҳад ёфт. «Ҳоло хабар мерасад, ки дар Шӯроободу Ҳамадониву Фархор марзшиканӣ сурат гирифтааст. Агар пули иртиботӣ боз шаваду сокинони ду ҷониб ба таври расмӣ рафту омад кунанд, он гаҳ марзшиканӣ хеле коҳиш меёбад. Кушодани пулҳо чуноне, ки дар Бадахшон шоҳид шудем, ба манфиати мардуми оддӣ ҳаст.»
Масъулини ҳукумати Фархор низ бар аҳамияи пули иртиботи миёни Афғонистону Тоҷикистонро таъкид мекунад. Ба гуфтаи онҳо, тибқи лоиҳае ҳукумати Тоҷикистон, дар ноҳияи Шӯрообод ва Фархор низ пули иртиботӣ бо Афғонистон бунёд хоҳад кард.
"КОКУЛ"- ГУЗАРГОҲЕ, КИ ТАКЯГОҲИ МАСЪУД БУД
Гузаргоҳи «Кокул», ягона гузаргоҳе буд, ки солҳои 1996-2001 ба нерӯҳои Эътилофи шимол дар Афғонистон бо сарварии Аҳмадшоҳи Масъуд тариқи он кӯмак расонида мешуд, зеро дар ин солҳо тамоми дигар гузаргоҳҳо бо Тоҷикистон дар ихтиёри Толибон қарор доштанд. Шоҳидон мегӯянд, аз ин дидбонгоҳ ба минтақаҳое, ки таҳти тасаруфи Толибон набуданд, маводи озуқа ва сӯзишворӣ интиқол дода мешуд.