"Барқи тоҷик" мегӯяд, "маҳдудият ҷорӣ нашудааст"

Бархе аз сокинони навоҳии тобеи пойтахти Тоҷикистон мегӯянд, аз соати 11-и шаб то панҷи субҳ барқ надоранд.
Мақомоти ширкати “Барқи Тоҷик” дастур додаанд, то дар вилоятҳо ва ноҳияҳое, ки корхонаҳои муҳими саноатӣ фаъолият намекунанд, интиқоли нерӯи барқ қатъ шавад.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи Тоҷик” ин иқдомро ба захира кардани об дар обанбори Норак иртибот дод, вале ҷорӣ кардани маҳдудияти нерӯи барқ ба манозили сокинонро рад намуд.

Ӯ гуфт: “Ба иттилои мардуми кишвар мерасонем, ки дар Тоҷикистон маҳдудияти расмии интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ нашудааст. Аммо зуд-зуд хомӯш шудани барқ дар баъзе аз нуқоти кишвар ба корҳои профилактикӣ ва напардохтани ҳаққи нерӯи барқ рабт дорад. Ба ҷуз ин, ширкати "Барқи тоҷик" барои дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани оби обанбори Норак, дар баъзе аз минтақаҳое, ки корхонаҳои ҳаётан муҳим нест, барқро қатъ мекунад.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Нозирҷон Ёдгорӣ дар бораи маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ



Бино ба хабари ширкати "Барқи тоҷик", ҳоло маҷрои об дар рӯдхонаи Вахш дар як сония 400-420 метри мукаабро ташкил медиҳад. Вале барои фаъолияти пурраи неругоҳи Норак 600-650 метри мукааб об зарур будааст.

“Барқи Тоҷик” қавл додааст, ки таъмини неруи барқ дар зимистон аз таъмини барқ дар зимистони гузашта бадтар нахоҳад буд. Соли гузашта аз моҳи ноябр минтақаҳо танҳо 12 соат дар шабонарӯз бо барқ таъмин мешуданд.

Ҳоло сокинони бархе аз манотиқи кишвар, аз ҷумла ноҳияи Ваҳдат мегӯянд, аз соати 11-и шаб то 5-и субҳ дар манзилашон барқ надоранд. Гурӯҳе аз коршиносони умури энержӣ дар Тоҷикистон маҳдудияти нерӯи барқ дар баъзе аз корхонаву манозили сокинонро ба интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон рабт медиҳанд.

Ғуломиддин Сайфиддинов, коршиноси умури энержӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, шояд мақомот мехоҳанд бо баҳонаи захираи об дар обанбори Норак хашми мардумро фурӯ нишинонанд.

Ин дар ҳолест, ки дар авохири моҳи сентябри соли ҷорӣ ҷониби Тоҷикистон гуфта буд, интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистонро ба зудӣ оғоз хоҳад кард.