Боре иттифоқ афтод,ки барномаеро аз як шабакаи телевизиони ҷаҳонӣ дар бораи хосияти ирсии ҳайвоноти ваҳшӣ тамошо кунам.
Манзара аз ин қарор буд, ки чанд шер дар як марғзор машғули шикор буд. Дуртар аз онҳо, дар миёни анбӯҳи алаф оҳуе мезоид. Наворбардори моҳир лаҳзае чашмони оҳуро нишон дод, ки дар ғояти дард пур аз ашк буданд. Дар охирин лаҳзае, ки оҳубара аз батнаш берун мешуд, шерон ҳуҷум карданд. Ширинии ҷон аз чаҳордарди зоиш ҳам бартар шуд, ки бо як такон оҳубарраи навзодро як сӯ андохту роҳи гурезро пеш гирифт.
Дар ҳоле ки ҳамаи шерони дигар оҳуро дунболгирӣ мекарданд, яке аз модашерон оҳиста ба оҳубарраи навзод ки чашмонаш ҳанӯз баста буданд, наздик шуд. Мани тамошобини ин манзара аз ҳаяҷон чашмонамро пӯшидам, зеро гумон кардам, ки ҳамин ҳоло шер оҳубарраро медаронад. Аммо модашер ба оҳубарра оҳиста наздик шуду ба лесиданаш шурӯъ кард. Модашер бадани оҳубарраро лесида, хушк карду мисле ки илоҷи мушкилеро меҷуста бошад, гирди он чанд бор чарх зад ва ғайричашмдошт паҳлуи оҳубарра хобид ва пистонашро ба даҳонаш гузошт. Оҳубарраи гурусна осемасар ба макидани пистони модашер сар кард.
Ин манзара мисли раъду барқи ногаҳоние маро такон дод ва дар ман андешаҳои мубрамеро сари маъниҳои одаму одамият, омехта ба суолҳои беҷавоб бедор кард. Ҳайрати ман хостаҳову сохтаҳои қазову қадар бар сари табиати инсониву ҳайвонӣ лаҳза ба лаҳза меафзуд.
Суолҳо,суолҳо,суолҳо...
-- Оё чаро инсон бо чунин ақлу идроке, ки худованд насибаш кардаву дар ниҳояти кор ба худ «Аҳсан» гуфтааст барои халқи чунин як махлуқи шоиставу арзанда, қодир ба амалҳоест, ки ақли кас ҳатто ба тасаввураш заъифӣ мекунад?
-- Чаро зане, инсоне, дар батн чандин моҳ бо сад мушкили рӯҳиву ҷисмонӣ тифлеро парвариш мекунаду баъди ба дунё овардан аз додани шири пистонаш, ки аз қазо насибаи он тифл аст, сар тофтаву аз баҳри тифлаш мебарояд?
-- Чаро инсон фарзанди худро,ки дар миёни хуну ҷони хеш парваридааст, ба касе ба ивази чанд пайса мефурӯшад?
-- Чаро хонаводаҳое субҳи сарди зисмистон бо садои гиряи тифле бедор мешаванд, ки модари бемеҳр аз сари шаб оварда, дар пушти дари онҳо гузоштаву худ фирор кардааст?
-- Чаро дар ятимхонаҳо шумори кӯдакони зиндаятиму дар интизори роҳи модарони бемеҳру худхоҳ меафзояд?
– Оё магар оби баҳонаҳои чун «ҷавон будам, ақл надоштам ва ё зиндагиам мушкил буд, падари тифлам моро партофт ва ҳоказоҳои дигар, метавонад чунин модаронро шуставу дар тоқи бегуноҳӣ ҷой диҳад?
Ин ва боз чандин чаро-чароҳои дигар риштаи хаёлоти маро пушти дари як ятимхонае бурд, ки тақрибан се сол пеш бо тақозои кор ба он ҷо рафта будам. Дар даромадгоҳи ятимхона маро мудир пешвоз гирифт ва огоҳам кард, ки зудтар қадам бизанам, зеро кӯдакҳо дар руйи ҳавлӣ машғули бозианд. Ман ҳайрон шудам, ки ин огоҳӣ барои чӣ буд? Вақте ба ин суоли худ посух гирифтам, ки ба бозигоҳи ятимони ин даргоҳ наздик шудам.
Баробари дидани ман, ҳамаи ин кӯдакон давида, якдигарро телакунон ба шиғдевори бозигоҳашон часпиданду бо як овоз:
-- «Ин очаи ман аст, ана, дидӣ, омад. Гуфтам, ку, меояд ва маро мебарад». – – «Нет,это моя мама. Она за мной пришла...»
Дидани ин манзара барои ман он қадар сангин буд, ки то ҳанӯз бе ҳаяҷон наметавонам аз он ёд кунам ва он манзара то имрӯз оҳи афсӯсро дар гулӯ ба сӯзиш меорад, ки чаро қудрати онро надорам, сари ҳар яке аз он тифлаконро модарвор сила кунаму ба интизории ҳар кадоми онҳо, ки ҳар лаҳзааш сахттар аз ҷон кандан аст, бигӯям: «Ана, ман омадам ва туро бо худ мебарам...»
Риштаи ин андешаҳои сангинро, ки намедонам доманаш то куҷо буд, идомаи он намоиши телевизионӣ барканд.
Шерони сер ва хунмаст, ки тоза аз шикори модари оҳубарраи навзод баргашта буданд, гирд истода бо як ҳайрати хоси худ ба модашеру оҳубарра нигоҳ мекарданд. Ҳамин лаҳза яке аз шерон ҷониби модашер ғуррид ва хост наздиктар ояд. Модашер ин ҳаракати ҳамзоти худро дида, бо тамоми овоз ба сари ӯ наъра зад ва баргашта, дар паҳлуи оҳубарра қарор гирифт. Шерони дигар каме истода, илоҷи дигареро надиданд магар, ки ҷониби анбуҳи дарахтони ҷангал роҳ гирифтанд.