Мақомот: "Имсол нерӯи барқ бештар хоҳад буд"

Нерӯгоҳи барқи обии Норак дар Тоҷикистон.

Вазорати энержӣ мегӯяд, маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба аҳолии кишвар соли равон коҳиш хоҳад ёфт.
Нурмуҳаммад Холназаров, сардори раёсати энергетикаи барқии вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин коҳиш ба фаъолшавии нерӯгоҳҳои хурду миёна дар кишвар вобаста аст: «Ин қабл аз ҳама ба фаъол шудани чархаи аввали нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" ва 20 нерӯгоҳи хурд дар кишвар вобастааст, ки 110 мегаватт барқ хоҳад дод. Беш аз 20 нерӯгоҳи хурд бо иқтидори 9 мегаватт ба истифода дода шуд. Маҳдудияти боқӣ мемонад, аммо на ба дараҷаи солҳои пешин».

Ба гуфтаи ин манбаъ, соли равон камбуди барқ аз ҳудуди 2,5 миллиард киловат соат ба беш аз 1 миллиард поён хоҳад омад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар аксар манотиқи кишвар дар ҳоли ҳозир бидуни огаҳии расмӣ, маҳдудиятҳо дар интиқоли барқ ба вуҷуд омадаанд ва ахиран ширкати «Барқи тоҷик» вазъро ба кам шудани захираи обанбори калидии кишвар-Норак рабт медиҳад.

15 СОЛ МАҲДУДИЯТИ БАРҚ

Маҳдудиятҳои барқ дар Тоҷикистон аз соли 1996 ба ин сӯ ҷорӣ мешаванд ва то чанд соли пеш ҳатто ба таври назаррас амнияти энержии кишварро таҳти суол қарор дода буданд. Тибқи иттилои расмӣ, истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон аз 15 миллиард киловати замони Шӯравӣ ба 17, 5 миллиард расидааст. Ҳукумати Тоҷикистон, ки амнияти энержиро яке аз се афзалияти истиқлоли кишвар унвон мекунад, соли 2009 ба иҷрои барномаи ёздаҳсолаи бунёди 440 нерӯгоҳи хурд дар саросари кишвар шурӯъ кард ва то ба ҳол ҳудуди 250 адад ба истифода дода шудаанд. Дар ин миён нерӯгоҳи Помир-1 бо иқтидори 14 мегават ва Сангтӯда-1 бо тавоноии 600 мегаватт низ фаъол шуданд. Ҳамчунин дар ҳоле, ки корхонаҳои саноатии бузурги фаъол дар замони Шӯравӣ низ аз кор мондаанд ё қисман фаъоланд, маҳдудияти интиқоли барқ дар кишвар идома дорад.

ОЁ БАРҚИ ТОҶИКИСТОН ҚОЧОҚ МЕШАВАД?

Иддае аз коршиносон бар инанд, ки тақсимоти барқ дар кишвар раванди ношаффоф аст ва эҳтимолан ҳарфи фасод дар миён аст. Ба қавли онҳо, барқи кишвар тариқи қочоқ ба хориҷи кишвар содир мешавад.

Ғуломиддин Сайфиддинов, корманди пешини шӯъбаи назорати барқи «Тоҷикстандарт» мегӯяд: «Ман бовар дорам, ки барқи мо ба Ӯзбакистон қочоқ мешавад. Ман ба ҳукумат пешниҳод карда будам, ки агар ҳукумат

кафолат диҳад, хоҳад донад, ки барқ чӣ тавр харҷ мешавад, мо таҳлил карда медиҳем. Касе эътибор надод. Бубинед, Ӯзбакистон ба Афғонистон 8-сентӣ барқ мефурӯшад, мо 2 то 4 сент. Зиёда аз ду маротиба кам. Маълум аст, ки қочоқ мешавад».

Нурмуҳаммад Холназаров ин даъвоҳоро беасос хонда гуфт, дар ҳоли ҳозир миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон хати интиқол вуҷуд надорад ва мантиқан қочоқ ҳам намешавад.

ТАЛАБОТ БА БАРҚ АФЗУДААСТ

Аммо иддае дигар аз коршиносон бар инанд, ки дар дохили кишвар талабот ба барқ дар қиёс ба замони Шӯравӣ афзудааст.

Баҳром Сироҷев, сарвари «Тоҷикэнерго» дар замони Шӯравӣ ва ҳоло «Барқи тоҷик» мегӯяд, ба далели коҳиши истеъмоли маводи нафтӣ ва газ дар Тоҷикистон, рӯзгори мардум батамом ва корхонаҳо қисман бо барқ мечархад. Вай афзуд, ҳоло мардум таом, гармӣ ва оби гарм дар хонаро тариқи барқ ба даст меоранд, аммо дар гузашта ин ҳамаро аз газу маводи нафтӣ ҳосил мекарданд: «Шиддати барқ ба манзили ҳар нафар афзудааст. Агар дар замони Шӯравӣ 220 киловатт-соат вориди хонаи мардум мешуд, ҳоло то 450 киловатт мерасад. Ин ҳол афзоиши масрафи беҳуда дар интиқоли барқро низ зиёд мекунад. Яъне гум шудани барқ ҳам ду маротиба зиёд шудааст.»

Ба ҳамин минвол мақомот ва бархе аз коршиносон бар инанд, ки маҳдудияти барқ дар кишвар то соли 2015-замони фаъолшавии ду чархаи нерӯгоҳи Роғун идома хоҳад кард. Ба қавли онҳо, барои ҳалли мушкили глобалие ба монанди бебарқӣ дар Тоҷикистон, фақат нерӯгоҳҳои бузург мусоидат карда метавонанд. Аммо иддае дигар аз коршиносон бар инанд, ки бо ин сохтори ношаффофи тақсими барқ, ки Тоҷикистон дорад, баъди ба кор даромадани нерӯгоҳҳои бузург низ мушкил боқӣ мемонад.