Ҳанӯз ҳам гурӯҳе аз сокинони Тоҷикистон пасандозҳои худро бо доллар ва дар манзили худ нигоҳ медоранд.
Ин дар ҳолест, ки тобистони имсол Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи "Қонуни суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ"-ро қабул намуд.
Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, зимни муаррифии ин қонун дар порлумон гуфта буд, бар асоси он Бунёди пасандозҳо низ таъсис мешавад, ки ҳамаи бонкҳои кишвар ва муассисаҳои қарздиҳӣ ба сурати ҳатмӣ муассиси ин бунёд хоҳанд буд.
Ба гуфтаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон, ҳадафи аслии таъсиси ин Бунёд ҳифзи пасандозҳои шаҳрвандон аз ҳар гуна пайомади бӯҳронҳои молӣ ва иқтисодист.
Бо таваҷҷӯҳ ба чандин маротиба муфлис ва беқурб шудани пасандозҳои мардум дар бонкҳо ҳанӯз ҳам эътимоди мардум ба онҳо чандон ҳосил нашудааст.
Вале манобеи Бонки Миллии Тоҷикистон низ мегӯянд, ки ба фарқ аз солҳои ҳатто 2000 то 2002 эътимоди мардум ба бонкҳо рӯз ба рӯз дар ҳоли афзудан аст, ки далели рӯшани он интиқоли маблағҳои шаҳрвандон аз хориҷ тавассути бонкҳост. Афзун бар ин, дар ин авохир ҳаҷми пасандозҳо беш аз сӣ дар сад афзоиш ёфта, дар охири соли 2010 ба 3,3 миллиард сомонӣ баробар шуд, ки беш аз якуним миллиарди онро пасандозҳои шаҳрвандон ташкил медиҳад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад