Театр ё кӯдакистон? "Аҳорун" бехона мемонад...

Ин акс аз торнамои "Аҳорун" гирифта шудааст.

Шаҳрдории Душанбе гуфтааст, бинои синамотеатри "Горкий", ки ҳоло ҷойи фаъолияти аҳли ҳунари театри "Аҳорун" аст, кӯдакистон хоҳад шуд.
Ба таъкиди масъулони шаҳрдории Душанбе, ин иқдом дар чорчӯби нақшаи генералии пойтахт сурат мегирад. Ин дар ҳолест, ки аз соли 2004 бар асоси амри раисиҷумҳури Тоҷикистон ва қарори шаҳрдории Душанбе ин бино ба театри "Аҳорун" дода шудааст.
Шодравон Фаррух Қосимов баъде, ки бемор шуд ва 10 сол ин азиятро кашид, мегуфт, "ҳар рӯз барои ман имтиҳон будааст"


"Аҳорун"-е, ки соли 1990 бо талошҳои Фаррух Қосимов, ҳунарманди саршиноси театру синамои тоҷик таъсис ёфт ва нахустин театри ҳирфаӣ бо сабку усули нави классикӣ пас аз пошхӯрии Шӯравӣ маҳсуб меёбад.

Иқдомоти шаҳрдорӣ барои ба кӯдакистон табдил додани бинои синамотеатри "Горкий", маҳалли фаъолияти ҳунармандони театри "Аҳорун" дар ҳолест, ки дар миёни даҳҳо театри Тоҷикистон "Аҳорун" нахустин шуда торнамои худро дар шабакаи ҷаҳонии интернет боз кардааст. Муаррифии театри тоҷик, дастовардҳо ва намоишномаҳои офаридаи ин театр, густариши равобиту ҳамкориҳо бо театрҳои ҷаҳон аз ҳадафҳои аслии ин иқдом унвон шудааст.

Аммо дар гуфтугӯ бо Сабоҳати Қосим, директори театри "Аҳорун" нахуст аз қазияи ба кӯдакистон табдил шудани синамотеатри "Горкий" - маҳалли фаъолияти ҳунармандони театри "Аҳорун" пурсидем.

Сабоҳати Қосим: "Ба наздикӣ мо ба раиси шаҳри Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев барои таъмири бино, ки ҳоло маҳалли фаъолияти ҳунармандони театри "Аҳорун" аст, муроҷиат кардем. Ин буд, ки намояндаҳо аз ҳукумати шаҳри Душанбе, аз ҷумла муаллима Раҳимова, муовини раиси шаҳр, омаданд. Бар хилофи интизориҳо онҳо гуфтанд, ки тибқи нақшаи Генплани шаҳри Душанбе ин ҷо кӯдакистон бояд шавад. Албатта, ин аҳли театр, ҳунармандонро дилсард мекунад. Аз он ҳайронем, ки тақдири бинои театри "Аҳорун" то ҳол рӯшан нест. Дар ҳоле ки театри "Аҳорун" давлатӣ аст ва дар назди шаҳрдории Душанбе фаъолият мекунад. Зеро бо қарори шаҳрдории Душанбе, аз соли 2004 бинои синамотеатри "Горкий" ба театри "Аҳорун" дода шудааст ва ин ҳоло дар дасти мост."

Радиои Озодӣ: Аммо дар муқобил масъулони шаҳр ҷойеро барои Шумо пешниҳод накарданд?

Сабоҳати Қосим: "Не, нагуфтанд, ки тарк кунед. Аммо ин масъала, бинои театр бисёр норӯшан аст. Аз соли 1990-ум то имрӯз ин масъала, то ҳол ҳалли хешро пайдо накардааст. Албатта, мо дуруст мефаҳмем, ки боғча ва ё кӯдакистон чизи зарурӣ аст. Аммо театри мо низ суди зиёде меорад. Чун намоишномаҳое, ки мо меофарем ва садҳо нафар, ба хусус шогирдони мактабу донишҷӯёни донишгоҳҳо тамошо мекунанд, ҳазорҳо маротиба манфиат хоҳад дошт. Чун шогирди мактаб ва донишҷӯи донишгоҳ ба маънии баланд ва маънавиёт ниёз дорад. Боз ҳам мегӯям, ки бо бино таъмин кардани театри "Аҳорун" супориши бевоситаи президент Эмомалӣ Раҳмон аст. Кинотеатри "Горкий" моли "Киностудия" буд, аммо пас аз супориши раисиҷумҳур онро ба баланси шаҳри Душанбе гузаронданд. Раиси шаҳр он вақт қарор баровард, ки ин бино таъмир ва ба театри "Аҳорун" дода шавад. Ҳоло моро мегӯянд, ки инҷо бояд кӯдакистон мешавад. Намедонем."

Шодравон Фаррух Қосимов


Радиои Озодӣ: Хуб, ҳамакнун, ки мехоҳанд, маҳалли фаъолияти ҳунармандони "Аҳорун"-ро ба кӯдакистон табдил диҳанд, дар ин сурат иқдоми баъдии Шумо чӣ хоҳад буд?

Сабоҳати Қосим: "Барои мо ҳам хеле суоли вазнин аст. Намедонам. Чун ин як рӯзу ду рӯз нест, ки ин суол моро азоб медиҳад. Мисле, ки шодравон Фаррух Қосимов, баъде, ки бемор шуд ва 10 сол ин азиятро кашид, мегуфт, "ҳар рӯз барои ман имтиҳон будааст"

Радиои Озодӣ: Пас, оё чунин вазъ ба рӯҳияи ҳунармандон ва рӯи саҳна омадани намоишномаҳои муҳиму диданӣ ва ҷолиб, бахусус он намоишномаҳое, ки дар замонаш шодравон Фаррух Қосимов таҳия мекард, асар хоҳад гузошт?

Сабоҳати Қосим: "Албатта, бетаъсир нест. Ҷои Фаррух низ холист. Ва намоишномаҳои сохтаи ӯ метавонанд ҷавонони тоҷикро сад сол тарбия намоянд. Берун аз кишвар ҳам онҳо метавонанд тамошобин дошта бошанд ва кӯҳнанашавандаанд. Аммо вазъи норӯшани бинои театр боиси тарки театр аз сӯи ҳунармадон шуд. Чун ҷои корӣ набуд, афсӯс бисёри ҳунармандон баромада рафтанд. Аммо бо ин ҳам як қисми дигари ҳунармандони ҷавон ҳастанд, ки дар назди Донишкадаи ҳунарҳои зебо тарбия ёфта истодаанд ва имсол Донишкадаро тарк хоҳанд кард. Мехоҳем намоишномаҳои Фаррухро бо онҳо рӯи саҳна биоварем ва ҳамин корро карда истодаем. Мо чанд намоишномаро аз қабили намоишномаҳои «Даҷҷол», «Имтиҳон» ва дигарро ба Хуҷанд бурдем ва онҷо намоиш додем. Ҳарчанд тамошобин кам буд, аммо онҳо ба ҷои ҳазорҳо нафар буданд барои мо. Мо кор карда истодаем, намоишномаҳо низ дорем ва намоишномаҳои нав низ таҳия дорем, аммо мушкили аслӣ ҷой, бино надорем то ҷавононро дар ин роҳ тарбия намоем."

http://www.youtube.com/embed/dvu_NXTX2Pc

Радиои Озодӣ: Аммо бо вуҷуди он, ки театр мушкилот дорад ва солҳост, ки бидуни бино фаъолият дорад, бо ин ҳам нахустин шудед, ки сомонаи театрро дар шабакаи ҷаҳонии Интернет боз кунед, бале?

Сабоҳати Қосим: "Медонед, на танҳо театри «Аҳорун», балки бояд ҳамаи театрҳо сомонаи интернетӣ дошта бошанд. Мо аз ин тариқ мехоҳем театри тоҷикро ба ҷаҳон муаррифӣ кунем. Равобити фарҳангиву ҳунариро бо дигар театрҳои ҷаҳон густариш бахшем. Театре, ки мактаб дораду намоишномаҳо дораду як чизи гуфтание дошта бошад бояд сайти худашро дошта бошад. Мо боз ҳам кӯшиш мекунем, ки намоишномаҳо офарем ва онро барои тамошобини закӣ намоиш бидиҳем. Аммо мо ҷойи намоишдиҳӣ надорем, яъне толор надорем."

Радиои Озодӣ: Пас, толори намоишдиҳӣ надоред, яъне театри «Аҳорун» бинои худро надорад дар ин сурат чӣ хоҳад шуд, чӣ кор хоҳед кард?

Сабоҳати Қосим: "Чанд рӯзи пеш ҳам, ки гурӯҳи ҳунармандон ҷамъ шудем ва дар бораи тақдири театр ва намоишномаҳо сӯҳбат мекардем, ба ин натиҷа расидем, ки ягона коре, ки мо карда метавонем, боз ҳам намоишномаҳои нав офаридан аст. Ман ба ин хеле боварӣ дорам. Ба ҳама мушкилот нигоҳ накарда мо бояд кор кунем."

Радиои Озодӣ: Яъне, Шумо мисли театри сайёр фаъолият хоҳед кард? Вале ба ҷое муроҷиат нахоҳед кард?

Сабоҳати Қосим: "Куҷо муроҷиат кунем? Дар ҳоле ки соли 2004 дар мулоқоти президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён мо муроҷиат карда будем. Дар он мулоқот шодравон Фаррух Қосимов низ буданд ва ман аз номи Фаррух ва тамоми аҳли театр ба Президент муроҷиат карда гуфтам, ки мо бино надорем. Раисиҷумҳур низ таъкид карданд, ки театри «Аҳорун» бо бино таъмин карда шавад. Дигар, интизорем."

Радиои Озодӣ: Шумо худатон гуфтед, ки аз шаҳрдорӣ омаданд ва гуфтанд, ки дар ин маҳал кӯдакистон бунёд мешавад, пас шумо бояд инҷоро бояд холӣ кунед?

Сабоҳати Қосим: "На, моро нагуфтанд, ки инҷоро бояд тарк кунед. Ба ҳар ҳол намедонам, инсон шири хом хӯрдааст ва то мурдан орзу ва умед дорад. То имрӯз як умеди рӯшанӣ моро медорад ва боз ҳам боварӣ ба инсон, ба гуфтаҳо моро умед мебахшад. Ҳар боре ин масъаларо матраҳ мекунем мегӯянд, ҳал мешавад. Шояд имрӯз, не, як ҳафта пас. Як ҳафта пас не, шояд як моҳ баъд, инсон ҳар дафъа ба сухан бовар дорад. Умеду орзу ва боварӣ набошад, пас ин чӣ гуна зиндагӣ аст, ки боварӣ намонад. Мо умед дорем, ки як рӯз не, як рӯз масъалаи бинои театри «Аҳорун» ҳал мешавад. Одам ба умед аст."

Радиои Озодӣ: Аммо аз сӯи дигар фикр намекунам, ки танҳо набуди бино, мушкили аҳли театри "Аҳорун" аст, бале?

Сабоҳати Қосим: "Ин ҷо боз ба сӯҳбате, ки бо масъулон доштем, бармегардам ва тамоми аҳли театр интизор доштанд, ки намояндагони ҳукумати шаҳр меоянд ва ҳарфи онҳоро мешунаванд, вазъи онҳоро мебинанд ва онҳо низ чизе мегӯянд. Чун ҳама гурӯҳ ҷамъ шуда буданд. Хеле ҷолиб буд омадани масъулон ва ҷолиб буд, он дардҳое, ки ҳунармандон як ҷумла-як ҷумла гуфтанд. Умуман ҳунармандони театри «Аҳорун» аксарият хона надоранд ва иҷоранишин ҳастанд. Хеле зиёданд. Масалан, Аҳлиддин Шарипов қариб 30 сол боз ҳунарманди театр аст ва бачаҳояш бузург шудаанд ва бояд онҳоро хонадор кунанд. Аммо он кас ба масъулони шаҳрдорӣ гуфтанд, ки мо аз Шумо хона талаб надорем ва фақат як хоҳиш дорем, ки ҷой, бинои театр мушаххас шавад, то мо ҷое барои фаъолият кардан дошта бошем. Мавзӯи маоши ҳунармадон, аз буҷаи шаҳр дода мешавад, чун мо театри шаҳрӣ ҳастем. Ахиран маоши ҳунармандон зиёд шуд. Аз ин миннатдоранд. Шикояте надоранд ва танҳову танҳо умеди ҳама аҳли театр бино аст, на чизи дигар."