Раиси ширкати "Барқи тоҷик" зимни муроҷиатномае ба сокинони Тоҷикистон гуфтааст, ки сатҳи оби рӯдхонаҳо, аз ҷумла сатҳи рӯди Вахш, ки обанбори Норакро пур мекунад, назар ба соли гузашта камтар шудааст.
Абдулло Ёров, раиси ширкати "Барқи тоҷик" дар муроҷиати худ гуфтааст, ба ин далел, ширкати «Барқи тоҷик» ба хотири захира намудани об дар обанбори Норак, интиқоли барқ ба бархе мавзеъҳо ва иншоотҳоеро, ки аҳамияти ҳаётӣ надоранд, маҳдуд мекунад.
ПАЁМИ "БАРҚИ ТОҶИК" БА МАРДУМ
Масъулини «Барқи тоҷик» дар шарҳи ин муроҷиатнома мегӯянд, ки ҳадаф аз он, ҷилавгирӣ аз пеш омадани вазъи буҳронӣ дар фасли сармо мебошад. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи Барқи тоҷик мегӯяд: “Вазъият бӯҳронӣ нест, барои он, ки фардо дар фасли зимистон ба ягон душворӣ гирифтор нашавем, фақат ба ҳамин хотир чунин иқдом рӯи даст гирифта шудааст. Зеро ягона захираи гидроэнергетикии мо обанбори Норак аст ва ҳар қатраи 53 метр оби захираи Норакро мо бояд самаранок истифода кунем».
Аммо раиси ширкати «Барқи тоҷик» гуфтааст, ки бо вуҷуди ин, ки ҷараёни об назар ба соли гузашта, коҳиш пайдо кардааст, аммо ширкати мазкур талош мекунад, ки таъмини сокинон ба барқро ҳадди аққал дар сатҳи зимстони гузашта нигоҳ дорад. Ҷаноби Ёров афзудааст, ба ин манзур интиқоли нерӯи барқ ба корхонаҳои бузург, аз қабили корхонаи алюминиюми Тоҷикистон коҳиш хоҳад ёфт.
Соли гузашта дар фасли зимистон маҳдудияти барқ дар саросари кишвар ба истиснои пойтахт ҷорӣ буд. Аммо бӯҳрони хосе дар фасли сармо пеш наомад. Вале дар моҳи март ба сурати якбора бӯҳрони шадиди барқ пеш омад, ки далели он кам шудани оби рӯдхонаи Вахш унвон шуд ва ҳатто аз 10 март то 10 апрел дар Душанбе ва ҳатто хиёбони марказии он ҳам маҳдудияти қатъии барқ ҷорӣ шуд.
ТОҶИКИСТОН ДАР ИНТИЗОРИ ЗИМИСТОН САРД?
Аммо мутахассисони соҳаиобу энержӣ мегӯянд, ки паёми аслии ин муроҷиат номаи раиси «Барқи тоҷик» он аст, ки Тоҷикистон як зимистони сарду сахту сангинеро дар пеши рӯ хоҳад дошт. Ва ин иқдоми раиси «Барқи тоҷик» талошест барои пешопеш худсафедкунӣ дар ҳолати пеш омадани вазъи бӯҳронӣ, аз ин муроҷиат маълум аст, ки ногузир хоҳад буд.
Ғуломиддин Сайфиддинов, корманди собиқи «Барқи тоҷик» ва коршиноси бахши энержӣ дар Тоҷикистон мегӯяд: «Иқтидорҳо чор баробар афзудааст. «Талко» тавлидотро, яъне истифодаи барқро кам карда дар ин сол, нерӯгоҳҳои хурди зиёде ба кор даромад, нерӯгоҳи Сангтудаи-1 ба кор даромад. Куҷо мешавад ин нерӯи барқ? Ин як худсафедкунӣ метавонад бошад, дигар ҳеҷ чиз».
ОЁ БАРҚИ ТОҶИКИСТОН ҚОЧОҚ МЕШАВАД?
Ба гуфтаи оқои Сайфиддинов, феълан ҳеҷ гуна коҳиши маҷрои об ва паст шудани сатҳи обанборҳо мушоҳида намешавад. Ӯ эътиқод дорад, барқи Тоҷикистон ҳанӯз ҳам ба сурати қочоқӣ ба хориҷ аз кишвар интиқол мешавад, ҳарчанд, ки Тоҷикистон аз шабакаи воҳиди барқи минтақа хориҷ шудааст.
Аммо мақомоти «Барқи тоҷик» ин иддаоро рад мекунанд ва мегӯяд, ки ҳатто дар фасли тобистон, ки нерӯи бештар аз ниёзмандиҳои Тоҷикистон тавлид мешуд, ба ҷуз аз Афғонистон, ба кишвари дигаре барқ нафурӯхтааст. Ба бовари бархе сокинон, дар ҳоле истифодаи нерӯи барқ дар дохили кишвар маҳдуд мешавад, содироти барқ ба Афғонистон ҳамчунон идома дорад. Сокинон мегӯянд, ки ба далели он, ки афғонҳо қимати бештаре барои барқ пардохт мекунанд, масъулин барқро ба ҷои шаҳрвандони Тоҷикистон ба Афғонистон мефурӯшанд.
Ширкати «Барқи тоҷик» ҳам ин даъворо рад намекунад, вале мегӯяд, ин ҳол ду сабаб дорад, ки ҳадафи аслӣ аз он яке аз даст надодани бозори ояндаи фурӯши барқ аст. Оқои Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи «Барқи тоҷик» мегӯяд: «Мо ба Афғонистон ба мақсади гум накардани бозори оянда дар фасли зимистон ҳам камтар барқ медиҳем. Он ҳамагӣ 0,4 фоизи ҳаҷми умуиро ташкил медиҳад, мисле, ки дар Душанбе ба се чор бинои 9 ошёна барқ медода бошем. Он зиёд нест ва дар таносуби умумӣ чизеро дигар намекунад».
ОҒОЗИ ЛИМИТИ БАРҚ ДАР МАНОТИҚ
Ин дар ҳолест, ки Вазорати энержӣ низ гуфта буд, маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба аҳолии кишвар соли равон назар ба соли гузашта коҳиш хоҳад ёфт. Вале акнун сокинони манотиқи кӯҳистони кишвар мегӯянд, ки аз ду ҳафта ба ин сӯ, барқро ба сурати реҷаи маҳдуд дарёфт мекунанд.
Маҳмудҷон Абдуқодиров, як сокини Рашт мегӯяд, ки акнун моҳи дуввуми соли хониш аст ва аз ин моҳ сар карда то поёни соли хониш, яъне то моҳи май барқ дар минтақаи Рашт ба сурати маҳдуд дода мешавад, яъне рӯзона аз соати 9 то шаши бегоҳ барқ нест ва ба ин далел бархе барномаҳои таълимӣ, аз ҷумла барномаи информатика ва фановариҳо, ҳамин тавр барномаи пурдағдағаи компютеркунонии мактабҳо амалӣ нахоҳад шуд.
Масъулини «Барқи тоҷик» мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир ба ҳеҷ кишвари ҳамсояе дар мавриди харидории нерӯи барқ дар фасли сармо ба тавофуқ нарасидаанд. Дар ҳоле, ки солҳои гузашта бахше аз ниёзмандиҳои худро ширкати Алюминиюми Тоҷикистон аз ҳисоби барқи ворида аз Туркманистон ва Узбакистон таъмин мекард. Ба ҳар ҳол аз ҳоло маълум аст, ки нерӯи барқ як мавзуъи доғ ва хабарсози рӯзҳои оянда дар Тоҷикистон хоҳад шуд.
Нурмуҳаммад Холназаров, сардори раёсати энергетикаи барқии вазорат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ин коҳиш ба фаъолшавии нерӯгоҳҳои хурду миёна дар кишвар вобаста аст: «Ин қабл аз ҳама ба фаъол шудани чархаи аввали нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" ва 20 нерӯгоҳи хурд дар кишвар вобастааст, ки 110 мегаватт барқ хоҳад дод. Беш аз 20 нерӯгоҳи хурд бо иқтидори 9 мегаватт ба истифода дода шуд. Маҳдудияти боқӣ мемонад, аммо на ба дараҷаи солҳои пешин».
Ба гуфтаи ин манбаъ, соли равон камбуди барқ аз ҳудуди 2,5 миллиард киловат соат ба беш аз 1 миллиард поён хоҳад омад.
15 СОЛИ МАҲДУДИЯТИ БАРҚ
Маҳдудиятҳои барқ дар Тоҷикистон аз соли 1996 ба ин сӯ ҷорӣ мешаванд ва то чанд соли пеш ҳатто ба таври назаррас амнияти энержии кишварро таҳти суол қарор дода буданд. Тибқи иттилои расмӣ, истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон аз 15 миллиард киловати замони Шӯравӣ ба 17, 5 миллиард расидааст. Ҳукумати Тоҷикистон, ки амнияти энержиро яке аз се афзалияти истиқлоли кишвар унвон мекунад, соли 2009 ба иҷрои барномаи ёздаҳсолаи бунёди 440 нерӯгоҳи хурд дар саросари кишвар шурӯъ кард ва то ба ҳол ҳудуди 250 адад ба истифода дода шудаанд. Дар ин миён нерӯгоҳи Помир-1 бо иқтидори 14 мегават ва Сангтӯда-1 бо тавоноии 600 мегаватт низ фаъол шуданд. Ҳамчунин дар ҳоле, ки корхонаҳои саноатии бузурги фаъол дар замони Шӯравӣ низ аз кор мондаанд ё қисман фаъоланд, маҳдудияти интиқоли барқ дар кишвар идома дорад.
Иддае аз коршиносон бар инанд, ки тақсимоти барқ дар кишвар раванди ношаффоф аст ва эҳтимолан ҳарфи фасод дар миён аст..
ПАЁМИ "БАРҚИ ТОҶИК" БА МАРДУМ
Масъулини «Барқи тоҷик» дар шарҳи ин муроҷиатнома мегӯянд, ки ҳадаф аз он, ҷилавгирӣ аз пеш омадани вазъи буҳронӣ дар фасли сармо мебошад. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи Барқи тоҷик мегӯяд: “Вазъият бӯҳронӣ нест, барои он, ки фардо дар фасли зимистон ба ягон душворӣ гирифтор нашавем, фақат ба ҳамин хотир чунин иқдом рӯи даст гирифта шудааст. Зеро ягона захираи гидроэнергетикии мо обанбори Норак аст ва ҳар қатраи 53 метр оби захираи Норакро мо бояд самаранок истифода кунем».
Соли гузашта дар фасли зимистон маҳдудияти барқ дар саросари кишвар ба истиснои пойтахт ҷорӣ буд. Аммо бӯҳрони хосе дар фасли сармо пеш наомад. Вале дар моҳи март ба сурати якбора бӯҳрони шадиди барқ пеш омад, ки далели он кам шудани оби рӯдхонаи Вахш унвон шуд ва ҳатто аз 10 март то 10 апрел дар Душанбе ва ҳатто хиёбони марказии он ҳам маҳдудияти қатъии барқ ҷорӣ шуд.
ТОҶИКИСТОН ДАР ИНТИЗОРИ ЗИМИСТОН САРД?
Аммо мутахассисони соҳаиобу энержӣ мегӯянд, ки паёми аслии ин муроҷиат номаи раиси «Барқи тоҷик» он аст, ки Тоҷикистон як зимистони сарду сахту сангинеро дар пеши рӯ хоҳад дошт. Ва ин иқдоми раиси «Барқи тоҷик» талошест барои пешопеш худсафедкунӣ дар ҳолати пеш омадани вазъи бӯҳронӣ, аз ин муроҷиат маълум аст, ки ногузир хоҳад буд.
Ғуломиддин Сайфиддинов, корманди собиқи «Барқи тоҷик» ва коршиноси бахши энержӣ дар Тоҷикистон мегӯяд: «Иқтидорҳо чор баробар афзудааст. «Талко» тавлидотро, яъне истифодаи барқро кам карда дар ин сол, нерӯгоҳҳои хурди зиёде ба кор даромад, нерӯгоҳи Сангтудаи-1 ба кор даромад. Куҷо мешавад ин нерӯи барқ? Ин як худсафедкунӣ метавонад бошад, дигар ҳеҷ чиз».
ОЁ БАРҚИ ТОҶИКИСТОН ҚОЧОҚ МЕШАВАД?
Ба гуфтаи оқои Сайфиддинов, феълан ҳеҷ гуна коҳиши маҷрои об ва паст шудани сатҳи обанборҳо мушоҳида намешавад. Ӯ эътиқод дорад, барқи Тоҷикистон ҳанӯз ҳам ба сурати қочоқӣ ба хориҷ аз кишвар интиқол мешавад, ҳарчанд, ки Тоҷикистон аз шабакаи воҳиди барқи минтақа хориҷ шудааст.
Аммо мақомоти «Барқи тоҷик» ин иддаоро рад мекунанд ва мегӯяд, ки ҳатто дар фасли тобистон, ки нерӯи бештар аз ниёзмандиҳои Тоҷикистон тавлид мешуд, ба ҷуз аз Афғонистон, ба кишвари дигаре барқ нафурӯхтааст. Ба бовари бархе сокинон, дар ҳоле истифодаи нерӯи барқ дар дохили кишвар маҳдуд мешавад, содироти барқ ба Афғонистон ҳамчунон идома дорад. Сокинон мегӯянд, ки ба далели он, ки афғонҳо қимати бештаре барои барқ пардохт мекунанд, масъулин барқро ба ҷои шаҳрвандони Тоҷикистон ба Афғонистон мефурӯшанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад