Бе Раббонӣ сарнавишти Афғонистон чӣ хоҳад шуд?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Барои посух ёфтан ба ин суол Анҷумани байнулмилалии “Афрӯз” ва нашрияи мустақили “Миллат” ҳамоишеро баргузор ва гурӯҳи бузурги коршиносону намояндагони сафоратхонаҳоро гирди ҳам оварданд. Ин ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуд ва афроди шинохтаву сиёсатшиносон, аз ҷумла Давлати Усмон, Сайидумар Ҳусайнӣ, Рашид Ғанӣ Абдулло, Меҳмоншо Шарифзода, Иззат Амон ва дигарон назари худро баён доштанд.