Вокунишҳо ба "озодӣ"-и Исмоилов ва Усмонов

Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ

СPJ ва RWB агарчӣ аз раҳоии ду хабарнигори тоҷик хуш шуда, вале муҷозот шудани онҳоро маҳкум мекунанд.
Йоҳан Бир, мудири бахши АвроОсиёи созмони Хабарнигорони бидуни марз, мақараш дар Порис, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз раҳоии Муҳаммадюсуф Исмоилов оҳи сабук кашид, вале ин ки ҳам Исмоилов ва ҳам Урунбой Усмонов муҷозот шуданд, таассуфангез ва ғайри қобили қабул аст.
М.ИСМОИЛОВ:
Аз ҳукми додгоҳ розӣ нестам. Ба чӣ далел маро ҷарима ва ба мӯҳлати се сол аз фаъолияти хабарнигорӣ маҳрум мекунанд?

Музаффар Сулаймонов, масъули Кумитаи амрикоии дифоъ аз хабарнигорон дар вокуниш ба ин ду ҳукм низ гуфт, аз раҳоии Исмоилов хуш шудаанд, вале муҷозот шудани ӯву хабарнигори Би-би-сиро маҳкум мекунанд ва ҳамчунон ба бегуноҳии ҳарду исрор меварзанд.

Ҳарду созмон хостори бознигарии ҳукми рӯзи 14 октябр дар қиболи ду хабарнигори тоҷик шуда, хостори лағви ин ду ҳукм шуданд. Ба таъбири оқои Сулаймонов, додгоҳҳои Тоҷикистон бояд бо лағви ин ҳукмҳо домани худро аз доғи нангине, ки аз муҷозоти хабарнигорон ба обрӯи онҳо зада шуд, пок кунанд.

БИ-БИ-СӢ: "БА ҲУКМИ ДОДГОҲ РОЗӢ НЕСТЕМ"

Кормандони Би-би-сӣ борҳо ба тарафдории ҳамкори худ Урунбой Усмонов гирдиҳамоӣ карданд...

Ин дар ҳолест, ки Би-би-сӣ низ мегӯяд, аз ҳукми додгоҳ дар бораи Урунбой Усмонов розӣ нест ва онро шадидан маҳкум мекунад. Питер Ҳорокс, раиси барномаҳои ҷаҳонии хабарии Би-би-сӣ гуфтааст, "Мо ба дифои худ аз Урунбой идома хоҳем дод ва умедворем, ки таҷдиди назар дар бораи ҳукми додгоҳ номи неки ӯро ба унвони як нависанда ва рӯзноманигори шинохта барқарор хоҳад кард."

Ӯ афзудааст: "Мо ҳамчунин қасд дорем барои дарёфти посух дар мавриди бадрафторӣ ва эъмоли шиканҷа нисбати Урунбой дар боздоштгоҳ иқдом кунем ва нигарониҳои воқеии худ дар робита ба навоқиси раванди таҳқиқи қонуниро дар ин қазия матраҳ кунем."

Додгоҳи Хуҷанд Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сиро ба 3 соли зиндон маҳкум кард, аммо бар асоси қонуни афв аз адои ҷазо озод намуд. Урунбой Усмонов, ки ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи мамнӯи Ҳизби Таҳрир муттаҳам мешуд, моҳи июн боздошт шуда, як моҳро дар зиндон сипарӣ кард.

УСМОНОВ: "МАН АЙБДОР НАБУДАМ..."

Баъди як моҳ таҳти фишори созмонҳои маҳалливу байнулмилалии ҳомии хабарнигорон раҳо шуд, вале мурофиаи парвандааш дар додгоҳ аз моҳи август ба ин сӯ идома дошт. Айбдоркунанда барои Усмонов аз додгоҳ 5 сол ҳукми зиндон хоста буд, вале созмонҳои байнулмилалӣ иттиҳомоти алайҳи ӯро бофта номида, аз мақомоти Тоҷикистон раҳоии хабарнигорро талаб карда буданд.

Худи Усмонов имрӯз дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, бо ҳукми додгоҳ розӣ нест ва ба хотири исбот кардани бегуноҳиаш ба додгоҳи болотар шикоят хоҳад бурд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Урунбой Усмонов: "Ман айбдор набудам, айбдор нестам..."



Исфандиёри Одина (аз тарафи рост) ва Урунбой Усмонов дар боздоштгоҳи муваққати шаҳри Хуҷанд. Тобистони соли 2011

Ифандиёри Одина, раҳбари дафтари Би-би-сӣ дар Тоҷикистон зимни нигаронӣ аз ҳукми додгоҳ алайҳи Урунбой Усмонов гуфт, ин ширкат ба ҳукми додгоҳ розӣ нест ва оқои Усмонов ба додгоҳи истинофӣ шикоят хоҳад бурд. Ба гуфтаи Исфандиёри Одина, то чанд лаҳзаи дигар ширкати "ВВС" дар ин робита изхҳороти худро пахш хоҳад кард, ки дар он аз Урунбой Усмонов ҳимоят хоҳад кард.

Ӯ гуфт, "Бо он ки додгоҳ Урунбой Усмоновро ба се соли зиндон маҳкум ва дар чорчӯби иҷрои Қонуни афв аз адои ҷазо дар зиндон раҳо кард, ин ба маънии табраа ва ё сафед карданӣ вай нест. Ба ин далел, мо ба ҳукми додгоҳ мувофиқ нестем ва талаб дорем, ки хабарнигори мо сафед карда шавад. Яъне доғи судии вай бардошта шавад."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Файзинисо Воҳидова дар бораи ҳукми Урунбой Усмонов



Дар ҳамин ҳол Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеи Урунбой Усмонов низ ҳукми додгоҳро "ғайриқонунӣ ва беасос" содир шудааст. Зеро ба таъкиди хонум Воҳидова "ҳукм, қаблан ҳукми айбдоркунӣ аст ва пурра аз рӯи фикри айбдоркунии мақомоти тафтишоти пешкашӣ содир шудааст. Яъне, суд далелҳои овардаи ҳимояро ба назар нагирифт ва Усмоновро дар он хусус айбдор кард, ки айбдории ӯ бевосита ба фаъолияти касбиаш, яъне журналистиаш рабт дорад."

ИСМОИЛОВ: "ШИКОЯТ МЕКУНАМ"

Дар ҳамин ҳол имрӯз, 14-уми октябр, додгоҳи шаҳри Табошар хабарнигори "Нури зиндагӣ" Муҳаммадюсуф Исмоиловро 35 ҳазор сомонӣ ҷарима баста ва аз толори додгоҳ озод кард. Қозии парванда ҳамчунин гуфт, ки Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори "Нури зиндагӣ" наметавонад то се соли дигар ба фаъолияти рӯзноманигорияш идома бидиҳад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Муҳаммадюсуф Исмоилов: "Чаро ман бояд ҷарима шавам?"



Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори "Нури зиндагӣ"

Муҳаммадюсуф Исмоилов дар нахустин вокуниши худ ба ҳукми додгоҳ гуфт, ки аз он чандон розӣ нест ва аз болои ин ҳукм ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят хоҳад бурд. Ҷаноби Исмоилов дар як тамос ба Радиои Озодӣ гуфт: "Бовар кунед, аз ин ҳукм чандон розӣ нестам. Ба чӣ далел маро ҷарима ва ба мӯҳлати се сол аз фаъолияти хабарнигорӣ маҳрум мекунанд? Наход даҳони кормандони васоити ахбори оммаро бубанданд. Ҳоло он ки мо ба фоидаи ҷамъият кор кардем. Мо бештар аз камбудиҳо гуфтем ва ба ислоҳи он таъкид намудем, на чизе бештар аз он."

Муҳаммадюсуф Исмоилов дар идомаи сӯҳбаташ афзуд, дар сурати бознигарӣ нашудани ҳукмаш дар додгоҳҳои кишвар, маҷбур мешавад ба додгоҳҳои байнулмилалӣ муроҷиат кунад.

ВАКИЛИ МУДОФЕЪ: "ҲУКМИ ОДИЛОНА БУД"

Аммо Муҳаббат Ҷӯраева, вакили дифои Муҳаммадюсуф Исмоилов, дар як сӯҳбати кӯтоҳ ба Радиои Озодӣ аз ин ҳукми додгоҳ истиқбол кард ва онро як навъ "одилона" хонд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Муҳаббат Ҷӯраева: "Ҳукми додгоҳ одилона буд..."



Маҳмадалӣ Мақсудуллоҳ

Маҳмадалӣ Мақсудуллоҳ, сардабири ҳафтаномаи "Чархи гардун" низ дар як тамос аз Хуҷанд ба "Озодӣ" гуфт, аз натиҷаи ин додгоҳҳо чунин хулоса карда мешавад, ки хабарнигорони Тоҷикистон метавонанд аз худ дифоъ намоянд. Вай афзуд, ин қазия ҳамраъйии хабарнигорони тоҷикро нишон дод, ки барои озодии матбуот ва озодии баёни хеш мубориза бурда метавонанд. Ба назари ҷаноби Мақсудулло низ ҳукми додгоҳ дар баробари Муҳаммадюсуф Исмоилов одилона будааст.

Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори "Нури зиндагӣ" тӯли ёздаҳ моҳи ахир дар боздошт ба сар мебурд ва мақомот ӯро дар таҳқиру тавҳин, тамаъҷӯӣ ва маҳалгароӣ айбдор мекарданд. Қабл аз судури ҳукми Исмоилов ва Усмонов Кумитаи дифоъ аз журналистон ва ё CPJ, мақарраш дар Ню-Йорк, аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, ки ҳарду ин хабарнигорро фавран озод кунанд.