Гурӯҳи коршиносон ва намояндагони корпусҳои дипломатӣ дар Душанбе ин мавзӯъро ба баҳс гирифтанд.
Сарнавишти Афғонистону минтақа баъд аз шаҳодати устод Бурҳонуддини Раббонӣ чӣ хоҳад шуд? Барои посух ёфтан ба ин суол Анҷумани байнулмилалии “Афрӯз” ва нашрияи мустақили “Миллат” ҳамоишеро баргузор ва гурӯҳи бузурги коршиносону намояндагони сафоратхонаҳоро гирди ҳам оварданд.
Ин ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуд ва афроди шинохтаву сиёсатшиносон, аз ҷумла Давлати Усмон, Сайидумар Ҳусайнӣ, Рашид Ғанӣ Абдулло, Меҳмоншо Шарифзода, Иззат Амон ва дигарон назари худро баён доштанд.
Бурҳонуддини Раббонӣ, раисиҷумҳури пешини Афғонистон, раиси Шӯрои Олии сулҳи ин кишвар, раҳбари Ҷамъияти исломии Афғонистон, моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Кобул кушта шуд. Агарчӣ дар оғоз гурӯҳи Толибон қатли Устод Раббониро ба ӯҳда гирифт, вале баъдан онро рад карда, то ҳанӯз дар ин бора изҳори назар накардааст.
Давлати Афғонистон мегӯяд, то ҳанӯз таҳқиқи қатли Бурҳонуддини Раббонӣ, раисиҷумҳури пешини ин кишвар, анҷом нашуда, вале бино бар пажӯҳишҳои ибтидоӣ фармоишгарони қатли ӯ дар Покистонанд. Аз ин рӯ, мақомҳои афғон аз ҳамтоёни покистонии худ хостаанд, ки дар таҳқиқи қатли Раббонӣ бо онҳо ҳамкорӣ бикунанд.
Аммо таҳлилгарони умури сиёсиро на чӣ гуна кушта шудани Бурҳонуддини Раббонӣ, балки бештар вазъияти Афғонистону минтақа пас аз шаҳодати ӯ ба андеша водор кардааст. Дар ҳоле ки ба бовари бархе аз ин таҳлилгарон, қатли Раббонӣ метавонад вазъият дар Афғонистону минтақаро аз будаш ҳам бадтар бикунад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад