Манъи истихдоми арӯсу домод дар идораи зери раҳбарии волидайн

Мансабдори давлатӣ ҳақ надорад дар муассисаи зери раҳбариаш келин ва домодашро истихдом намояд.
Ин пешниҳоди вакилони парлумон дар қонуни мубориза алайҳи коррупсия ворид карда шуд ва Фаттоҳ Сайидов- раиси Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон гуфт, бо ҷорӣ шудани монеаи ҳуқуқӣ ба ҷалби хешу ақрабо дар ниҳодҳои давлатӣ, ҷумҳурӣ тааҳҳудоти байналмилалии худро иҷро намуда, аз бархӯрд дар миёни манофеи давлатӣ ва шахсӣ

Фаттоҳ Сайидов-раиси Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон

ҷилавгирӣ мекунад: «Келин ва домод ҳамчун шахси наздик истифода мешаванд. Дар қонуни пештара мафҳуми қудоҳо буду келину домод набуд. Пас вақте, ки келину домод набошад, қудо аз куҷо пайдо мешавад.»

Фаттоҳ Сайидов-раиси Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон афзуд, ки афзоиши хешутаборчигӣ ва маҳалгароӣ дар ниҳодҳои давлатӣ «ҳамчун зуҳуроти кирдорҳои коррупсионӣ» нигарониҳоро дар ҷомеаи кишвар ба бор овардааст. Ба ин далел афзуд ӯ, яке дигар аз меъёрҳои ворида ба қонуни мубориза бо фасод ҳамкории ҳатмии давлат бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар аст, ки қаблан чунин талабот дар қонун ҷо надошт.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гоме барои решакан кардани хешутаборбозӣ?



Ва аммо монеаи ҳуқуқӣ барои истихдом ё таъйини келину домод дар радифи қудоҳо дар қонунгузории Тоҷикистон дар ҳоле ҷорӣ карда мешавад, ки аз мавҷудияти мавориди фаровони ин падида дар сатҳи роҳбарӣ ва билхосса дар сатҳи мақомоти аввали ин кишвар зиёд гуфта

Гул Шералӣ

мешавад. Бо ишора ба ҳузури қудоҳои раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла Шералӣ Гул ва Амонулло Ҳукуматулло, яке вазири саноату энержӣ ва дуввумӣ раиси Роҳи оҳан ва домоди раиси ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Нуралиев -муовини вазири молия ва додарарӯси ӯ Ҳасан Асадуллозода- раиси Ориёнбонк коршиносон бар татбиқи ин меъёри қонун шак доранд.

Раҷаби Мирзо, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ин меъёр дар ҳоле иҷро мешавад, ки мансабдорони боломақом худ намуна бишаванд: «Дар расонаҳо, маҳфилҳо ва миёни мардум сарусадоҳо дар бораи нуфузи таъсири хешу табори раҳбарони сатҳи боло хеле зиёд аст. Воқеан ҳам агар мехоҳанд дар ин замина тағйир ворид созанд, бояд аз роҳбарияти баланди сатҳи баланд шурӯъ кунанд.»

Зимнан Шукурҷон Зуҳуров-Раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон низ бидуни онки, ки аз касе ном барад гуфт, ки халқ хеле аз чизҳоеро, ки мо гумон мекунем намедонад, медонад. Ва ба таъйиди спикери парлумон, халқ медонад, ки кӣ бо меҳнати ҳалол ва кӣ баракс кор мекунад. Вале мегӯяд оқои Зуҳуров, паёмади ин ҳама он аст, ки эътимоду бовари мардум ба ҳукумат аз байн меравад: «Ҳама чиз маълум аст барои халқ. Ягон чизро пӯшонидан намешавад. Дар куҷо кадом чизро кӣ гирифт, чӣ хел кор мекунад, чи хел маҳсулот истеҳсол мекунад, кораш чи хел аст, мардумро чи хел нигоҳ мекунад, ин чизҳо аз куҷо омададнд, меҳнати ҳалолу ҳаром, ҳам маълум аст.»

Бо ин ҳол, Тоҷикистон бар пояи таҳқиқоти созмонҳои байнулмилалӣ аз ҷумла Созмони Транспаренси Интернешнал дар қатори даҳ кишвари фасодзадаи олам қарор дорад.