Расонаҳо дар бораи расман ба ихтиёри Чин вогузор шудани як қитъа замини Тоҷикистон хабар додаанд.
Бино ба гузоришҳо, дар маросими вогузории 3 дарсад аз “замини даъвоӣ”, намояндагони нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистону Чин ҳам иштирок карда ва барои якдигар тӯҳфаҳои хотиравӣ супурдаанд.
Бархе аз расонаҳо гуфтаанд, маросими вогузори ин “замини даъвоӣ” рӯзи 20-уми сентябри соли ҷорӣ иттифоқ уфтода буд, вале то якуми октябр, рӯзи таъсиси давлати Чин, дар ин бора хабар дода нашуд. Яъне, расонаҳо дар рӯзи таъсиси давлати Чин эълон шудани ин хабарро як навъ пирӯзии мақомоти ин кишвар арзёбӣ кардаанд.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қарордод миёни Тоҷикистону Чин дар бораи вогузории қисмате аз қаламрави ин кишвар ба Чинро рӯзи 12 январи соли ҷорӣ ба тасвиб расонда буд. Мақомот он вақт гуфтанд, ки ин санад ба баҳси марзии миёни ин ду кишвар хотима ва низ ба масъалаи ташхис ва аломатгузории хати сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Чин нуқта гузоштааст.
Аз ҷумла Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҳангоми тавзеҳи ин санад ба вакилон изҳор дошт, ки мувофақаи марзӣ бо Чин яке аз дастовардҳои сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон дар замони истиқлол аст.
Созишномаи вогузории қисмате аз хоки Тоҷикистон ба ихтиёри давлати Чин дар соли 2002 миёни раҳбарони Чину Тоҷикистон ба имзо расидааст. Ба таъйиди мақомоти Тоҷикистон, кумиссюни муштараки ду кишвар тавонистаанд, ки дар ин миён аломатгузорӣ дар хутути марзи ду кишварро анҷом диҳанд.
Чанд сол пеш Қирғизистон ҳам як порча заминашро ба Чин тақдим карда буд. Ба қавли коршиносон, ин иқдом боиси бӯҳрони амиқи сиёсӣ гардида, яке аз зарбаҳои ҷиддӣ ба раёсатҷумҳурии собиқ президенти Қирғизистон Аскар Акаев будааст.
Ҳарчанд вогузории як пора аз “замини даъвоӣ” ба Чин вокунишҳоеро дар маҳофили Тоҷикистон ва расонаҳои ин кишвар ба вуҷуд овард, вале натавонист мақомотро ба тағйир ё бознигарии ин созишнома водор намояд. Мақомот ҳам далел пеш меоварданд, ки бо додани як дарсад аз “замини даъвоӣ” тоҷиконро аз чанголи “аждаҳои сурх” раҳо кардаанд. Ҳатто он замон Сӯҳроб Шарифов, раҳбари Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар як нишасти хабарии худ гуфта буд, ки "агар Чин то Хоруғ ҳамла карда меомад, чӣ кор мекардем?"
Бо ин ҳол, вогузор шудани як дарсад аз “замини даъвоӣ” порае аз Тоҷикистони камзаминро камтару сарзамини бузурги Чинро ба 1 ҳазору 158 километри мураббаъ васеътар кард.