Адибони тоҷик мегӯянд, яке аз одатҳои неки мардуми Тоҷикистон – китобхонӣ тақрибан аз байн рафтааст.
Ҳамагӣ аз 300 то 1000 нусха чоп шудани китобҳо ва бо вуҷуди ин ба фурӯш нарафтани онҳо нишон медиҳад, ки сафи китобхонҳо дар Тоҷикистон ба маротиб коҳиш ёфтааст.
Талошҳои таблиғи китоб, аз ҷумла намоишгоҳҳо, фурӯши китобҳо бо нархи арзонтар, таъсиси Китобхонаи миллии кишвар дар Душанбе, ки қарор аст, 10 миллион нусха китоб дошта бошад, низ то ҳанӯз натавонистаанд, одати китобхониро эҳё кунанд.
Дар ин пурсиши сарироҳии сокинони пойтахти Тоҷикистон хоҳед дид, ки одамон агар китоб мехонанд, ё осори марбут ба таҳсилу шуғли онҳост ва ё ривоятҳои динӣ. Бархе мегӯянд, охирин бор чанде пеш китоб хондаанд, аммо номи он дар ёдашон намондааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад