“Энергетик” ва “Вахш” -- дар даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон

Бозиҳои ҷавобии чаҳорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2011 шоми 30-юми сентябр ба анҷом расиданд ва дастаҳои “Энергетик”-и Душанбе ва “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.
Бозии ду дастаи шаҳри Душанбе – “Энергетик” ва ССКА “Помир” дар варзишгоҳи “Автомобилист” - и пойтахти кишвар бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 2:0 анҷом пазируфт.

Шодибек Ғаффоров дар нимаи аввали дидор ҳисобро боз кард. Голи дуввуми “Энергетик”-ро Габриел Донто, легионери африқоӣ, дар нимаи дуввум ба самар расонд. Бозии аввали ин дастаҳо дар майдони ССКА “Помир” бо ҳисоби 0:0 хотима ёфта буд.

Бозии дигари чаҳорякниҳоӣ дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат миёни дастаи мизбон - “Хайр” ва “Вахш” -и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт. Голҳоро Рустам Хоҷаев ва Мирзобек Мирзоев (ҳарду - “Хайр”) ва Комрони Мирзохон ва Умедҷон Шарифов (ҳарду - “Вахш”) заданд.

Бозии аввали ин дастаҳо дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо ҳисоби мусовии 1:1 ба охир расида буд. Бо назардошти он ки қӯрғонтеппагиҳо дар меҳмонӣ нисбат ба рақибонашон як гол бештар задаанд, онҳо ғолиб дониста шуданд.

Ба ин тартиб дар даври ниманиҳоӣ «Истиқлол»-и Душанбе бо “Энергетик”-и Душанбе ва“Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо “Вахш”-и Қӯрғонтеппа рақобат хоҳанд кард.

Федератсиюни футболи Тоҷикистон ба иллати омодагӣ ва ширкати бозигарони дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвар дар бозии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол бо тими миллии Ҷопон бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистонро ба мӯҳлати дертар гузоштааст.