Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе бар тими “Шодмон”-и Ҳисор бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.
Ин бозии мавқуфмондаи даври 23-юми мусобиқоти лигаи олии футболи Тоҷикистон 30-уми сентябр дар варзишгоҳи “Авиатор”-и шаҳри Душанбе барпо гардид.
Бояд тазаккур дод, бо розигии раҳбарони ҳарду даста ва иҷозаи Федератсиюни футболи Тоҷикистон ин бозӣ, ки аз рӯи тақвими мусобиқот мебоист дар ноҳияи Ҳисор барпо мегашт, дар пойтахти кишвар доир шуд. Зеро ки вазъи майдони варзишгоҳи “Ҷавонӣ”-и Ҳисор ғайриқаноатбахш аст.
Мӯҳсин Мӯҳсиддинов, бозигари “Шодмон”, дар дақиқаи 4-ум ҳисобро боз кард. Баъди чаҳор дақиқа Ҷаҳонгир Ҷалилов, нимҳимоятгари “Истиқлол”, ҳисобро баробар намуд.
Маҳмадалӣ Содиқов, капитани “Истиқлол”, дар дақиқаи 59-ум тӯбро ба дарвозаи ҳисориҳо ворид кард ва ба дастааш пирӯзӣ овард.
Федератсиюни футболи Тоҷикистон ба иллати омодагӣ ва ширкати бозигарони дастаи “Истиқлол” дар ҳайати тими миллии кишвар дар бозии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол бо мунтахаби Ҷопон бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон ва бозии даври 32-юмро миёни “Истиқлол” ва “Гвардия” ба мӯҳлати дертар гузоштааст.
Бо тасмими ФФТ бозии мавқуфмондаи ССКА “Помир” ва “Вахш” 4-уми октябр дар варзишгоҳи “Политехникум”-и шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Инчунин бозии даври охирини мусобиқот байни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Шодмон” пешакӣ - 4-уми октябр дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода барпо мегардад.
Рӯзи 9-уми октябр дар даври 32-юм «Регар-ТадАЗ» бо «Хайр», «Энергетик» бо ССКА «Помир», «Хуҷанд» бо «Вахш» рӯбарӯ мешаванд. Бозии «Парвоз» ва «Равшан» 10-уми октябр баргузор хоҳад шуд.
Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот Комил Саидов (ССКА “Помир”) бо 17 гол дар ҷои аввал аст. Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) 16 гол, Фозил Сатторов (“Равшан”) ва Фарҳод Тоҳиров (“Истиқлол”) 15-голӣ задаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:
Ҷой |
Дастаҳо |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т/Т |
И |
1. |
"Регар-ТадАЗ" |
27 |
20 |
3 |
4 |
67-21 |
63 |
2. |
"Равшан" |
27 |
20 |
2 |
5 |
50-23 |
62 |
3. |
“Истиқлол” |
22 |
19 |
1 |
2 |
61-13 |
58 |
4. |
"Хайр" |
27 |
15 |
3 |
9 |
54-27 |
48 |
5. |
“Энергетик” |
27 |
13 |
3 |
11 |
49-42 |
42 |
6. |
ССКА “Помир” |
26 |
13 |
1 |
12 |
48-45 |
40 |
7. |
"Хуҷанд" |
27 |
10 |
4 |
13 |
37-49 |
34 |
8. |
"Вахш" |
26 |
9 |
2 |
15 |
25-32 |
29 |
9. |
“Парвоз” |
27 |
7 |
4 |
16 |
28-52 |
25 |
10. |
“Шодмон” |
30 |
6 |
2 |
22 |
32-75 |
20 |
11. |
"Гвардия" |
29 |
2 |
3 |
24 |
25-95 |
9 |