Футболи наврасон. Тоҷикистон – Қирғизистон 2:0

0

Футболбозони наврас дар сабқат бо дастаи Қирғизистон маҳорат нишон доданд ва бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии дувумаш дар сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2012 байни футболбозони то 16-сола дар шаҳри Тошканд бар тими Қирғистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Тӯби аввалро дар дақиқаи 16-уми бозӣ Комрон Турсунов ба ҳаадф расонд. Футболбозони навраси Тоҷикистон ҳамин гуна ташаббусро ҳифз карданд ва дар дақиқаи 34-ум Амрирбек Ҷӯрабоев тӯби дувумро ба дарвозаи дастаи мунтахаби наврасони Қирғизистон ворид намуд.

Дар қисмати дувуми бозӣ низ бартарӣ бо дастаи Тоҷикистон буд, аммо бидуни гол ба поён расид.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» рақиби дастаҳои Баҳрайн, Узбакистон, Қирғизистон ва Ҳиндустон аст. Дар бозии рӯзи 2-вуми октябр бо Баҳрайн футболбозони навраси Тоҷикистон бозиро бо ҳисоби 2:2 баробар ба поён бурданд.

Акнун 7-уми октябр дастаи Тоҷикистон бо дастаи футболбозони навраси Ҳиндустон ва 9-уми октябр бо дастаи Узбакистон қувваозмоӣ хоҳад кард.

Барои роҳхат ба бозиҳои ниҳоӣ дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бояд дар гурӯҳи худ ҷои аввал ё дувумро ишғол кунад ё ба шумори беҳтарин дастаҳое афтад, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои савумро гирифтаанд.