Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори тоҷик, мегӯяд, аз ҳукми додгоҳ дар бораи ҷарима шудани ӯ розӣ нест.
Раҳоии Муҳаммадюсуф Исмоилов пас аз 10 моҳу 26 рӯз аз боздоштгоҳро вакилони дифоъ, рӯзноманигорону созмонҳои хабарнигории тоҷик ва ҳам дӯстону мухлисони қалами ӯ хуш истиқбол карданд.
Додгоҳи Табошар ба сурати умум Исмоиловро мутобиқи чаҳор банди асноди ҷиноии Тоҷикистон: тӯҳмат, таҳқир, тамаъҷӯӣ ва маҳалгароӣ гунаҳкор ҳисобид. Вале ба гуфтаи Саодат Атоева, раиси мурофиа, додгоҳ бо истифода аз ҳаққи худ барои сабук кардани таъйини ҷазо онро аз ҳабс дар маҷмӯъ ба 52 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима иваз кард.
Вай ҳамзамон гуфт, ки бо назардошти тақрибан 11 моҳ дар боздоштгоҳ будани Исмоилов ҷаримаи ниҳоӣ 35 ҳазор сомонӣ аст. Ҳамчунин, бино ба қавли мақомоти додгоҳ ӯ тӯли се соли оянда наметавонад ба фаъолияти хабарнигорӣ машғул бишавад.
Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ, ҳукми додгоҳро дар муқоиса ба дархости додситон, ки 14 соли зиндони Исмоиловро талаб карда буд, "одилона" арзёбӣ кард. Вай афзуд: "Гумон мекунам, ин натиҷаи ҳамраъйии рӯзноманигорон ва созмонҳои хабарнигорӣ аст. Чунин қазияҳо ба ҳамкасбони дигари мо сабақ бошад, ки ба нақзи ҳуқуқи касе роҳ надиҳанд."
Муҳаммадраҳим Абдуманнофов, яке аз дӯстони Муҳаммадюсуф Исмоилов ва аз фаъолони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон қазиаи Исмоиловро иқдоме аз ҷониби мақомот ба хотири маҳдуд кардани озодии баён ва маҳдуд кардани фаъолияти хабарнигорони ошкоргӯ донист: "Ин як маъракаи дастаҷамъонаи мақомоти ноҳияи Ашт ба муқобили як рӯзноманигори мустақиле буд, ки фаъолияти номуассири онҳоро танқид мекард. Онҳо бо ҳамин роҳ мехостанд чашми хабарнигорон ва нашрияҳои мустақилеро, ки мақомотро зери интиқод мегиранд, тарсонанд. Онҳо, хушбахтона, ба ин мақсади ниҳоии худ нарасиданд, баръакс имиҷи Тоҷикистонро дар миқёси байнулмилалӣ паст заданд, худро дар додгоҳ шарманда карданд ва хатову камбудҳои худро бори дигар рӯи об оварда, ба ҳама намоиш доданд."
Қамари Аҳрор, хабарнигори нашрияи "Озодагон" дар Хуҷанд гуфт, маҳкум шудани Исмоиловро фишори равонӣ ба рӯзноманигорони боҷуръат ва мунаққид, бахусус, рӯзноманигорони навқалам аст. Вай афзуд: "Додгоҳ Исмоиловро раҳо кард, вале ӯро айбдор эълон намуд ва ҳам зери 35 ҳазор ҷарима. Хуб, акнун посухи қариб 11 моҳ дар маҳбас нигаҳ доштани ӯро кӣ медиҳад? Ба фикри ман, мақомот бо ин кори худ мехостанд рӯзноманигорони дигар аз худсензура кор бигиранд ва аз навиштани мақолаҳои танқидӣ худдорӣ намоянд."
Муҳаммадюсуф Исмоилов тақрибан пас аз як соати эълони ҳукм аз боздоштгоҳи муваққат, ба истилоҳ СИЗО-и рақами 2-и Хуҷанд раҳо гашт. Вайро дар озодӣ гурӯҳи рӯзноманигорону вакилони дифоъ ва дӯстонаш истиқбол карданд. Аз чеҳраи Муҳаммадюсуф аён буд, ки озодӣ ба вай рӯҳу нерӯи тозае бахшидааст. Аз ҳарфи аввали ӯ маълум гашт, ӯро аз ҳама бештар маҳрум гаштанаш аз кори рӯзноманигорӣ нигарон кардааст: "Барои ман тамоман норӯшан, ки чаро 3 сол аз машғул шудан ба рӯноманигорӣ маҳрум карданд. Ман ба фоидаи мардум, ҷомеа кор кардам. Ин ҷо маро ҷаримаи калон бастанд. 11 моҳ нигаҳ доштанд. Ин чӣ хел мешавад?"
Исмоилов ҳамчунин гуфт, агар рӯзноманигорони тоҷик аз таълифи мақолаҳои танқидиву таҳлилӣ даст кашида, фақат ба таърифу тавсиф машғул бошанд, аз ин барои пешрафти Тоҷикистон суде нахоҳад буд.
Муҳаммадюсуф Исмоилов ба гуфтаи худаш, аз давлат 52 сомонӣ, баробари синнаш нафақаи беморӣ мегирад ва парастории ҳамсару 3 фарзанд ва як хоҳари бемораш низ бар дӯши ӯст ва ҳоло намедонад ҷаримаро аз куҷо пардохт хоҳад кард.