Дар ҳамоиши Женева ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон баҳо дода шуд.
Дар ин ҳамоиши байнулмилалӣ махсусан аз мавҷудияти шиканҷа, маҳдудиятҳои зидди озодии дин, фишори додгоҳӣ ба расонаҳои ахбори ом ва журналистон, камбуди дастрасӣ ба адолати додгоҳӣ, зарурати ҳифзи ҳуқуқи занон ва густариши мубориза бо фақр сухан рафт.
Ҳайати даҳнафарии Тоҷикистонро Бахтиёр Худоёров, вазири адлияи кишвар раҳбарӣ мекунад. Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон ва Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, Зариф Ализода, Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, Сумангул Тағоева, раиси Кумитаи кор бо занони назди ҳукумати Тоҷикистон, намояндагони аршади вазорату идораҳои кишвар низ шомили ин ҳайат буда, ба пурсиши кишварҳои узви Шӯрои ҳуқуқи башари СММ посух доданд.
Дар оғоз вазири адлия Бахтиёр Худоёров дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар амри ислоҳи низоми додгоҳӣ ва мубориза бо ришвату коррупсия суханронӣ кард.
Вай дар робита бо талошҳои ҳукумат дар амри ҷилавгирӣ аз шиканҷаи боздоштшудаҳо гуфт: “Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи қонунеро таҳия кардааст, ки аз рӯи Кодекси ҷиноии кишвар муҷозотро барои шиканҷаи боздоштшудаҳо дар назар мегирад. Ин модда мутобиқ ба конвенсияи аввали зидди шиканҷа аст. Кодекси ҷиноиву мурофиавӣ мегӯяд, баёноте, ки дар заминаи шиканҷаи боздоштшуда дар ҷараёни бозпурсии муқаддамотӣ ба даст меояд, ғайриқонунӣ маҳсуб мешавад."
ТОҶИКИСТОН ВА ШИКАНҶАВУ БАДРАФТОРӢ
Ба дунболи ӯ, Шерхон Салимзода низ дар бораи шиканҷа дар Тоҷикистон суханронӣ намуд. Вай гуфт, "аз рӯзе, ки кишвари мустақили Тоҷикистон ташкил шуд, мақомот ба риояи ҳуқуқи инсон таваҷҷӯҳ нишон медиҳанд ва барои риояи ин озодиҳо талош мекунанд." Додситони кулли Тоҷикистон афзуд, “ҳоло қонунгузориҳои кишвар шиканҷаро маҳкум мекунанд ва ҳеҷ кас набояд мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ қарор бигирад.”
Шерхон Салимзода гуфт, дар тӯли соли 2010 ва ҳашт моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 70 аризаи шикоятӣ дар бораи шиканҷа, лату кӯб ва бадрафтории сокинон ба унвонии додситонӣ ворид шудааст, ки аз ин теъдод 16 мавриди он исботи худро ёфтааст. Додситони кулли Тоҷикистон афзуд, нисбат ба ин 16 мавриди шиканҷа ва бадрафтории сокинон парвандаҳои ҷиноӣ боз ва 12 парванда ба додгоҳ ирсол шуд, ки гуноҳкорон ҷазо гирифтанд.
"Вале на ҳамаи мавридҳои шиканҷа бо ҳадафи эътирофи содиршавии ҷиноят сабт шудаанд. Ғайр аз ин, беш аз 1 ҳазору 600 корманди сохторҳои умури дохила аз рӯи ингуна шикоятҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда, 77 нафари онҳо аз кор ронда шуданд”,-афзуд ӯ.
"РАҚИБОНИ СИЁСӢ ТАЪҚИБ НАМЕШАВАНД"
Дар суханронии худ додситони кулли Тоҷикистон ҳамчунин ба масъалаи пайгарди қонунии мухолифони ҳукумати кишвар муроҷиат кард ва гуфт:
“Дар Тоҷикистон рақибони сиёсӣ таъқиб намешаванд. Дар воқеъ, барои содиркунии ҷиноятҳои мухталиф намояндагони аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла ҳизбҳои мухолифин ва ҳамчунин аъзои ҳизби ҳоким ба ҷавобгарии ҷиноӣ ё дигар навъҳои ҷиноят кашида мешаванд. Вале бо пахши чунин изҳорот онҳо мехоҳанд аз тамғаи рақибони сиёсӣ истифода карда аз ҷавобгарии ҷиноӣ фирор кунанд. Вале дар баробари қонун, мувофиқи конситутсияи мо, ҳама баробар ҳастанд”.
ОЗОДИҲОИ МАЗҲАБӢ ТО КУҶО ТАЪМИН АСТ?
Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон дар суханронии худ ба қонун дар бораи масъулияти падару модар ишора кард. Оқои Холиқов гуфт, тарҳи ин қонун мавриди баҳсу баррасии сокинон қарор дошт ва дар баррасии он беш аз 2 миллион нафар иштирок карданд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин дар робита ба ин тарҳ беш аз 12 ҳазор пешниҳодҳо ворид шудаанд, ки кумиссюн 11 ҳазор аз ин пешниҳодҳоро қабул кардааст. Ӯ афзуд, “Тибқи ин қонун волидон бояд аз болои фарзандони ноболиғи худ назорат кунанд. Ҳамчунин, ҳузури онҳоро дар кори иттиҳодияҳои динӣ, ба ҷуз онҳое, ки расман дар муассисаҳои динӣ таълим мегиранд, назорат намоянд.”
Абдураҳим Холиқов гуфт, давлати Тоҷикистон мухолифи омӯзиши динии наврасон нест, балки давлат мехоҳад онҳо бо роҳи қонунӣ ва таҳти назорати мақомот ба таҳсили динӣ машғул бошанд.
ВОКУНИШҲО БА ГУЗОРИШИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН
Ба дунболи суханронии ҳайати Тоҷикистон, намояндагони кишварҳои узв дар баҳси гузориши ироашуда назару пешниҳодҳои худро баён карданд
Аксари баромадкунандагон аз Тоҷикистон даъват ба амал оварданд, ки ба таъзиб ва фишор дар боздоштгоҳҳои ин кишвар хотима диҳад. Мавзӯъи фишору таъзиби зиндониён тавассути нерӯҳои интизомӣ дар суханронии бештари намояндагони кишварҳо садо дод ва аз Тоҷикистон даъват шуд, то дар низомии маҳбасҳои кишвар тағйироти бунёдӣ ворид намояд.
ГУЗОРИШИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОНРО ДАР НАВОРИ ЗЕР БУБИНЕД:
Мавзӯи дигар, ки Тоҷикистон мавриди интиқод қарор гирифт, ин хушунат алайҳи занон ва кӯдакон буд. Бо қадрдонӣ аз иқдоми Тоҷикистон дар мавриди болобурди сини издивоҷ, аз ин кишвар хоста шуд, то дар амри ҳимоят аз занон ва кӯдакон низ қадамҳои ҷиддӣ бардорад.
Масъалаи дигаре, ки мавриди баҳси ҳозирин қарор гирифт, мавзӯи маҳдудиятҳои динӣ дар ин кишвар буд. Аз ҷумла зикр шуд, ки Тоҷикистон дар амри сабти номи муассисаҳои динӣ маҳдудиятҳоеро ҷорӣ намуда таълими мазҳабӣ дар кишвар ба душвориҳо рӯбарӯ шудааст. Ҳамчунон ба масъалаи манъи пӯшидани ҳиҷоб дар донишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимӣ ишора шуд, ки хонумҳо бинобар маҳдудиятҳои вазъшуда шомили мактабҳо ва донишгоҳҳо шуда наметавонанд.
Намояндаи Австрия дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ба ҳуқуқи наврасон ва хабарҳои мавҷудияти шиканҷа дар Тоҷикистон таъкид кард. Вай инчунин аз манъи ширкати мактаббачагон ва донишҷӯён дар ҷамъоварии пахта ситоиш кард, вале гуфт, меҳнати афтол дар риштаҳои дигар аз назари давлат дур мондааст.
Сафири Индонезия гуфт, дар ҳоле ки бояд аз талошҳои Тоҷикистон дар эҳтироми ҳуқуқи инсон ва омодагияш дар ҳамкорӣ бо Созмони Милал ситоиш кард, бояд афзуд, то ҳанӯз натавонистааст, дар пасманзари ақидаҳои суннатӣ ва анъанаҳои оилавӣ ба баробарии ҷинсҳо дар Тоҷикистон ва ҳимояти занон аз хушунати хонаводагӣ даст ёбад. Барои ин бояд пешнависи қонуни зидди хушунати хонаводагӣ бояд ҳарчӣ зудтар аз тасвиби порлумон гузарад. Намояндаи Индонезия дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ таваҷҷӯҳи Тоҷикистонро ба ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ ҷалб намуд.
Шведсия аз гузориши ҳукумати Тоҷикиситон изҳори қаноатмандӣ кард, аммо гуфт, мебоист, тавсия ва хостаҳои ниҳодҳои Созмони Милал мебоист, қаблан мунташир мешуданд ва дида мешуд, ки ҳукумат аз онҳо чӣ истифода кардааст. Сафир Ирина Шулгин Нёнӣ гуфт, низоми додгоҳии Тоҷикистон бояд истиқлолияти комил пайдо кунад ва бартарии қонунро таъмин намояд. Вай ҳамчунин даъват кард, қоидаҳои таъсиси радио ва телевизионҳои мустақил дар Тоҷикистон ба хотири озодии сухан ва беҳбуди дастрасии мардум ба маълумот тағйир кунад. Шведсия ҳамчунин ба густариши озодонаи дастрасии мардум ба интернет даъват кард.
Фиристодаи Афғонистон дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ аз Тоҷикистон хост, аз муҳоҷирати густардаи мардҳо барои шуғлу даромад ба кишварҳои дигар ва бар дӯши занон афтодани сахтиҳои рӯзгор дар кишвар ҷилавгирӣ намояд. Намояндаи кишвари ҳамсоя ҳамчунин тавсия дод, кми мубориза бо қочоқи инсон дар Тоҷикистон тақвияти бештар пайдо кунад. Вакили Афғонистон ҳамчунин ба зарурати коҳиши фақр дар кишвар ишора кард, ки бино бар гузоришҳои ахир дубора ба сатҳи соли 2007 баробар шудааст.
Намояндаи Беларус аз дастовардҳои Тоҷикистон дар мубориза бо қочоқи инсон ситоиш кард ва тавсия дод, ки мубориза бо фақр таҳким ёбад. Баҳои ҳайати Беларус ба гузориши ҳайати Тоҷикистон ҳамчун як санади фарогир ва ҳамаҷониба мусбат буд. Андрей Таранда ҳамкории ҳукумати Тоҷикистон бо ниҳодҳои байнулмилалиро дар роҳи тақвияти ҳуқуқи инсон як намунаи хуб унвон кард.
Сафири Арабистони Саудӣ дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва талошҳои ин кишвар истиқбол намуд. Вай махсусан ба он баҳои баланд дод, ки Тоҷикистон ба соҳаи маориф ба таври густарда сармоягузорӣ мекунад ва омӯзиши ҳуқуқи инсон низ як бахши он аст. Ҳоло зарур аст, барои боло рафтани маърифати ҳуқуқӣ нукоти муҳими ҳуқуқи инсон аз тариқи мактабу маориф ва матбуо ба тӯдаҳои васеътари мардум расонда шавад. Мо дар ин самт ба Тоҷикистон муваффақият орзу мекунем.
Ҳайати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ аз қонуни масъулияти волидайн дар Тоҷикистон изҳори нигаронии амиқ кард. Намояндаи Амрико ҳамчунин аз маҳдудиятҳои зиёд дар баробари одамони диндор изҳори ноқаноатмандӣ кард. Сафири Амрико аз парвандаҳои ҷиноии зидди журналистон Урунбой Усмонов, Рамзия Мирзобекова ва Муҳаммадюсуф Исмоилов изҳори нигаронӣ кард. Намояндаи Амрико ҳамчунин тавсия дод, ҳаққи намозгузории занон дар масҷид барояшон баргардонида шавад.
Ҳайати Бангладеш дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ба густариши ҳузури занони тоҷик дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва ҳамаи сатҳҳои ҳукумат даъват намуд. Бангладеш ба таъмини ҳуқуқҳои иқтисодии аҳолии Тоҷикистон ва шароити беҳтари зиндагии онҳо даъват кард.
Намояндаи Бразилия Франклин Ҳойер аз пешрафтҳои Тоҷикистон дар мурооти ҳуқуқи инсон истиқбол кард, аз ҷумла таҳрими иҷрои ҳукми қатлро як пешрафти ин кишвар номид, аммо афзуд, сармоягузорӣ ба риштаҳои маориф ва таъмини иҷтимоӣ нокофӣ буда, фақр ба ҳайси як мушкили асосии Тоҷикистон боқӣ мондааст.
Сафири Ҷопун Юничиро Отанӣ гуфт, кишвараш ба монандаи кишварҳои дигари узви Шӯрои Созмони Милал аз хабарҳои шиканҷа ва бадрафторӣ дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон нороҳат буда, хостори таҳкими қонуни зидди шиканҷа аст. Он ҳамчунин машварат медиҳад, ки барои кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қонун дар бораи шиканҷа давраҳои омӯзишӣ баргузор гардад. Ҷаноби Отанӣ ба талошҳои ҳукумат дар роҳи густариши ҷойгоҳи занон дар ҷомеа арҷ гузошт, аммо онҳоро бештар зоҳирӣ ва камнатиҷа номид.
Сафири Словения гуфт, Тоҷикистон бояд асноди байнулмилалии ҳуқуқи инсонро, ки ҳанӯз имзо накардааст, имзо ва тасвиб кунад. Словения ҳамчунин аз вазъи ҳуқуқи занону кӯдакон ва истифодаи нерӯи кӯдакон дар риштаҳои гуногун изҳори нигаронӣ намуд.
Намояндаи Олмон дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ Бёрн Герман аз вазъи ҳуқуқҳои динӣ дар Тоҷикистон суол кард ва пурсид кишвар ба зарурати аз хидмати ҳарбӣ озод будани диндороне, ки мазҳабашон ба хидмат дар артиш иҷоза намедиҳад, чӣ назар дорад. Олмон ҳамчунин ба Тоҷикистон тавсия дод, ки бархе аз нукоти қонуни масъулияти волидайн, ки озодиҳои динии наврасонро маҳдуд мекунад, тағйир дода шаванд.
Намояндаи Австралия аз ҳукумати Тоҷикистон хост, муборизаро барои ҳуқуқи занон ва кӯдакон таҳким диҳад. Сафири Австралия ҳамчунин хостори ба қонунҳои Тоҷикистон шомил шудани таърифи байнулмилалии "шиканҷа" шуд.
Ҳайати Туркия дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ба густариши маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва мубориза бо қочоқи инсон даъват кард. Сафири Туркия ҳамчунин гуфт, ҳар боздоштшуда дар Тоҷикистон бояд аз лаҳзаи аввал ба вакил ва пизишк ва наздиконаш дастрасӣ дошта бошад.
Ҳайати Эстония дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ аз Тоҷикистон хост, Конвенсиюни зидди шиканҷаро ба имзо расонад. Сафири Норвегия гуфт, тавонмандиҳо ва салоҳияту истиқлолияти Омбудсмени Тоҷикистон густариш ва таҳким дода шавад. Норвегия ҳамчунин гуфт, бояд қонунҳои марбут ба озодии дин дар Тоҷикистон ба ӯҳдадориҳои байнулмилалии он мухолифат накунад. Намояндаи Норвегия ҳамчунин ба ҳимоят аз озодии сухан ва таҷаммӯъ дар Тоҷикистон даъват намуд.
Намояндаи Швейтсария ба зарурати ҳифзи ҳуқуқи паноҳандагон ва муҳоҷирон дар Тоҷикистон ва қабули қонуни зидди хушунати хонагӣ даъват намуд.
Ҳайати Словакия низ ба фавтҳои зиёд дар маҳбасҳо ва мавҷудияти шиканҷа дар Тоҷикистон таъкид намуд. Сафири Словакия инчунин аз маҳдудиятҳои динӣ дар Тоҷикистон ва беҳуқуқии афроди бе шаҳрвандӣ изҳори нигаронӣ кард.
Намояндаи Маҷористон дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ аз Тоҷикистон даъват кард, ҳукми қатлро батамом бекор кунад. Сафири Маҷористон ҳамчунин хост, таърифи "маълул" дар қонунҳоии Тоҷикистон бознигарӣ ва мушаххастар шавад. Намояндаи Маҷористон дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ба Тоҷикистон тавсия дод, фавтҳои зиёд дар боздоштгоҳ ва маҳбасҳоро таҳқиқ кунад.
Сафири Канада дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ гуфт, аз маҳдудияти ҳуқуқҳои динии мардум зимни қонуни масъулияти волидайн нигарон аст. Намояндаи Канада аз Тоҷикистон хост, нукоти зидди озодии дин ва либоси диниро дар қонуну дастурҳояш беэътибор эълон намояд. Канада аз Тоҷикистон даъват кард, зидди истифодаи меҳнати кӯдакон даст ба амал занад.
Намояндаи Ҳиндустон дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ аз Тоҷикистон хост ба ҳамаи қатъномаҳои ҳуқуқи башар шарик шавад.
Ҳайати Фаронса дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ба се нукта дар гузориши ҳукумати Тоҷикистон таъкид кард. Аввал, ин ки Тоҷикистон иқрор мекунад, дар ягон қонунгузории худ шарҳи дақиқи мафҳуми шиканҷаро надорад. Ва Тоҷикистон ваъда мекунад, ки қонунҳои худро ба қонунҳои байнулмилалӣ мутобиқ гардонад. Аз лиҳоз, ба назари ҳайати Фаронса беҳтар аст, агар Тоҷикистон ба Протоколи иловагии мубориза бо шиканҷа имзо гузорад. ҳамчунин аз фишорҳо ба матбуот ва журналистон дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуд. Сафири Фаронса ҳамчунин хостори таъсиси як механизми миллие дра Тоҷикистон шудааст, ки аз шиканҷа пешгирӣ кунад. Он инчунин ба ғайриҷиноӣ кардани моддаи тӯҳмат ва таҳқир дар қонуни кайфарӣ даъват намуд.
Намояндаи Русия дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ Михаил Лебедев нахусти муарриифии гузориши миллии ҳуқуқи инсонро ба ҳайати Тоҷикистон ва раҳбари он табрик гуфт ва афзуд, дар мурооти ҳуқуқи инсон ва такмили қонунҳои марбута дар Тоҷикистон пешрафт ба мушоҳида расидааст. Вай ба он ҳам ишора кард, ки гузориш дар ҳамкории ҳукумат бо ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон таҳия шудааст. Сафири Русия дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ аз Тоҷикистон даъват кард, ба коҳиши фақр дар кишвар эътибори ҷиддӣ диҳад.
Ҳайати Чин дар ҷаласаи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ гуфт, мушкилоти Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари дар ҳоли рушд ва гирифтори душвориҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба хубӣ дарк мекуанд ва дар чунин ҳолат ҳимоят аз ҳуқуқи инсон кори осоне барои ин кишвар набудааст. Чин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост кӯмакҳояшро ба Тоҷикистон дар роҳи маърифат ва ислоҳоти ҳуқуқӣ, бозсозии низоми адлия, таҳкими ҳуқуқи занону духтарони тоҷик ба таҳсил ва ҷойгоҳи муносиб дар ҷомеа идома диҳад.
Ҷумҳурии Чех гуфт, бояд таърифи "шиканҷа" дар қонунҳои Тоҷикистон ба меъёрҳои байнулмилалӣ мутобиқ гардонида шавад.
Намояндаи Амрико дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ аз он изҳори ноқаноатмандӣ кард, ки бархе аз суолҳо пешакӣ машварат шудаанд.
Шерхон Салимзода:
Мехоҳанд аз тамғаи рақибони сиёсӣ истифода карда, аз ҷавобгарии ҷиноӣ фирор намоянд. Вале дар баробари қонун, мувофиқи Қонуни асосӣ, ҳама баробар ҳастанд...

ШАРҲИ ЛАҲЗА БА ЛАҲЗАИ ҶАРАЁНИ БАҲСИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИ БАШАР ДАР "ТВИТТЕР"