Истиқболи Э.Раҳмон аз тарҳи "Роҳи нави абрешим"

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Марк Гроссман, фиристодаи хоси Амрико дар умури Афғонистону Покистон

Фиристодаи вижаи ИМА дар умури Афғонистон ва Покистон бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидору гуфтугӯ анҷом дод.
Марк Гроссман, фиристодаи хоси Амрико дар умури Покистон ва Афғонистон баъд аз мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки ба изофаи баррасии вазъ дар Афғонистон раиси ҷумҳури Тоҷикистонро дар ҷараёни тарҳи нави «Роҳи нави абрешим» қарор додааст.

"РОҲИ НАВИ АБРЕШИМ" ЧӢ РОҲЕСТ?

Ин тарҳ қарор аст, дар конфронси Бонн дар моҳи декабр эълон шавад. Мавзӯи аслии конфронси Бонн, таъсиси «Роҳи нави абрешим» хоҳад буд. Ба гуфтаи оқои Гроссман, ҳадаф аз «Роҳи нави абрешим», мусоидат ба тавсеа ва шукуфоии ин минтақа аст ва мусоидат барои эҳёи Афғонистон мебошад: «Умуман ин идеяи нав нест, ин иқдом барои эҳёи як идеяи

Марк Гроссман зимни конфронси матбуотӣ

қадимӣ аст. Ва ҳоло чандин тарҳе рӯи даст мебошад, аҳамияти ин тарҳи муҳими "Роҳи нави абрешим"-ро таъйид мекунад. Аз ҷумла, Тоҷикистон ва Амрико тарҳи ТАПИ-ро ва тарҳи КАСА 1000 -ро пуштибонӣ мекунанд. Агар ба идеяи наздик кардани ду минтақа тавассути роҳи оҳан, роҳҳои заминиву ҳавоӣ, тавассути ироаи хидматрасониҳо, нафт, газ ва ҳар чизи дигаре, ки инсонҳоро ба ҳам робита медиҳад ва наздик мекунад, назар афканем, ин ҳама имконияти густарда мавҷуд аст. Ва як бахши дигари ин тарҳ, ҷалби сармоя барои рушди иқтисоди минтақа аст. Ва хоса сармояи на давлатӣ ва ҳукуматӣ, балки бештар сармоягузориҳои хусусӣ.»


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Истиқболи Э.Раҳмон аз тарҳи "Роҳи нави абрешим"-гузориши Раҳматкарими Давлат



Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ аз иқдоми баргузории ҳамоиши Бонн ва тарҳи «Роҳи нави абрешим» истиқбол карда ва гуфтааст, ки ин тарҳ пули пайванди миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ хоҳад шуда. Ӯ хостори ҳар чӣ зудтар амалӣ шудани тарҳи «Роҳи нави абрешим» шудааст.

АФҒОНИСТОН- МЕҲВАРИ ГУФТУГӮҲО

Фиристодаи хоси Амрико Марк Гроссман ҳамчунин гуфт, ки меҳвари гуфтугӯ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистонро пайомади қатли Бурҳониддини Раббонӣ барои идомаи барномаи сулҳи Афғонистон ташкил додааст. Эмомалӣ Раҳмон қаблан гуфта буд, ки қатли Бурҳониддини Раббониро бо андӯҳи бузург ва хашм дарёфтааст. Баъди қатли оқои Раббонӣ, пайравони ӯ, ки умдатан шахсиятҳои бонуфузи шимоли Афғонистон ҳастанд, мехоҳанд гуфтугӯ бо Толибон қатъ шавад.

Аз ҷумла, Ато Муҳаммади Нур, волии қудратманди Балх, ки аз ӯ ба унвони ҷойгузини эҳтимолии Бурҳониддини Раббонӣ ёд мешавад, доктор Абдулло, вазири собиқи умури хориҷии Афғонистон ва Амрулло Солеҳ, раиси собиқи амнияти Афғонистон шидидан аз гуфтугӯ бо Толибон мухолифанд. Аммо Амрико ва Ғарб мехоҳад ин гуфтугӯҳои сулҳ идома пайдо кунад. Ба гуфтаи коршиносон, ҳоло фиристодаи Амрико мехоҳад ҳимояти Тоҷикистонро дар ҷиҳати идомаи раванди сулҳ ва қатъ нашудани гуфтугӯҳо бо Толибон касб кунад.

Қосими Бекмуҳаммаад, таҳлилгари умури минтақа мегӯяд: «Барои идомаи раванди сулҳ дар Афғонистон ҳусни нияти шахсиятиҳои

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари сиёсӣ

сиёсӣ ва низомии тоҷиктабори Афғонистон бисёр нақши муҳим ва решаӣ дорад. Гроссман мехоҳад бо сафари худ ҳимоятҳои Тоҷикистонро дар ин замина ҷалб кунад. Зеро дар пайи террори Бурҳониддини Раббонӣ, озурдагии ҷиддӣ дар миёни нухбагони тоҷики Афғонистон ба вуҷуд омада ва бархе аз онҳо муддаии қассосгирӣ аз Толибон ва мутаваққиф кардани раванд сулҳ шудаанд, ки ин мавзеъгирӣ қатъан ба барномаҳои Амрики ва тарҳи «Роҳи нави абрешим»-е, ки Амрико мехоҳад муаррифӣ кунад мутобиқат надорад. Бинобар ин Амрико мехоҳад таваҷҷуҳи ҳимояти Тоҷикистонро дар ин замиина ҳосил кунад».

Оқои Гросман ҳам бо изҳори андӯҳ аз террори Бурҳониддин Раббонӣ гуфт, ки ҳар касе, ки ба ин амал даст задааст, ҳадафаш баҳам задани сулҳ дар Афғонистон аст, вале мо ва президент ба ин мувофиқат кардем, ки бо вуҷуди ҳама мушкилот, аз ҷумла сахтии таҳаммули қатли профессор Раббонӣ низ, бояд раванди сулҳ идома пайдо кунад.

Ҷаноби Гроссман ҳам таъкид кард, ки раванди сулҳ дар Афғонистон вақте метавонад муваффақ шавад, ки ҳама гурӯҳҳои этникӣ дар ин раванд иштирок дошта бошанд. Яъне мегӯянд, коршиносон ин паёмест, ки агар Тоҷикистон ҷонибдори сулҳи Афғонистон аст, бояд дар ин замина иқдоми амалӣ кунад ва ҳамқавмони худро барои идомаи гуфтугӯҳо ташвиқ кунад.