Cозмони Милал: "Гуруснагӣ дар соли 2011"

Ҳар оилаи тоҷикистонӣ то 75 дарсади даромади моҳонаашро барои харидории маводи ғизоӣ масраф мекунад.
Cе муассисаи марбут ба озуқаи СММ гузориши “Гуруснагӣ дар соли 2011”-умро интишор намуданд, ки тибқи он ҳар оилаи тоҷикистонӣ то 75 дарсади даромади моҳонаашро барои харидории маводи ғизоӣ масраф мекунад.

Ба қавли муаллифони гузориш, зоҳиран раванди болоравии нархи маводи ғизоӣ дар саросари олам идома ёфта, боиси афзоиши мушкилоти кишоварзон ва муштариён дар мамолики камбизоат хоҳад шуд. Муассисаҳои ғизоии СММ аз кишварҳои олам даъват кардаанд, ки тавассути роҳанадозии чораҳои муштарак аз болравии нархҳо ҷилавгирӣ кунанд.

Охири ҳафтаи гузашта ҳангоми таҷлили 80-умин солгарди Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон, ки бо ҷашни иди қадимаи ҷамъоварии ҳосили кишоварзии мардуми ориёӣ-Меҳргон ҳамзамон омад, Эмомалӣ Раҳмон ба ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон дастур дод, ки меъёри солонаи истеъмоли маводи ғизоӣ барои шаҳрвандони кишварро муқаррар намоянд.

Хабаргузории “Регнум”-и Русия бо ишора ба иттилои Оҷонси давлатии омори Тоҷикистон навиштааст, ки то якуми сентябри соли равон ҳар шаҳрванди Тоҷикистон барои баровардани ниёзмандиҳояш ба маводи ғизоӣ мебоист моҳона ҳадди ақалл то 120 сомонӣ масраф намояд. Хабаргузорӣ ёдовар шудааст, ки маоши камтарин дар Тоҷикистон ба 80 сомонӣ баробар аст.

Дар як гузориши Созмони Милали Муттаҳид омадааст, ки сокинони Тоҷикистон барои дарёфти ғизо беш аз ҳар кишвари дигари олам харҷ доранд, яъне ба ҳисоби миёна тахминан аз чор се ҳиссаи маоши ходимон барои харидории маводи ғизоӣ масраф мешавад. Ҳамин гуна мардуми Покистону кишвари африқоии Ғана низ беш аз 70 дарсади даромади моҳонаашонро барои харидории озуқа масраф мекунанд.

Дар арафаи рӯзи байнулмилалии ғизо, ки ҳар сол дар таърихи 16-уми октябр баргузор мешавад, муассисаҳои марбутаи СММ: Муассисаи Озуқа ва Кишоварзии СММ, Хазинаи Байнулмилалии Рушди Кишоварзии СММ ва Барномаи Озуқаи СММ дар пойтахти Италия гузориши наве пахш намуда, изҳори нигаронӣ кардаанд, ки соли 2011-ум бо нархҳои ноустувори маводи ғизоӣ дар ёд хоҳад монд.

Созмони Милал даъват кардааст, ки ба хотири ором намудани бозорҳо, кишварҳои олам ба иқдоми муштарак даст зананд. Ба қавли муаллифони гузориш нархи баланди маводи ғизоӣ кишварҳои камбизоати вобаста ба воридотро дар ҳоли ногувор қарор медиҳад. Аксари ин мамолик то кунун мушкилиҳои бӯҳрони солҳои 2006-2008-умро пушти сар накардаанд ва идомаи ин ҳол иҷрои ҳадафҳои рушди ҳазора, яъне 50 дарсад коҳиш додани сатҳи гуруснагии саросари оламро зери суол мегузорад.

Жак Диюф, раиси Муассисаи Озуқа ва Кишоварзии СММ, Канайо Нванзе, раисиХазинаи Байнулмилалии Рушди Кишоварзии СММ ва Ҷозет Ширан, раиси Барномаи Озуқаи СММ, бар ин ақидаанд, ки ҳатто иҷрои ҳадафҳои рушди ҳазора набояд мояи қаноат бошад, зеро тибқи ин барнома дар соли 2015-ум низ камаш 600 миллион аҳолии олам рӯзмарра аз гуруснагӣ ва камбуди ғизо азият хоҳанд кашид.

СММ таъкид мекунад, ки омили асосии аз байнбарандаи амнияти ғизо ҳамоно нархи озуқа боқӣ мемонад, зеро аз як тараф рушди иқтисод ва афзоиши саршумори аҳолӣ истеъмолро бештар кунад, аз сӯи дигар тақозо ба маводи сӯхти биологӣ низоми тавлиди ғизоро зери фишор нигаҳ медорад. Ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ машварат медиҳад, ки иқтисодҳои нерӯманд бо сармоягузориҳои дарозмуддат рушди кишоварзӣ, ба вижа низоми обёрӣ, истифодаи оқилонаи заминҳои кишт, пажӯҳиш ва тавлиди тухмии серҳосилро ҳимоят кунанд. Ҳамчунин ба гуфтаи муаллифони гузориши СММ сармоягузориҳои хусусӣ дар рушди кишоварзӣ саҳми бузург дошта метавонанд.


Ба навиштаи Муассисаи кишоварзӣ ва Озуқаи СММ агар дар солҳои бӯҳронии 2006-2008-ум шумораи мардуми мувоҷеҳ бо камбуди ғизо дар саросари олам ба 850 миллион нафар баробар бошад, соли 2010-ум ин рақам ба 925 миллион нафар мусовӣ шуда буд.