Сар аз соли 2007 рӯзи 2-юми октябр ба унвони рӯзи байнулмилалии "худдорӣ аз хушунат" таҷлил мешавад.
Ин рӯз марбут ба зодрӯзи Маҳатма Гандӣ, асосгузори фалсафаи худдорӣ аз хушунат аст. Дар Тоҷикистон низ солҳои ахир махусан ба хушунати хонаводагӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мешавад.
Зеро мақомоти милисаи Тоҷикистон мегӯянд, ки танҳо дар шаш моҳи гузаштаи соли ҷорӣ бештар аз 400 ҷинояти марбут ба хушунати хонаводагӣ, аз ҷумла куштору худкушӣ ва таҷовузу лату кӯбро ошкор кардаанд. Феълан ин мақомот бештар аз 2 ҳазор хонаводаи "носолим"-ро таҳти назорат қарор додаанд, ки дар ин хонаводаҳо қариб ҳамарӯза хушунату зӯроварӣ ва муноқиша мушоҳида мешавад.
Ин вазъ, мақомоти масъули кишварро водор кард, то бо пуштибони молии САҲА дар Душанбе барои аввалин бор Марказҳои нозирони мубориза бо хушунати хонаводаиро таъсис бидиҳанд. Дар Тоҷикистон дар як соли пеш 5 чунин маркази мубориза бо хушунати хонаводаӣ таъсис шуд, ки ду марказ дар Душанбе ва боқӣ дар манотиқи кишвар ҳастанд.
Ҳамакнун, ҳар нафаре, ки дар хонаводаи худ ба хушунати ҷисмониву равонӣ ё зӯроварӣ дучор мешавад метавонад ба нозирони ин шӯъбаи ҷадид муроҷит кунанд ва гуфта мешавад ба фарқ аз марказҳои боварӣ, ки бештар ба ҷабрдидаҳо машварати равониву ҳуқуқӣ медиҳанду барои дарёфти роҳи ҳал онҳоро кӯмаку роҳнамоӣ мекунад. Дар ин шӯъбаҳо хушунатгаронро ба қайд гирифта, дар ҳолатҳои зарурӣ, бо кӯмаки ниҳодҳои масъул онҳо ба ҷавобгарии ҷиноиву маъмурӣ кашида мешаванд.
Наворгири радиои “Озодӣ”шоҳиди сӯҳбати зани хушунатдидае дар маркази мубориза бо хушунати хонаводагии ноҳияи Шоҳмансури Душанбе шуд.
Дар Тоҷикистон дар як соли пеш
панҷ маркази мубориза бо хушунати хонаводаӣ таъсис ёфт...

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад