Минтақаи озоди тиҷоратӣ: қарордоди сиёсӣ ё иқтисодӣ?

Қарордоди таъсиси минтақаи озоди тиҷоратӣ миёни 8 кишвари узви ИДМ дар Санкт-Петербурги Русия ба имзо расид.
Ин санда аз сӯи 8 кишвари узв - Русия, Укроин, Белорус, Қазодистон, Арманистон, Молдово, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба имзо расид. Узбакистон, Туркманистон ва Озарбойҷон гуфтаанд, ки имкон дорад, то охири соли ҷорӣ ба ин қарордод ҳамроҳ шаванд.

Бар асоси ин қарордод, боҷи содиротӣ ва воридотӣ барои бахши аъзами коло дар қаламарави ин иттиҳод лағв хоҳад шуд.

СИТОИШИ ҶАНОБИ ПУТИН АЗ ҚАРОРДОД

Владимир Путин, нахуствазири Русия пас аз имзои ин қарордод дар бораи аҳамияти он гуфт: «Имзои ин қарордод, имкон медиҳад, бисёр монеаҳо дар равобиту тиҷорат, аз ҷумла боҷи воридотӣ ва содиротӣ барои чанд гурӯҳи колоҳо аз байн бардошта шавад. Албатта як бахши пардохтҳое боқӣ мемонад, ки мо дар ин бора тавофуқ кардаем ва дар оянда низ ин пардохтҳо аз байн бардошта хоҳад шу. Ин қарордод роҳро ба бозорҳои якдигар боз мекунад, ки ба коҳиши қимати колоҳо дар бозорҳо мунҷар мешавад.»

Владимир Путин имзои ин қарордодро барои соири кишварҳои узв муҳим хонд ва таъкид кард, ки дар рушди тиҷорат миёни кишварҳо роҳро боз хоҳад кард, ки ба тавсеаи иқтисоди кишварҳо мунҷар мешавад. Ин дар ҳолест, ки соли 1994 ҳамчунин қарордод дар Иттиҳоди кишварҳои ҳамсуд қабул шуда буд, вале худи Русия ҳамин қарордодро тасвиб накард. Ҳамакнун ба гуфтаи ҷаноби Путин, дар қарордоди ҷадид манфиати кишварҳо ба эътибор гирифта шудааст.

ҚАРОРДОДИ СИЁСӢ Ё ИҚТИСОДӢ?

Сайфулло Сафаров

Аммо ба эътиқоди Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир имзои ин қарордод барои Русия аҳамияти сиёсӣ дорад, бо он ки иқтисодӣ. Ҷаноби Сафаров афзуд: «Ба назари ман ин қарордод барои Русия аҳамияти сиёсӣ дорад, чаро, ки аз лиҳози иқтисодӣ ин масъала борҳо баррасӣ шуда буд, вале Русия майли иҷрои онро надошт ва ҳоло бошад барои наздикшавии бештар ба кишварҳои узв онро муҳим мешуморад ва барои иҷрояш талош мекунад.»

Бештари соҳибназарон бо таваҷҷӯҳ ба шароити феълии геополитикӣ дар минтақа, ки чандон ба нафъи Русия нест, бар ин боваранд, ки ин кишвар мехоҳад бо ин роҳ аз дур шавии кишварҳои узви ИДМ аз Русия ҷилавгирӣ кунад.

ИСТИҚБОЛИ ТОҶИКИСТОН АЗ ИМЗОИ ҚАРОРДОД

Тоҷикистон ба унвони кишвари узви ИДМ аз ин иқдом истиқбол кард. Гулчеҳра Бозорова, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар гуфтугӯ бо РО гуфт, ки дар ҳоли ҳозир рӯшан нест, ки боҷи содиротӣ ва воридотӣ дар кадом гурӯҳи колоҳо аз байн хоҳад рафт. Дар ҳоле, ки барои Тоҷикистон лағви боҷи содиротии Руси дар маводи сӯхт муҳим аст. Хонум Бозорова афзуд: «Масъалаи лағви боҷи содиротӣ дар маводи сӯхт матраҳ аст. Агар Русия ин боҷро лағв кунад, воқеан қимати колоҳо дар бозорҳои мо коҳиш хоҳад ёфт. Лекин Русия се бор аст, ки ҳалли ҳамин мушкилро қавл медиҳад, вале то ба ҳол иқдоми ҷиддие накардааст.»

Бо ин ҳам мақомоти Тоҷикистон ибрози умедворӣ мекунанд, ки дар гуфтугӯҳои ҷараёндошта дар Санкт-Питербург, Русия ва Тоҷикистон дар масъалаи воридоти маводи сӯхт ба тавофуқе даст хоҳад ёфт.

ҚАРОРДОДИ МУФИД БАРОИ ТОҶИКИСТОН

Давлатмурод Ҷумъаев, иқтисоддони тоҷик низ дар маҷмӯъ аз ин қарордод истиқбол кард ва гуфт: «Боҷ ё пошлинаро, ки бардоштанд, нарх пойин меравад ва табодули колоҳо зиёд мешавад. Аз ҳисоби гардиши зиёди коло ҷумҳурии мо аз ин арзоншавӣ бештар фоида мебинад, нисбат ба он гароние, ки дар ҳоли ҳозир вуҷуд дорад. Воқеан ҳам ин қарордод муфид аст. Дар сурате, ки ҳама кишварҳои узв инро тасвиб кунанду ба иҷро дарояд. Вагарна, он мисли дигар қарордодҳои нимтасвибшуда аз сӯи кишварҳои узв суде нахоҳад дод.»

Бархе дигари коршиносон низ имзои ин қарордод барои Тоҷикистонро муфид дониста гуфтаанд, ки ин ҷумҳурӣ бахши аъзами колоҳои ниёзи мардум, мошину дастгоҳ ва ғайраро аз кишварҳои мисли Русия, Белорус, Укроин ва Қазодистону Қирғизистон ворид мекунад. Барои мисол Тоҷикистон сад дар сад орду ғаллаи ниёзи худро аз Қазоқистон ворид месозад, ки бо бардоштани боҷи содиротӣ ва воридотӣ қимати он пойин хоҳад омад. Ҳамчунин дар воридоти маводи ғизоӣ аз дигар кишварҳои узв низ ҳамин манзара ба чашм хоҳад расид.