Нерӯҳои Шӯрои миллӣ-интиқолии Либия рӯзи сешанбе назорати қароргоҳи марказии пулис дар шаҳри Сиртро ба даст гирифтанд.
Даргириҳо дар ин шаҳр байни нерӯҳои ҳаводори Қаззофӣ ва нерӯҳои давлати ҷадиди Либия ҳамчунон идома дорад.
Ба гузориши хабаргузории Фаронса, даҳҳо нафар аз нерӯҳои Шӯрои миллӣ-интиқолии Либия бо тирандозии ҳавоӣ, пирӯзии худро ҷашн гирифтанд. Яке аз фармондеҳони низомии ин амалиёт ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, дигар тақрибан тасарруфи Сирт тамом шудааст.
Нерӯҳои Шӯрои миллӣ-интиқолии Либия худро барои ҳамла ба маркази шаҳри Сирт, ки ҳамчунон дар дасти ҳаводорони Қаззофӣ аст, омода мекунанд.
Шаҳри Сирт зодгоҳи ҳокими собиқи Либия Муаммар Қаззофӣ дар 360 километрии шарқи Троблус, похтихти Либия қарор дорад.
Пештар як фармондеҳи нерӯҳои Шӯрои миллӣ-интиқолии Либия ба хабаргузории Ройтерз гуфт, ҳомиёни Қаззофӣ дар ду маҳаллаи наздик ба соҳилҳои баҳри Миёназамин дар тангно қарор гирифтаанд.
Нерӯҳои Шӯрои миллӣ-интиқоли Либия рӯзи якшанбе бо тасарруфи бемористони аслӣ, донишгоҳ ва маркази иҷтимоии «Сирт», се макони муҳими шаҳрро дар ихтиёр гирифтанд.
Як мақоми аршади вазорати дифои Амрико низ гуфта буд, фармондеҳони амалиёти НАТО дар Либия муътақиданд, ҷонибдорони Қаззофӣ дар шаҳри Сирт дар остонаи шикаст ҳастанд. Дар ҳоли ҳозир давлати миллӣ-интиқолӣ низ аз шиддат гирифтани ҳамлаҳояш дар шаҳри Сирт хабар додааст.
Фиристодаи Созмони Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ ба Либия, даҳ рӯз қабл, пас аз боздид аз шаҳри Сирт, вазъияти инсонӣ дар ин шаҳрро вахим арзёбӣ карда буд.