Эмомалӣ Раҳмон дубора санги таҳдоби масҷидеро, ки гуфта мешавад бузургтарин масҷиди ОМ хоҳад буд, гузошт.
Ӯ бори аввал санги таҳдоби ин масҷидро дар моҳи октябри соли 2009 ҳамзамон бо таҷлил аз солгарди Имоми Аъзам гузошта буд. Аммо ӯ ин навбат як қадам пештар рафта, сари фармони ковишгар нишасту хоки пойдевори масҷидро рехт.
Акнун гуфта мешавад, кори сохтмони он амалан оғоз шудааст ва то се-чор соли дигар анҷом хоҳад гирифт. Сохтмони ин масҷид ба далели ду баҳс то кунун тӯл кашида буд. Яке омодасозии тарҳи он, унсурҳое арабӣ зиёде дошта, вале мақомоти Тоҷикистон инро инкор мекарданд.
Далели дигар ҳам рақобати ширкатҳои сохтмонӣ барои анҷоми ин тарҳ буд. Як ширкати қатарӣ даъвогари анҷоми ин сохтмон буд. Аммо ҳоло аз фармоиш то иҷрогар ширкатҳои тоҷикӣ хоҳанд буд. Фармоишгари сохтмон ширкати "Ориён арг" ва иҷрогари он "Сомон-сохтмон" хоҳад буд.
Аз сӯи дигар, масҷиди бузургтарин тибқи тарҳи қаблие, ки муаррифӣ шуда буд, сохта нахоҳад шуд. Зеро он тарҳ ҳудуди бештар аз 300 миллион ва манораҳои ду баробар аз тарҳи феълӣ баландтарро пешбинӣ мекард. Он тарҳ аз сӯи ширкати "Сафарин"-и АМА омода шуда буд. Вале ҳоло тарҳи масҷид 100 миллион арзиш дорад, ки бо ҷой додани унсурҳои миллӣ, аммо бо анҷоми корҳои ҳунармандии бо арзиши камтар хоҳад буд.
"ИН ТАБЛИҒ НЕСТ..."
Ба ҳар ҳол, ҷонибдорони давлат мегӯянд, ин масҷид бозгӯкунандаи ирода ва талоши давлат барои таъмини ниёзмандиҳои мусулмонони кишвар аст. Мақомот мегӯянд, ин нахустин масҷиде дар Тоҷикистон хоҳад буд, ки бо тарҳи хоси миллӣ ва бо пуштибонии давлат сохта хоҳад шуд. То кунун аксари кулли масоҷид тавассути иқдомҳои умумӣ ва бидуни ҳар гуна тарҳи хоси меъмории ҳирфаӣ сохта шудаанд.
Мӯсо Асозода, аз раҳбарони Ҳизби халқӣ-демократӣ, мегӯяд: "Баҳсҳои зиёде дар атрофи ин масъала вуҷуд дошт. Аммо раисиҷумҳур тасмим гирифтааст, ки онро ба зиммаи худ бигирад ва ин иқдоми наҷиб ҳатман амалӣ хоҳад шуд. Бузургтарин масҷид дар минтақа сохта мешавад ва ҳадияи хубе барои мусулмонони кишвар хоҳад буд. Ҳеҷ ҷои таблиғ надорад, зеро ниёзе ба чунин таблиғ вуҷуд надорад. Ин мақсади сардори давлат аст."
МАҲДУДИЯТИ ОЗОДИҲОИ МАЗҲАБӢ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҳоле сари фармони ковишгар ба манзури оғози сохтмони масҷид нишаст, ки зарфи ду соли охир ба шиддати тамом аз сӯи маҳофили исломӣ ва ғайриисломии дохилу хориҷ барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои мазҳабӣ зери танқид будааст.
Қабули қонуни нави дин дар соли 2009, манъи рафтани занон ба масҷид, манъи рӯсарӣ, бозгардондани ҷавонон аз макбатҳои динии хориҷи кишвар, бастани дари даҳҳо масҷид ва ахиран қабули Қонуни масъулияти волидайн, ки рафтани ҷавонони то 18-сола ба масҷидро мамнӯъ мекунад, вокунишҳои шадиди ҷомеаҳои мусалмониро ба дунбол дошт. Маҳофили исломии дохиливу хориҷӣ ин иқдомҳои давлати Тоҷикистонро навъе динситезӣ унвон намуданд. То ҷое, ки бархе аз кишварҳои исломии шарики Тоҷикистон ҳам ба ин иқдом ба навъе эътироз намуданд.
"ДАРИ ТАВБА ҲАМЕША БОЗ АСТ..."
Аммо акнун Ҳизби наҳзати исломӣ, муҳимтарин ташаккули мазҳабӣ-сиёсӣ дар Тоҷикистон, мегӯяд, аз ин иқдоми раисиҷумҳур, ки таҳти ҳар шароите сурат гирифта бошад, истиқбол мекунад. Воҳидхон Қосиддинов, муовини раҳбари ҲНИТ мегӯяд: "Ин иқдоме, ки гирифта шудааст, боиси дастгирист. Худованд мегӯяд, дари тавба доим кушодааст. Ҳоло ин кор ҳар чӣ бошад, агар худсафедкунӣ ҳам бошад, боиси дастгирӣ аст."
Аммо дар айни ҳол, бархе таҳлилгарон ба ин боваранд, ки ин иқдоми раҳбарияти Тоҷикистон талошест барои шустани зеҳнияти халқшуда, ки давлат душмание ба ислом надорад ва барои масрафи дохилӣ ва хориҷӣ пешбинӣ шудааст. Аз сӯи дигар ҳам ба гуфтаи таҳлилгарон, давлати Тоҷикистон барои маҳдудиятҳои мазҳабӣ таҳти фишор қарор гирфт ва ҳам ин фишорҳо ҳамроҳ бо маҳдудиятҳое барои Тоҷикистон дар гирифтани кӯмакҳои молии созмонҳо ва кишварҳои исломӣ ҳам буд. Ба ин далел оғози сохтмони масҷид истифодаи муносибе барои ҷалби дубораи таваҷҷӯҳи маҳофили исломӣ метавонад бошад.
ҲАДАФ: ИСЛОМ Ё ТИҶОРАТ?
Марат Мамадшоев, сардабири ҳафтаномаи "Азия-Плюс" дар ин маврид назари дигаре ҳам дорад: "Иқдоми мазкур бозгӯкунандаи он аст, ки мо ҳанӯз идеологияи мушаххас ва арзишҳои маънавии собит надорем. Ва ҳаракати мо ба пеш бо ҷонибест, ки намедонем поёнаш куҷост. Сиёсати мо ба таври худҷӯш шакл мегирад. Ҳар кас манофеи худро дунбол мекунад ва ба ин далел аст, ки ба ҳар пешниҳоде мувофиқат мекунем. Ҳаракати мо ҳамроҳ бо мақсадҳои худхоҳонаи бархе масабдорон сурат мегирад. Ин ҷо гап дар бораи сармоягузории калон меравад. Ба ҳар гуна пешниҳоди саромягузории бузург мақомоти мо бо хушҳолӣ посух мегуянд. Зеро ҳамеша фикр мекунанд, ки бояд аз ин ҳисоб фоида ба даст биоранд. Агар ҳар кишвари дигаре ҳоло пешниҳод кунад, ки дар Душанбе бузургтарин маркази тиҷоратии минтақаро хоҳад сохт, мақомоти мо ба он ҳам мувофиқат мекунанд."
Масҷиди бузурги Осиёи Марказӣ бо 100 миллион доллар маблағи Тоҷикистону Қатар дар тӯли тақрибан чаҳор соли оянда бунёд хоҳад шуд. Барои сохтмони ин масҷиди бузург ҷониби Тоҷикистон 30 миллион ва ҷониби Қатар 70 миллион доллар харҷ мекунад. Тибқи ин тарҳ, масҷид аз 4 манораи баландиаш 65-метра, гунбази 47- метра, толори бузург ва толорҳои хурди намозгузорӣ ва толору утоқҳои сершумори барои нишасту ҷаласа иборат хоҳад буд. Дар толору айвонҳо 50 ҳазор ва дар саҳни ҳавлию атрофи масҷид 60 ҳазор, ҷамъ то 115 ҳазор нафар дар як вақт метавонанд намоз хонанд.
Ин ҷо гап дар бораи сармоягузории калон меравад. Ба ҳар гуна пешниҳоди саромягузории бузург мақомоти мо бо хушҳолӣ посух мегуянд...
Акнун гуфта мешавад, кори сохтмони он амалан оғоз шудааст ва то се-чор соли дигар анҷом хоҳад гирифт. Сохтмони ин масҷид ба далели ду баҳс то кунун тӯл кашида буд. Яке омодасозии тарҳи он, унсурҳое арабӣ зиёде дошта, вале мақомоти Тоҷикистон инро инкор мекарданд.
Далели дигар ҳам рақобати ширкатҳои сохтмонӣ барои анҷоми ин тарҳ буд. Як ширкати қатарӣ даъвогари анҷоми ин сохтмон буд. Аммо ҳоло аз фармоиш то иҷрогар ширкатҳои тоҷикӣ хоҳанд буд. Фармоишгари сохтмон ширкати "Ориён арг" ва иҷрогари он "Сомон-сохтмон" хоҳад буд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад