Мавҷи «Азия-Плюс» ба тамоми Тоҷикистон паҳн мешавад

Радиои «Азия-Плюс» барои пахши барномаҳояш дар саросари Тоҷикистон ва ҳам аз тариқи интернет иҷоза гирифт.
Ҳайати литсензионии Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон дархости «Азия-Плюс»-ро пазируфт. Мудири кулли радиои «Азия-Плюс», Парвона Аҳрорӣ гуфтааст, мутахассисон дар ҳоли омӯзиши шароити пахши амвоҷи барномаҳо дар манотиқи гуногуни кишваранд ва бо назардошти густариши ҳавзаи пахш барномаҳои наве омода мешаванд.

Хонуми Аҳрорӣ ба хабаргузории «Азия-Плюс», ки бахше аз Гурӯҳи расонаии журналисти саршиноси тоҷик Умед Бобохонов аст, гуфтааст, “аммо шакл ва забони пахши барномаҳо бетағйир, дар доираи мусиқию ахбор ва русию тоҷикӣ боқӣ хоҳад монд.”

Дар риштаи пахши интернетии барномаҳо Радиои «Азия-Плюс» амалан ба нахустин радиои дохили кишвар табдил хоҳад ёфт, ки ин қаламрави навро расман фатҳ мекунад. “Ҳамаи онҳое, ки ҳоло барномаҳои худро дар интернет пахш мекунанд, иҷозаи расмӣ надоранд,” – гуфт Аҳрорӣ.
Аз он ҷо, ки шабакаи интернет моли як давлати мушаххас нест, пахши садо ё видео ва ҳамчунин маълумот дар он озод аст.

Радиои «Азия-Плюс» нӯҳ сол пеш таъсис ёфта, нахустин барномаи он дар рӯзи Истиқлолияти миллии Тоҷикистон -- 9-уми сентябри соли 2002 рӯйи мавҷи 107-и FM дар ҳудуди шаҳри Душанбе пахш шудааст. Барномаҳои он асосан аз фишурдаи ахбор, барномаҳои мусиқӣ, мусоҳиба ва сӯҳбатҳои гирди мизи мудаввар иборат аст. Беш аз ҳама гурӯҳҳои мусиқии рӯз ба монанди «Парем», «Шамс», «Lady J», овозхони саршинос Парвина Юсуфӣ ва дигарон меҳмони радио будаанд.

Радиои «Азия-Плюс» бо Радиои Озодӣ дар пахши таблиғ ва барномаҳои мусиқӣ ҳамкорӣ кардааст.