Баҳси тарҳи роҳи Вахон дар дидори Карзай бо Гелонӣ

Ҳомиди Карзай

Нахуствазири Покистон тарҳи роҳи миёни Покистон ва Тоҷикистонро бо раисиҷумҳури Афғонистон баррасӣ хоҳад намуд.
Қарор аст, нахуствазири Покистон дар ҳошияи нишасти моҳи ояндаи кишварҳои SAARC, ки дар Молдив баргузор мегардад, бо раисиҷумҳури Афғонистон дидору гуфтугӯ дошта бошад.

Ба навиштаи рӯзномаи англисизабони «The News”, Юсуфризо Гелонӣ рӯзи шанбе баён доштааст, ки иҷрои ин тарҳ, кӯтоҳтарин роҳро барои кишварҳои Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон, ки садсолаҳо бо ҳам пайванди таърихӣ, фарҳангӣ ва тиҷоратӣ доранд, фароҳам мекунад. Нахуствазири Покистон мутмаин аст, ки бунёди шоҳроҳ аз Тоҷикистон то ба Покистон аз тариқи долони Вахони Афғонистон ба рушди тиҷорати миёни се кишвар мусоидат хоҳад кард.


Юсуфризо Гелонӣ

Нахуствазири Покистон гуфтааст, ки кишвараш барои амалишавии ин тарҳ тасмими қотеъ дорад, то равобити иқтисодиро бо кишварҳои Осиёи Миёна тавсеа бахшад.

Роҳи нав қарор аст, ноҳияи Чатроли Покистонро ба воситаи Бадахшони Афғонистон ба ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон васл кунад. Тахмин зада мешавад, ки барои бунёди шоҳроҳи миёни Тоҷикистону Покистон аз тариқи долони Вахон тақрибан 500-600 миллион доллар зарур аст. Аз ин пеш Бунёди Оғохон эълом дошт, ки омодаи саҳмгирӣ дар сармоягузории ин тарҳ мебошад. Осифалӣ Зардорӣ, раисиҷумҳури Покистон ҳам эълом дошта буд, ки шояд сармоядорони покистониро барои ширкат дар татбиқи ин тарҳ даъват намояд.

Ба гуфтаи сиёсатмадорону коршиносон, шоҳроҳи миёни Тоҷикистону Покистон аз қаламрави Афғонистон воқеъан ҳам барои рушди тиҷорату рафтуомад дар минтақа хеле муҳим аст, зеро интиқоли молу колои Покистону Ҳиндустонро ба бозорҳои Осиёи Марказӣ осон хоҳад кард. Аз сӯи дигар, кишварҳои Осиёи Марказӣ ба бандарҳои ҷанубӣ дастрасӣ пайдо мекунанд.

Ҳукумати Афғонистон то имрӯз тасмими худро дар мавриди бунёди роҳ аз тариқи долони Вахон ба таври қатъӣ эълон накардааст.