Лучоб, водии хомӯшони миллат

Лучоб - оромгоҳест, ки дар бистари он сиву ҳафт фарди маъруфи миллати тоҷик хоби абад ёфтаанд.
Дар ин оромгоҳ соли 1977 нахуст шоири шинохта тоҷик, қаҳрамони миллат -- Мирзо ТУРСУНЗОДА ба хок супурда шуд ва мазори ӯ то соли 1982 ягона мазори ин макон буд.

Дар соли 1982 Малика СОБИРОВА, ситораи балети Шӯравӣ дар Лучоб
манзили охират пайдо кард. Баъдан расм шуд, ки чеҳраҳои маъруфи миллатро дар ин макон ба хок супоранд.
Аксари зоирин рӯзи ҷумъа ба зиёрати мазори бузургон меоянд ва маъмулан мурдаҳои ба қавли мардум"тоза"-ро зиёрат мекунанд...


Нафаре, ки ахиран дар Лучоб дафн шуд, собиқ раиси парлумони Тоҷикистон Сафаралӣ РАҶАБОВ буд, ки хоки мазораш ҳанӯз хушк нашудааст.

Лавҳаи санги мазори бузургони миллат бо рангу наҳваи мухталиф таҳия шудааст. Ба ҷуз чанд мазори тоза, ки шояд соҳибдаракҳои онҳо барои таҳияи лавҳаи хотира ҳанӯз фурсат накардаанд. Нигаҳбони гӯристони Лучоб ба мо гуфт, ки санги мазор, муҷассама ва лавҳаи хотираи бузургонро умдатан наздикони онҳо гузоштаанд.

Атрофи оромгоҳ девор надорад, аммо тозаву озодаву ором аст ва маълум аст, ки раҳгузарҳо ба ин мардум эҳтиром доранд ва оромиши онҳоро халалдор намекунанд. Мазори Лучоб дар ҳудуди 6,5 ҳектар доман паҳн карда ва танҳо шаҳрдорӣ тасмим мегирад, ки кадом афрод дар он ба хок супурда шавад.

Ҷамолиддин Сафаров посбони оромгоҳ, ки ҳамчунин масъулияти поку тамиз нигоҳ доштани ин макон бар души ӯст мегӯяд, аз ин кор пули зиёде дарёфт намекунад, вале чун ин касбро аз падар ба мерос гирифтааст, онро эҳтиром мекунад ва идома медиҳад.

"Аксари зоирин рӯзи ҷумъа ба зиёрати мазори бузургон меоянд ва маъмулан мурдаҳои ба қавли мардум"тоза"-ро зиёрат мекунанд. Нафароне дар ин ҷо хок шудаанд, ки солҳо ба ёди касе намерасанд"-мегӯяд ӯ. Ҷамолиддин Сафаров аз як мӯйсафеде ёдовар шуд, ки солҳо мазори ситораи балет Малика Собироваро зиёрат мекард.

"Чанде боз ӯро вонахурдам, шояд аз дунё гузашта бошад, чун бисёр пир буд",- гуфт нигаҳбони қабристони Лучоб.

Навори хабарнигори "Озодӣ", баъди зиёрати чеҳраҳои маъруфи миллат, ки дар оромгоҳи Лучоб ба абад пайвастаанд:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Водии хомӯшони миллат