Гуфтугӯ бо Ҷӯрабек Умаров, ки тӯли ду сол дар гурӯҳи Фарҳоди Дарё кор карда, ҳоло ба Тоҷикистон бозгаштааст.
Ду соли охир аз Афғонистон танҳо гузоришҳо дар бораи батадриҷ вахим шудани вазъи амниятӣ мерасанд ва кишварҳои давру барро воҳимаи Толибон гирифтааст.
Аммо ҳунарманди тоҷик Ҷӯрабек Умаров тайи ин муддат дар чанд консерти Фарҳоди Дарё, ҳунарманди маъруфи афғон, дастгоҳи асосӣ - киборд ё пианинои барқӣ менавохт ва бо афғонҳову Афғонистони дигар буд. Ахиран Ҷӯрабек аз Кобул баргашт ва бо "Озодӣ" сари мизи сӯҳбат нишаст.
Радиои Озодӣ: Ҷӯрабек бори охир ба Кобул барои чӣ рафта будед?
Ҷӯрабек Умаров: "Рӯзи 21 сентябр Фарҳоди Дарё дар Кобул бояд як консерти вижа барои бонувон баргузор мекард. Ӯ аз ман хоҳиш кард, ки боз як киборднавози дигарро ҳам бо худ гирам. Ман дӯстам Раҳмоналӣ Шеровро ҳамроҳи худ гирифта, як ҳафта пеш ба Кобул рафтем ва то 20 сентябр ба тамрин машғул будем."
Радиои Озодӣ: Ба ҷуз Шумо боз киҳо, манзур навозандагон даъват шуда буданд?
Ҷӯрабек Умаров: "Ду дӯҳлнавоз аз Ҳиндустон, як таблнавоз, ки худ афғон аст, аз Олмон, як драмнавоз - барабанист аз Булғория ва мо ду нафар аз Тоҷикистон даъват шуда будем."
Радиои Озодӣ: Консерт баргузор шуд?
Ҷӯрабек Умаров: "Мутаассифона, ин дафъа консерт баргузор нашуд. Рӯзи 20 сентябр, вақте дар варзишгоҳ машғули тамрин будем, дар куҷои шаҳр як таркиш ба амал омад. Намедонам, чӣ қадар дур буд, аммо мо шунидем. Аҳамият надодем ва ба тамрин машғул шудем. Баъд аз 20 дақиқа омаданд, гуфтанд, ки андак танаффус кунед, чӣ мушкиле рух додааст. Як соат интизор шудем. Боз омаданд, гуфтанд, ки тамрин намешавад, зеро кадом як одами бузургро куштаанд. Мо ба меҳмонхона рафтем, пас фаҳмидем, ки устод Раббониро террор карда будаанд. Азбаски се рӯз мотами миллӣ эълон карданд, консерт ҳам баргузор нашуд. Фарҳоди Дарё ҳам сахт ғамгин буд. Гуфт, ки дар оянда фурсат шавад, ин консертро баргузор мекунем. Мо ҳам чанд рӯз мондему ба Душанбе баргаштем."
Радиои Озодӣ: Ҷӯрабек, Шумо соли 2010 ҳам дар силсилаконсерти "Корвони сулҳ" бо унвони "Зиндагӣ зебост", ки хеле овозадор буд, иштирок доштед. Он замон чӣ тур буд?
Ҷӯрабек Умаров: "Он замон аввал дар Кобул консерт додем, аммо фақат барои ҳукуматиҳову кормандони сафорату созмонҳои хориҷӣ ва дар як маҷмааи варзишӣ дар ҳудуди арки раисҷумҳур. Дар Мазори Шарифу Ҳирот ва Ҳилманд ҳам консерт шуд. Дар Мазори Шарифу Ҳирот аз Тоҷикистон ману Бахтиёр Насриддинови барабанист будем. Оромӣ буд. Мешунидем, ки ноамнӣ аст, аммо дар ҳеҷ куҷо шахсан ин ноамниро надидам, чун асосан бо навозандагии худ машғул будам."
Радиои Озодӣ: Оё Шумо медонистед, ки Ҳилманд яке аз нуктаҳои ноамнтарини Афғонистон, ҳатто ҷаҳон аст ва 40 дарсади ҳероини ҷаҳон дар ин вилоят тавлид мешавад?
Ҷӯрабек Умаров: "Инро ба ман нагуфта буданд. Худам ҳам намедонистам, ки куҷо меравам. Дар бораи Ҳилманд ном ҷои Афғонистон ҳамон вақт шунида будам. Фикр кардам, ки мисли дигар ҷойҳои Афғонистон аст. Аммо маҳз барои ҳамин консерт аз мо хоҳиш карданд, ки либоси афғонӣ пӯшем. Мо ҳам суол накардем, барои чӣ. Баъд аз он ки консертро тамом кардем, продюсерҳо хурсандӣ карда, мегуфтанд, ки хайрият хубу беҷанҷол гузашт. Пурсидам, ки чаро? Гуфтанд, ки медонӣ, ин ҷо чӣ ҷои хатарнок аст?! Баъд фаҳмонданд. Ростӣ, баъд маро андак ваҳм гирифт. Маро барои он огоҳ накарда будаанд, ки ин фикр ба навозандагиам таъсир нарасонад. Аммо ним сол пеш аз Ҳилманд дар Ҳирот будем. Он ҷо консертро тамом кардему тақрибан 200 метр дуртар аз варзишгоҳ таркиш шуд. Варзишгоҳ, ки пури одам буд, зуд ҳамаро воҳима пахш кард. Гурезогурез сар шуд. Кӣ куҷое намегурехт. Навозандаҳоро дар варзишгоҳ медидӣ, мухлисонро дар саҳна. Навозандаҳо аз Ҳиндустону Олмон буданд. Асбобҳояшонро партофтанду гурехтанд. Ман акнун синтезаторамро ҷамъ мекардам. Дидам, ки ҳама мегурезанд, ман ҳам асбобро гузоштаму ба берун давидам. Қафои варзишгоҳ гузаштам, ки Фарҳоди Дарёро дар як мошин шинонданд. Пас низомиҳо омаданду гуфтанд, ки безобита нашавем, гапе нест, як таркиши маъмулӣ аст, ки ҳар рӯз мешавад."
Радиои Озодӣ: Баргардем ба Ҳилманд. Шумо хабар надоред, ки шояд ягона тоҷике ҳастед, ки солҳои охир дар ин вилоят буд. Мардуми он ҷоро чӣ гуна дарёфтед?
Ҷӯрабек Умаров: "Воқеан, ин як сафари аз дигар сафарҳо фарқкунанда буд. Мо ба як олами тамоман дигар рафта будем. Мо дар шаҳри Лашкаргоҳ - маркази он ҷо будем. Моро намегузоштанд, ки аз ҷои иқоматамон берун оем. Ҳатто афғонҳое, ки аз Кобул буданд ва калонсол буданд, шаҳрро намешинохтанд. Ба ном шаҳр буд, аммо бештар ба деҳаи калон монанд буд. Як шаҳре буд, ки гӯиё дар даруни биёбон аст. Хеле кам дарахт дошт. Мардумаш ҳам аҷиб буданд. Хеле ҳайрон шудам. Ба мо гӯиё ба як мардуми аз дигар сайёра омада менигаристанд. Дар муқоиса бо мардуми Ҳироту Мазори Шариф ва Кобул чеҳраҳои тарсзада ва маҳзун доштанд. Маълум буд, ки онҳо бо олами беруна робита надоранд ва сабаби ин ҳама ҷанги дурудароз аст."
Радиои Озодӣ: Аз ҳама шаҳрҳо ба Шумо кадоме хуш омад?
Ҷӯрабек Умаров: "Мазори Шариф. Ин як шаҳри тозаву озода, олами дигар аст. Идеяи консерте, ки рӯзи 21 сентябр бояд дар Кобул мешуд, ҳамон вақт пайдо шуд. Он ҷо мо як консерт махсус барои занҳо додем. Хеле мардуми зиёд омад ва гуфтанд, ки ҳамин тарҳи хуб аст ва бояд дар дигар шаҳрҳо ҳам пиёда кард."
Радиои Озодӣ: Мухлисон чӣ гунаанд дар Афғонистон?
Ҷӯрабек Умаров: "Бисёр фаъоланд. Маълум, ки ташнаи суруд ҳастанд ё санъатро хеле дӯст медоранд. Аз аввал то охири консерт, хоҳ бо таронаи ором сар шавад, хоҳ шӯх, ба шӯр омада, овозхонро дастгирӣ мекунанд. Ин танҳо дар консертҳои Фарҳоди Дарё не, пештар ҳамроҳи Манижа ҳам рафта будам ва мухлисон то охир ба ваҷд омада, ҳатто бо овозхон ҳамовозӣ мекарданд. Ман ин гуна мухлисонро надидаам. Аммо гоҳҳо бетартибӣ ҳам мекунанд, масалан, мехоҳанд, ки ҳатто рӯи саҳна оянд."
Радиои Озодӣ: Занон ҳам ҳамин тавранд?
Ҷӯрабек Умаров: "Бале. Агар наворҳои консерти Фарҳоди Дарё дар Мазори Шарифро бинед, мебинед, ки занони афғон дар толор чӣ гуна фаъоланд. Аммо дар консертҳои мардона занон иштирок намекунанд, агар кунанд, дар ягон ҷои дур, нонамоён ва ором мешинанд."
Радиои Озодӣ: Шумо дар чандин консерт бо Фарҳоди Дарё ҳамроҳ будед. Ӯро чӣ гуна дарёфтед?
Ҷӯрабек Умаров: "Инсони хеле аҷиб ва овозхони бузург аст. Масалан, ҳамеша дар бараш камера дорад. Ҳама кори худро наворбардорӣ мекунад, ҳатто хӯрок хӯрданашро. Баъзан, вақте дар тайёра менишинем, дарҳол аз мо мехоҳад, ки суруд хонем. Сабт мекарданд. Мегуфт, ҳамин ки аз тайёра фаромадем, фалон таронаро месароем ва сабт мекарданд. Сафарҳои моро ӯ аҷибу шавқовар мекард. Аз рафтори ӯ бисёр чиро мешавад омӯхт. Масалан, чӣ гуна сӯҳбат карданро. Ӯ мисли дипломатҳо ором ва бо суханҳои зебо сӯҳбат мекунад. Дар ҳамин ду сол ман ягон дағалӣ ё асабӣ шудани ӯро надидаам. Ҳамеша худашро идора мекунад. Муносибаташ бо навозандагон дар сатҳи олӣ аст. Ҳамаро эҳтиром мекунад, намеранҷонад. Идеяҳояшро бо навозандагон муҳокима мекунад. Муҳимтар аз ҳама медонад, ки кӣ ба чӣ қодир аст. Қариб аксари таронаҳояшро зинда иҷро мекунад. Дар як консерт шояд 5 фонограмма равад. Командааш хеле пурқувват аст. Ҳама консертҳояшро продюсеронаш дар сатҳи ҷаҳонӣ омода мекунанд."
Радиои Озодӣ: Ҷӯрабек, киборд барои овозхон аз ҳама асбоби асосӣ ҳисоб мешавад. Чаро Фарҳоди Дарё Шуморо ҳамчун киборднавоз интихоб кард?
Ҷӯрабек Умаров: "Соли 2010 Шафиқ Қиёмпур ба ман муроҷиат карда, гуфт, ки ба Фарҳоди Дарё як киборднавози хуб зарур аст ва ҳама Шуморо тавсия доданд. Ман ҳам розӣ шудам ва бори аввал ҳам, ки дар Кобул навохтам, қабул шуд. Дуюм, ки мусиқии мо бо мусиқии Афғонистон як аст гӯем ҳам, хато намекунем. На фақат аз рӯи гӯш кардан ва забон, балки аз рӯи навохтан ҳам. Ин ҳам назокатҳои худро дорад, ки профессионалӣ ҳастанд ва агар фаҳмонам, хеле вақт мегирад."
Радиои Озодӣ: Ҳоло дар Душанбе ба чӣ кор машғулед?
Ҷӯрабек Умаров: "Дар гурӯҳи "Сипар" баъд аз марги устод Ҳафиз Саидов маро роҳбари мусиқӣ таъйин карданд. Он ҷо кор мекунам."
Радиои Озодӣ: Ҷӯрабек, вақте Афғонистон мегӯӣ, ба бадани бархе одамон мурғак медавад. Аммо чаро Шумо меравед, шояд пули хуб диҳанд?
Ҷӯрабек Умаров: "Воқеан, гап дар пул ҳаст. Пули хуб медиҳанд. Ҳамин ҷо ҳам меҳнат кунӣ, меёбӣ. Аммо шояд одат кардаам, Худо мегӯям, ки ягон тарҳ шаваду маро даъват кунанд. Дар Афғонистон худамро бегона ҳис намекунам. Медонед, ҳатто вақте дар бозорҳо ягон чӣ хариданӣ мешаваму аз лаҳҷаам мефаҳманд, ки тоҷикам, бепул ҳам молашонро медиҳанд. Барои он ки тоҷик ҳастам. Пеш намедонистам, ки ин қадар тоҷикро он ҷо ҳурмат мекунанд. Ҳатто дар гумруки фурудгоҳ тафтиш ҳам намекунанд."
Мардуми афғон бисёр фаъоланд. Ё ташнаи суруданд ё санъатро хеле дӯст медоранд. Аз аввал то охири консерт ба шӯр омада, овозхонро дастгирӣ мекунанд...
Аммо ҳунарманди тоҷик Ҷӯрабек Умаров тайи ин муддат дар чанд консерти Фарҳоди Дарё, ҳунарманди маъруфи афғон, дастгоҳи асосӣ - киборд ё пианинои барқӣ менавохт ва бо афғонҳову Афғонистони дигар буд. Ахиран Ҷӯрабек аз Кобул баргашт ва бо "Озодӣ" сари мизи сӯҳбат нишаст.
Радиои Озодӣ: Ҷӯрабек бори охир ба Кобул барои чӣ рафта будед?
Ҷӯрабек Умаров: "Рӯзи 21 сентябр Фарҳоди Дарё дар Кобул бояд як консерти вижа барои бонувон баргузор мекард. Ӯ аз ман хоҳиш кард, ки боз як киборднавози дигарро ҳам бо худ гирам. Ман дӯстам Раҳмоналӣ Шеровро ҳамроҳи худ гирифта, як ҳафта пеш ба Кобул рафтем ва то 20 сентябр ба тамрин машғул будем."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад